Эй хонумаи миллати Ислом қабо ку? Андар лаби ту замзамаи зикри Худо ку? Он нуру ҷамолу рухи зебои шумо ку? Он ҳусни Худододиву он сидқу сафо ку? Он оину он мазҳабу он дини шумо ку? Он иффату он чодару он шарму ҳаё ку? Аз оҳи саҳар нолаи поки ту куҷо рафт?! Он ҷисми накӯи ту ба гирдоби фано рафт! Дарду ғами номуси ту андар дили мо рафт, Охир ту надонӣ, ки ба мо рафт, чиҳо рафт. Имрӯз, ки бе панду насиҳат шудаӣ ту, Зулфайни сияҳ ҳам ба ҳам андар задаӣ ту. Дар фикри қумошу зару зевар шудаӣ ту, Он расми мусалмониро барҳам задаӣ ту. Имрӯз, ки бе остину бе шарму ҳаёӣ, Бе рӯймолу бе пардаву бе рӯю риёӣ. Ҳарчанд, ки покиза ту худро бинамоӣ, Пас рост бигу, ин гуна охир ту чароӣ?! Эй зан ту гули ғунчаи Исломи азизӣ, Бо шарму ҳаё бош, ки аз аҳли тамизӣ . Хонандаи Қур-он шавӣ, ширину лазизӣ , В-арна, ки намеарзӣ эй зан ба пашизӣ! Хоҳар, ту биё ҳурмати ин дини Худо кун, Аз аҷнабиён гурезу худро ту паноҳ кун. Дар хона нишин, сабр намову ту дуо кун, Тоат ба Худо бинамо, шавҳар ту ризо кун. Ҳар зан, к...ЕщёЭй хонумаи миллати Ислом қабо ку? Андар лаби ту замзамаи зикри Худо ку? Он нуру ҷамолу рухи зебои шумо ку? Он ҳусни Худододиву он сидқу сафо ку? Он оину он мазҳабу он дини шумо ку? Он иффату он чодару он шарму ҳаё ку? Аз оҳи саҳар нолаи поки ту куҷо рафт?! Он ҷисми накӯи ту ба гирдоби фано рафт! Дарду ғами номуси ту андар дили мо рафт, Охир ту надонӣ, ки ба мо рафт, чиҳо рафт. Имрӯз, ки бе панду насиҳат шудаӣ ту, Зулфайни сияҳ ҳам ба ҳам андар задаӣ ту. Дар фикри қумошу зару зевар шудаӣ ту, Он расми мусалмониро барҳам задаӣ ту. Имрӯз, ки бе остину бе шарму ҳаёӣ, Бе рӯймолу бе пардаву бе рӯю риёӣ. Ҳарчанд, ки покиза ту худро бинамоӣ, Пас рост бигу, ин гуна охир ту чароӣ?! Эй зан ту гули ғунчаи Исломи азизӣ, Бо шарму ҳаё бош, ки аз аҳли тамизӣ . Хонандаи Қур-он шавӣ, ширину лазизӣ , В-арна, ки намеарзӣ эй зан ба пашизӣ! Хоҳар, ту биё ҳурмати ин дини Худо кун, Аз аҷнабиён гурезу худро ту паноҳ кун. Дар хона нишин, сабр намову ту дуо кун, Тоат ба Худо бинамо, шавҳар ту ризо кун. Ҳар зан, ки ҳаққи шавҳару АЛЛОҲ адо кард, Дар Ҷаннатул Фирдавс ба худ манзилу ҷо кард. Онгоҳ, ки барпо шавад он Рӯзи Қиёмат, Бинӣ ҳама мардум ба фиғону ба надомат. Баъзе ба азоби Ҳаққу баъзе ба саломат, Пурсанд зи шумо баъди салоту қадду қомат. Он оину он мазҳабу он дини шумо ку?! Он иффату он чодару он шарму ҳаё ку?! Эй зан туӣ гулдастаи гулзори Шариъат, Зеби гулу гулдаста бувад боғи Шариъат.
Комментарии 32