Ва хамчунин гуем, ки аз мардум часади касиф ошкор аст ва рухи латиф пинхон аст. Ва ин чахони фони пайдост ва он чахони боки пинхон аст. Ва маснуь пайдосту сонеь пинхон аст. Ва бадон аз некон пайдоанд ва некон аз бадон пинхонанд. Пас, хамчунин Китоби Худой ва Шариьати Расул, салла-л-Лоху алайхи ва олихи, пайдост ва маьниву таьвили эшон пинхон аст аз нодонон ва пайдост мар-доноёнро, ки эшон бад-ин аз нодонон чудоанд...