Ҳафтсини Меҳрофарин ва фалсафаи ҳафтсини наврўзӣ
Ба килки омўзгор Меҳрёр Меҳрофарин
Ориёзанон ва ориёмардони тоҷи Каёни иронманиш дуруд ва офаринатон бод!
Меҳрбахтона ин рўзҳо дар остонаи Наврўзи 8574 каёнӣ бо ҳамёрӣ ва ҳамкории ҷаҳони меҳр ва хирад ҳамоно ҷаҳони Меҳрофарин рахшорак ё филми фазонӣ аз арки хаёл то кохи Наврўз хурамона ва шодона ба поён расид, ҳанўз хастагии ин хешкории сангин аз гардаи килк ва андеша нарафта буд, ки меҳрҷўёни тоҷи каён ҳамоно ирониёни пура бар ман меҳрона баҳонаи вичори ҳафтсинро гирифтанд ва хоҳони бознигарии меҳрофаринона ба ин падидаи гаронбаҳои фарҳанги каёнӣ шуданд, аз ин рӯ мо ҳам меҳрмандона нигоҳи меҳрона ба ин ойини меҳрин хоҳем дошт.
Ҳамон гуна, ки бисёре медонед ва ҳамчунин дар ганҷномаи сеюми Меҳрофарин бо номи суруди паҳлавӣ минуӣ ё маснавии маънавии фуруҳар дар соли 2006 хондед шумораи ҳафт аз шуморагони испанто ва варҷованди ниёгони меҳрандеши мо будааст, ки куҳантарин банчаки ин довманди ойини Меҳр модари ҳамаи ойинҳо ва динҳо ва сипас мазоҳиби заминӣ ва осмонӣ аст.
Агар чашми пирӯзӣ ва таассубу бадбиниро бибандем ва чашми меҳру хирадро бикшоем, хоҳем дид, ки ҳеҷ мазҳаб ё беҳдине дар ҷаҳон ёфт намешавад, ки хиштҳои зеринаш аз ойини Меҳр ва сипас ойини Зартушт набошад, ҳарчанд бо шох ва баргҳои осмонӣ ва малакутӣ пушида шуда бошад ва ранг ва равғани номеҳрӣ ва ноиронӣ ба он зада бошанд, аммо чашмони меҳр ва хирадро наметавон фирефт. Ин пешдаромад гуфта шуд, то шуморо ба гулгашт дар яке дигар аз пардисаҳои фарҳанги пураи тоҷи каёни иронӣ бубарем ва аз наздик худ нигоргари каронаи шигифтиҳо бошем
Сухан аз фарзон ё фалсафаи ҳафтсин аз нигаргоҳи Меҳрофарин аст, аммо пеш аз син ба пешванди он мепардозем, хамоно вожаи «ҳафт».
Чаро ҳафт шуморае аст варҷованд? Ҳангоме ки бо биниши меҳр ва хирад ба дуртарин нукта дар саёҳии равшани торих менигарем, сипантоӣ ва тақдиси шумораи ҳафтро мебинем, меҳробаҳои митроии меҳрофарин чашмнавози нигоҳи меҳрхоҳи мо мешавад, чунон ки гуйи шуморгони «ҳафт» андоми ногусастанӣ аз пайкари ойини Меҳр аст, чаро ки бундоди ойини Митро бар «ҳафт меҳрпоя» бино шудаанд:
Меҳрпояи калоғ-пайванд бо Тир ё Уторид.
Меҳрпояи ҳамсар –намоди ситораи Ноҳид ё Зуҳра.
Меҳрпояи сарбоз-пайвад бо Баҳром ё Мирих.
Меҳрпояи шер – пайванд бо Урмузд ё Муштарӣ ё Барҷис.
Меҳрпояи порсо-пайванд бо Моҳ ё Камар.
Меҳрпояи хуршед-пайванд бо Меҳр ё Шамс.
Меҳрпояи пир- муршиди мансуб ба Кайвон ё Зуҳал.
Агар мо ин ҳафт нот: до-ре-ми-фа-со-ля-си-ро алифбои хунё ё мусиқӣ медонем ва боваридаем ҳар овоз ва нағмае бо ин вотҳо ва ҳарфҳо оғоз ва поён мегирад, ба бовари меҳрофарин пайдост, ки ҳафт гоми ойини Меҳрро низ пузанг ё калиди сили ҳамаи дину боварҳо ва мазҳабҳои осмонӣ ва заминӣ бидонем, ин сухани меҳронаи Меҳрофарин оҳанг ва қасди кам шумурдани ҳеҷ дину бовар ва мазҳабе нест, басо омеғи будаманд ё ҳақиқат аст.
Аз ҳафт муғ ом ё магоми мағона то шаш мағоми чағона
Дар мироизм ё ойини Меҳр шумораи ҳафт бисёр варҷованд ва испантову муқаддас буд, ва ба пайравии ин ҳафтгомони Митро ё Меҳр дигар мардум ҳафтро варҷованд доштанд, шаш муг ом ва ё муғ ом (мақом) бо пири муғон ки мешавад «ҳафт мугом» боз нишоне аз сипантоии ҳафт дар ойин ниёгони хирадманди мо ҳамоно меҳр аст, ки имрӯза ҳафт мақом ё мақум хонда мешаванд…, ҳафт ситора ё ҳафт туӣ ё ҳафт табақаи замин, ҳафт пуши осмон, ҳафт дар, ҳафт водии меҳр, ҳафт авранг, ҳафт манзил ё марҳилаи ишқ, ҳафт пилаи оромгоҳи каёзанд шоҳаншоҳ Куруши Ҳахоманишӣ, ҳафт эзади монуиҳо, ҳафт аспи гардонандаи гардунаи хуршед дар реги вудо, ҳафт ранг, ҳафт санг, ҳафт тепа, ҳафт гил, ҳафт ниёишгоҳ, ҳафт тоғча, ҳафт дастгоҳи мусиқӣ, ҳафт ҳезуми чаҳоршанбесурӣ, ҳафт хони Рустам ва Исфандиёр, ҳафт соли ҷустуҷӯи Гев дар Туронистон барои ёфтани сушиёнати Кайхусрав… ва бисёр ва бисёре дигар пайравӣ аз куҳантарин ойини ниёгони меҳрин аст.
Ҳафт муғ ом мақона то шиаи ҳафтимомаи исмоилия ва ҳафт имоми тасаннун.
Волотарин муғ дар муғ ом ё муғоми ҳафтгонаи ойини Меҳр пир ном дошт, ки ба он пири муғон ном гӯянд, дар забони меҳрин ё авастои куҳан пеш аз Зартушт ба муғоне, ки дар остонаи расидан ба пири муғон буданд пуё мегуфтанд. Пуё= муғи донишваре, ки шоистагии «пири муғон» шудан дорад. «Помир» ё пойи мир ё пуёмеҳри меҳро ва миробаҳои (парастишгоҳ) ойини Меҳр аст ва нуктаи дархури нигариш ин аст, ки мардуми Помир пас аз чирагии тозиён дар оғоз барои посдорӣ аз ойини ниёгони худ бо турфанге ва шигарде ҳафт муг ё ҳафт мақоми ойини Меҳрро бо номи шиаи ҳафтимомӣ пос бидоранд. Пойи мириҳо Исмоил фарзанди Имомҷаъфарро имоми ҳафт ё пири муғон ном ниҳоданд. Ин шигард барои ҷилавгирӣ аз нобудии маниши ойини Меҳр буд. Аммо чун ин омўза ҷойе навишта нашуда буд ва ба фарзандон омўхта нашуд шурбахтона мардуми помирӣ бо реша ва чистӣ ва кистии худ буриданд ва чунин пиндоранд, ки аз оғоз то кунун инчунин будаанд, аммо сарони тозӣ аз ин гуна ислом овардани ирониёни помирӣ нохушнуд баданд ва хуб медонистанд танҳо ном алиш шуда аст, аммо мароми помириҳо ҳанӯз меҳрин аст. Аз ин рӯ, тозиҳо ба ин шиаҳои ҳафтимомӣ фирқаи сабиа гуфтанд, на мусалмон. Ва ҳамчунин дар Вахшу Бухорову Суғду Балху Сиистон ва Ҳирот… тоҷикони меҳркеш бо алиш кардани номҳои ҳафт муғоми муғона барои пойдорӣ аз шукуҳ ва сутурги фарҳанги меҳрини ниёгони хеш пири муғонро имоми Аъзам ном ниҳоданд, чунон ки имоми Аъзам, Абу Ҳанифа, имом Шофеӣ, имом Молик, имоми Аҳмад ибни Ҳанбал, имом Юсуф, имом Муҳаммад Боқир ва имом Ҷаъфарро дар ҳафт мугом ё ҳафт мақоми малаккутӣ ғунҷонданд. Дар бисёре аз сунатҳои оғозини исмоилӣ ва ҳанафиҳо, ки посдорони фарҳанги иронии пура ё асил буданд ойини ниёгони хеш ойини маздисто яздисто ҳамоно меҳр ва хирад ё Митро ва Зартушт чашмнавоз аст, варҷовандии шуморгони ҳафти митроӣ пасон ба дигар мардум ва фарҳангҳову сарзаминҳо рафт ва чунин буд, ки наздик ба чандсад сол бахши бузурге аз ҷаҳон дар соясори ойини Митро буданд.
Ҳафт муғоми муғона то ҳафт фариштаи дини яҳуд.
Ҳамчунин мазоҳиби сомӣ низ аз ин бовари ориёӣ бебаҳра намонаданд. Яҳудиён низ барои худ ҳафт фариштаи варҷованд гузиданд: рафойил ё хуршед-ҷабраил ё моҳ-шамойил ё баҳром-микойил ё тир-задкойил ё ноҳид-саптайил ё кайвон-анойил ё зоваш. Дар достони Юсуф, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар Таврот омада аст, Фиръавн дар хоб мебинад, ки ҳафт гови фарбеҳ ҳафт гови лоғарро мехурад. Ё дар киштии Нуҳ аз ҳама ҷонварон ҳафт-ҳафт дар киштӣ меғунҷонад, калимиён шаш рўз кор мекунанд ва рўзи ҳафтумро рўзи осоиш мегузоранд. Дар бовари тарсоён ва масеҳиён ҳафт меҳрпояи ойини Митро ба номҳои дигар тақлид ва пайравӣ мешавад. Чунон ки Руҳ-ал-қудс аз осмони ҳафт хуроке барои Исо фиристод ва онро ҳафт алвони хурокӣ ном ниҳоданд: нон, намак, моҳӣ, тара, сирко, равғанва ангубин ё асал. Дар инҷили юҳно мехонед, ки Юҳно яке аз ҳавориёни Исо дар хаёли худ ҳафт меҳр, ҳафт руҳ ва ҳафт чеҳра дид, ки баррае сар буриданд, ки дорои ҳафт хош ва ҳафт чашм буд ва дар пеши худояшон истодаанд ва ҳафт ҷоми заррин ва ҳафт фаришта, ки ҳафт карно дар дасташон буд дида мешуд.
Варҷовандии шуморгони ҳафт дар бовари мусалмонон.
Дар ойини ҳаҷи муслимин ҳоҷиён бояд ҳафт бор дар гирди Каъба бигарданд, мусалмонон муътақиданд, ки саросари Куръон аз ҳафт мавзўъ сохта шудааст: ваъд, ваъид, ваъз, қасас, амру наҳй ва идаия аст. Тарҷумон ва аслу банчаки ин ҳафт ҷустор дар фарҳанги мо аз ҳазорон сол пеш чунин будааст: муждаи нек, ҳушдор ва огоҳ кардани мардум аз бадиҳо, панд ва андарз (пандҳои Зардушт, Куруш, Дориюш, Монӣ, Нушервон, Бузургмеҳр, дар наскҳои монанди Готҳо, дарахти зарирон, дарахти асурик, Худойнома ё Хатойиномак) достонҳои судманд монанди Ҳазору як шаб, Сафарҳои Синбод, меҳрхонӣ ба корҳои хуб монанди ҷашн, гоҳанбору дастурхон, дурӣ аз кирдор ва сухану гуфтори бад, ростгуӣ ва ниёиш…
Ҳафт муғоми муғона пас аз чирагии тозиён.
Пас аз чирагии тозиён ва муғулон ба сарзамини тоҷдорон ва тоҷи каёнон, сарзамини шаҳриварону шаҳриёрон, фарҳанг, забон, биниш ва фурузаҳои иронӣ яке паси аз дигаре муарраб шуд, бинишмандони хонгоҳро хонқоҳ хонда шуд ва даровешони ҳафт гоми меҳрпояи Митро ҳамоно ҳафт ормоншоҳи аршағ дар биниши меҳринро «ҳафт шаҳри ишќ» ирфони исломї ном ниҳоданд. Шумбахтона ҳирбадон ва каҳбадон аз миён бардошта шуданд ва суфиёнро бар ҷояшон гузиданд ва суфиён ҳам ҷодасофкуни бегонагон шуданд. Бисёре аз арзишҳои зодӣ ва хуй ва маниши ориёиро муарраб ё арабӣ ва исломӣ карданд. Ва ҳирбадони ростин монанди Рўдакву Дақиқӣ, Башор Бурд, Фирдавсиву Ҳаллоҷ, Балхӣ, Масъуди Саъди Салмон, Пури Сино, Пири Нишопур, Аттор ва Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Хоқонӣ, Монии Шерозӣ…-ро такфиру таъзир ва тарду таҳқир карданд. Шаҳри якуми меҳрпуйиро талаб ё толибу талоб хонданд, шаҳри дуюм ашағро ишқ, шаҳри сеюм бинишро маърифат, шаҳри чорум бойигариро истиғно, шаҳри панҷум меҳрхеш ё хешкориро тавҳид хонданд. Ҳусейн Мансури Ҳаллоҷ дар боби шаҳри панҷ аз ҳафт шаҳри меҳрофарини пешин мегўяд:
Якедону якебин шав туро охар ки мегўяд,
Ки гоҳе дар пайи ин бошу гоҳе толиби он шав.
Ин худбоварӣ ва хешкорӣ ошкоро дар бовари эгзистонисёлизм «Жон Пул Сортри фаронсавӣ ва Корл Моркси инглисӣ» ба ошкор чашмнавоз аст.
Шаҳри шашум шаҳри шигифтӣ аст, ки «ҳайрат» хонда мешавад, Пири Нишопур Кайвони Нишопури ё Ҳаким Умари Хайём шаҳри шашум аз ҳафт шаҳри ушоъро ин гуна месарояд:
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор ки маълум нашуд.
Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рўз,
Махлумам шуд ки ҳеҷ маълум нашуд.
Шаҳри ҳафт, ҳафт шаҳри ушоъи митроизм ба худ омадан ё худо омад ба худ оӣ аст, ки дарвешон ва суфиёни тозитарс онро «фано фи Аллоҳ» меноманд.
Фарзон ё фалсафаи ҳафт дар сухани худовандгорони сарвон.
Сухан аз фарзон ё фалсафаи ҳафтсин ва варҷовандиву тақаддусии шумора ё адади ҳафт назди ниёгони тоҷи каёни иронманиш аст. Баҳост, ки ба ин нукта низ нумориш ё ишора кард, ки пас аз чирагии бегонагон ба сарзамини вахшури Ирони Бузург ради пойи ойини Меҳр ба андеша ва равону гуфтори суханварону бинишмандону худовандгорон сухани гушу дил ва чашмнавоз аст, афзун бар падар Рӯдакӣ, устод Дақиқӣ ва каёзанд Фирдавсӣ. Пири Балх ё Мавлавӣ пас аз ошноӣ бо пири муғон офтоби Табрезӣ ё Шамси Табрезӣ чашмони меҳрбинро инчунин менозанд:
Рўи синаро чун синҳо ҳафт об шуӣ аз кинаҳо,
Вонки шароби ушағро паймона шав, паймона шав.
Чунон ки ҳамакнун низ миёни бархе дар Курдистон ва Хатлонистон аз Ҳурмузгон то Лугаристон дар бархе аз мардум барои шустан ва пок кардани ҳар чизи олуда онро ҳафт бор обкаш мекунанд.
Ҳафт дафтари Маснавии Мавлавӣ ё ҳафт дафтари Паҳлавии минуӣ, ки пас додани омӯзаҳои пири худ Офтоби Табрезӣ дар колаби ийҳому ийҳозу истиъора аст.
Ҳафт боби Гулистони пири Шероз Саъдӣ, Ҳафт пайкари пири Ганҷа Низомии Ганҷавӣ, Ҳафт авранги Ҷомӣ, Ҳафт водии мантиқи алтири Атори Нишопурӣ, ҳафт сифате, ки аз Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар Маҳмуалҳакамин барои намоёндани беҳтарин мардум, ки ин фурузаҳоро дошта бошанд: 1) хирадварзӣ, 2) хунармандӣ, 3) гуфтори нек, 4) кирдори нек, 5) андешаи нек, 6) хушхуӣ, 7) донишварии ростин.
Монанди ҳафт ҳисори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, ҳафт банди муҳташами Кошонӣ нишон аз баҳрварӣ ва ҳаноиши бинишмандони каёнӣ пас аз ҳазорон сол аз ниёгони худошиноси хеш аст.
Ҳафт дар бовари зартуштиён низ ба пайравӣ аз ниёгони меҳрини хеш арҷманд аст. Дар ойини Ашуии Зартушт боваридаанд, ки ҳафтсин аз ҳафт сипанто ё ҳафт амшоспанд баргирифта шудааст. 1. Сипантои испандормад, 2. Сипантои ваҳуман ё баҳман, 3. Сипантои урдибиҳишт, 4. Сипантои хурдод, 5. Сипантои умрдод, 6. Сипантои ҳафтум донои бузург ё Аҳуромаздост, ҳамчунин ҳафт оташ ва озар дар ҳафт озар дар Озаристон ҳамвора сипанто буданд: 1) Озаристони озармеҳр, 2) Озаристони озарнуш, 3) Озаристони озарбаҳром, 4) Озаристони озархурдод, 5) Озаристони озарбарзин, 6) Озаристони озаройин, 7) Озаристони озарзартушт.
Ва акнун ҳафтсин, ҳафтсине, ки ҳамакнун дар наврўзгоҳ паҳн мешавад. Суханҳои бисёре перомунаш навишта, гуфта ва шунида шудааст. Бархеҳо онро ҳафтсин мехонанд, бархе пажуҳишгарон онро ҳафтшин меноманд ва бархеи дигар онро ҳафтчин, то ин ҷо ҳамандешӣ пиромуни устувории ҳафт аст, ҳол ҳамон гуна, ки пештар хондед дар бовари зартуштиён ин хон бо ҳафт сизи озин дода мешавад ба меҳрпос ҳафт сипантои амшосипанд дар гоҳрӯзи Наврўз аз карзамон фуруд омаданд ва ин хон ё суфраро ҳафт бор мечинанд, ки ба он ҳафт чини наврўзӣ мегӯянд.
Аммо пас аз чира шудани тозиён бар хоки испантои Ориёбум, чун тозиён вот ё ҳарфи «че» надоштанд, онро син хонданд ва ба ҳафтчин ё ҳафтшин гуфтанд ҳафтсин. Чиниён ки чинро син хонданд ва чокарро шокар, бархеи дигар ҳафтчинро баргирифта аз ҳафт меваи чиданӣ монанди себу гулобиву анору лимуву таранҷу ангуру ҳалв донистанд. Дастаи дигар, ки ба ҳафтшин будани хони наврўзӣ пофишорӣ мекунанд ҳафтшин ба ҷои ҳафтсин бар сари хони наврўзӣ буда ва он ҳафт коло чунин буданд: шаҳду шакар, ширу шароб, шамъу шароб ва шоҳидона. Дар ин боб, ки ин хони наврўзӣ хони тозӣ ва иронӣ аст гумон намеравад, зеро шаҳду шакар ва ширинӣ аз як хонавода ҳастанд ва камбуди вожаҳои шин ағоз аз гуногуниву тануъи хурокиҳо , костаи дуюм ин, ки шамъу шаробу шаҳд вожаҳои тозӣ ҳастанд ва баробари порсии онҳо мешавад майу ангубин ва сипандору.
Дар поён мепардозем ба роиҳтарин суфраи ҳафтсин, ки дар миёни тираҳои гуногуни ориёмеҳан варои марзҳои сиёсӣ ва ҷуғрофиву мазҳабӣ ба гунаи ҳамдилӣ ин расми шукуҳсолори ниёгони фарбади худро меҳрона баргузор мекунанд. Бар хони ҳафтсинҳои бештари мардум ҳафт коло ё савдо мегузоранд бадин гуна: себ, саког ё самоғу сабза, самну, сиру сиркову санҷид. То кунун он чи дар бораи ҳафтсин хондед шояд нигариши шумо ва дигар пажуҳишгарон буд ва бошад, аммо он чи ки Меҳрофарин дар ин росто менигорад ин аст:
Ҳафтсини Меҳрофарин
Зи куҳна бода ва навбова наврӯз,
Каёниву шукуҳу шодӣ омўз.
Мо агар бихоҳем наврӯзро ҷамонаву каёниву тоҷикона барпо дорем:
Бе ангубину бода наврӯзро чи хохӣ?
Хуб агар бихоҳем шаробро ба суфраи ҳафтсин бипазирем, шароб ҳамеша чами май ва бода намедиҳад, ҳар чиз дархури шарби шароб гуфта мешавад, аз дуғ бигир то душоб, чами шароб дар порсӣ нушоба мешавад, на бода. Пас равост, ки боз виростӣ дар суфраи ҳафтсин дошта бошем, нушиданӣ бар хони ҳафтсин сарка аст:
Руд монда дур аз дарё барка гаштааст,
Бодаи ноком дар потил сарка гаштааст.
Пас биёему ба доди бодаи ноком ҳамоно «сарка» чора андешем, зеро сарка на ширин аст ва на мастифазо, агар чошни хурокиҳои дигар нагардад нўшидани он фараҳовар ва гуворо ки нест басо ногувор ҳам аст. Пас руи суфраи ҳафтсини Ирони пурмеҳр ҳаргиз тиҳӣ аз бода мабод. Пас чи будааст ҳафтсин аз тангӣ сини сир хост? Бингарем син ҳам аз тангӣ пешвот ё аз камбуди хурокиҳо ва ё колову савдову абзоре, ки бо син оғоз шаванд дар сари суфраи ҳафтсин нишаста? Вагарна ба гуфтаи худоёгони сухан сир бо ҳамаи фурузаҳои доруияш дар адаби мо ҳамвора мушкзадаву бўи ганд парокан будааст. Чунон ки худойгони сухан Саъдӣ мегўяд: «Чунонки бўи мушк аз ганди сир фуру монад ва навои андалеб аз табли ғоре».
Пас дар ин бора ҳам андеша шоён аст то ҷойгузини шоистатар анҷом пазирем. Дигар сине, ки фароҳам намуданаш дар ҳама ҷо осон нест санҷид аст, ки пас аз сиру сарка савумин хоннишини ҳафтсин аст, ки аз танги қофия воруна ба ҳафтсини наврӯзӣ роҳ ёфта.
Ман бар ин боварам, ки чанд син чамин ё бо маънои дигарро агар ба ин ҳафтсин биафзоем ва чанд сини беҳолро бардорем наврӯзонатар хоҳад шуд. Бадин гуна, ки сипандор ё шамъро соғар ё соғару сипанд ё испандӣ, сарву сархас агар ба ҷои саркаву сиру санҷиду самок ё самоғ бигзорем ҳафтсини мо каёнитар хоҳад шуд. Сипандор (шамъ), сипанд (испанд), согар (соғар), ва сарву савсанро ба ҷойи самок ё самоғ, сабза, себ ва саману.
Сипандор чист?
Сини нахусти ҳафтсини Меҳрофарин сипандор ё шамъ намоди ҳадамон ё ийсор аст.
Сипандор улгуи ҳадамон (ийсор) шумор,
Сари ҳафтсин ин сипанто гузор.
Супурдани дилу ҷон ба ҷонони хеш,
Буд ормони сипандоркеш.
Фурузандагӣ шеваи ӯ буд,
Ба разси сиёҳӣ сусу занад.
Ба поси фуруғандагӣ дар ҷаҳон,
Чикадан ба пойи худ аз ашки ҷон.
Чунин меҳркорӣ зояндагӣ аст,
Чу наврӯз навзоду тобандагӣ аст.
Сипандор шоёну наврӯзӣ аст,
Нишони гузашт аст ва беҳрӯзӣ аст.
Сини дуюми ҳафтсини Меҳрофарин сипанд ё исфанд намоди покӣ ва тақаддус аст.
Сипандори дуюм бар ҳафтсин,
Сипанд аст оре сипанди фарин.
Сипанд охашиҷе (унсур) аст бас пок пок,
Чунин пок раста аст аз чашми хок.
Палидиситез аст ва мушки барин,
Табоҳизудо ҳаст ва меҳрофарин.
Ҳар он кас ки чашми хирад ногушуд,
Кунад чашми бадбин испанддуд.
Тақаддус зи испанд омад падид,
Пас испанд бигузор бар хони ид.
Сини сеюми ҳафтсини Меҳрофарин согар ё соғар намоди ростиву паймондориву риёситезӣ аст.
Се дигар бар ҳафтсини маҳаст,
Гуҳар охшиҷ наку согар аст.
Чунин сир арзандае номвар,
Чунин созе карзамонӣ ҳунар.
Намод ошуиву рав ростӣ аст,
Расоишгари ҳар каму костӣ аст.
Зи согар рамидааст ғули риё,
Зи соғар гурезон найрангҳо.
Агар ҳафтсине зи соғар тиҳӣ аст,
Суруши каёни дар он роҳ нест.
Ба ҳар ҳафтсинин хони паймонпараст,
Ашо бодаву нушгар согар аст.
Сини чаҳоруми ҳафтсини Меҳрофарин себ намоди чеҳраи ошиқ аст.
Сухан омад аз себ бар ҳафтсин,
Аз ин меваи хушгилу бофарин.
Ҳамора чу чењҳра ошиқ бимонад,
Зи сурхиву зардияш афсона ронад.
Ки себ улгуи ҳовари ошиқ аст,
Ҳамастори пирӯзӣ асту шикаст.
Ба рангу ба бӯ мояи ромиш аст,
Ду се мазааш таъми оромиш аст.
Ғубори дилозорӣ аз мо барад,
Чи туршу чи ширин чи сурху чи зард.
Чунин син бизебад сари ҳафтсин,
Ки чора кунад маззаи ангубин.
Сини панҷуми ҳафтсини Меҳрофарин суману ё суманак нишони деҳишу фардиҳиш (дод ва неъмат) аст.
Суманак нишони деҳишмандӣ аст,
Хуроки намодини ҳамвандӣ аст.
Бадин сон, ки бар мардуми мустаманд,
Завораш бибояд ба нируи занд.
Чунин некройи ва фарҳанги меҳр,
Ба ҷо монда аз фарру авранги меҳр.
Ба ҳар бенавое навое равост,
Фаррадеҳаш аз гаш зи фарҳанги мост.
Хуриш пухтану баҳр кардани ягон,
Фаррабахш коре аст аз ориён.
Ба ин меҳркешї ҳазорон дуруд,
Ки дарвозаи додмандӣ гушуд.
Сини шашуми ҳафтсини Меҳрофарин сабза намоди болиш ва расоиш аст.
Зи сабурӣ бигўям ки падар ами аст,
Чу сабзидагӣ худ апар ҳомӣ аст.
Нишоне аст аз шоли сабзони пир,
Хирадовон ҳажбар ва ҳажир.
Чу сабзӣ улгуи руидан аст,
Намоди расоиш ва пуйидан аст.
Аз ин «син» сабзӣ сазовортар,
Сари ҳафтсин ҳаст сине дигар?
Зи Митро ва Зартушт сабзинаранг,
Сипантои гуштаст чун одранг.
Чу наврўз рухсорааш сабз аст,
Шукуфоии инсон ояд ба даст.
Сини ҳафтуми ҳафтсини Меҳрофарин сарв намоди озодагӣ аст.
Чаро сарв бар ҳафтсин оварем?
Гар озодагиро ба ҷон боварем.
Раҳоиш агар баҳри мо пурбаҳост,
Ҳалоиш агар пеши мо каймост.
Биёред андоме аз рўи ноз,
Сари ҳафтсинат ба пос намоз.
Чу сарв улгуи ишқ ва озодӣ аст,
Ва озодагӣ боби ободӣ аст.
Бипарон акнун умеди тазарв,
Ки биншид ин мурғ бар сини сарв.
Дигар сини ҳафтсини Меҳрофарин сарахс намоди ҳунар.
Ба ҳафтум расидам эй номвар,
Ба устура бебадил ҳунар.
Сухан аз сарахс аст ин сабзҷў,
Ҳунарофарин сабзаи пургуҳар.
Ниёгонамон рахсу вашту чамон,
Биёмухтанд аз чунин сабзабар.
Ҳамон дам ки баргашт бахт аз Ирон,
Замоне ки тозӣ бишуд чирагар.
Бишуд рахси мо рақс ва бегона шуд,
Ба тороҷ рафт ин хазонаи зар.
Барои ситоиши рахс ва сарахс,
Ба торих бо чашми дигар нигар.
Суруди ориёмеҳан намоди ориёманди меҳру хирад бар сари ҳафтсин.
Вале њафтсине ки Мењрофарин,
Кунад хонгустар ба рўзи навин.
Фузун бар ҳамон ҳафтсине ки пор,
Шунидед аз хомаи Меҳрёр.
Яке син дигар миёнҷигар аст,
Ту гўи ки худ ҳафтат синитар аст.
Чунин син як наск (китоб) бо син ҳаст,
Суруде аз ориёмеҳан аст.
Буд порсӣ пурра ва ноб ноб,
Вазин банчаки Ориё аст ин китоб.
Ягона чакомаи нағз ва равон,
Ба сонаш наёбӣ карон то карон.
Дар он вожае нест бегонабун,
Чу меҳрофарине аст рой ва сухун.
Гузоред ин син ба пурҳун хон,
Маҳинномае баҳри тоҷи каён.
Меҳрмандатон Меҳрёр Меҳрофарин
Портленд, Наврўзи 8574 каёнӣ, 2574 ҳахоманишӣ, 2015 тарсоӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев