Ҳаркиро номи Худо дар дил ва бар забон нақш бувад, агарчи дар оташу об бошад, айши у бо номи Худо хуш бошад. Азиз, бандае, ки дар дили у шавқи Худо бошад, Бузургвор, бандае, ки дар забони вай зикри Худо бошад. Ҳаркиро дар ин сарой,унси каломи Уст, фардо уро дар Биҳишт, лаззат ва саломи Уст.
Бо номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон ва бо дуруду салом ба Паёмбари маҳбуби уммати ислом
Бародарон ва хоҳарони азиз! Инак мову шумо дар аввали моҳи Зул ҳиҷҷа қарор дорем. Моҳе, ки Худо дар китоби Худ бо даҳ рузи аввали он қасам ёд карда аст. Аллоҳ бар чизе қасам ёд намекунад, магар ҳамон чиз қадр дошта бошад.
Моҳе, ки дар даҳ рузи аавали он амали солиҳ анҷом дода шавад, савобаш дар назди Худо маҳбубтар аз дигар рузҳост. Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: Ҳеҷ амале савобаш бо савоби амале, ки дар даҳ рузи аввали Зулиҳиҷҷа анҷом дода мешавад, баробар нест. Асҳоб пуриданд: Ҳатто ҷиҳод? Ҳазрат дар ҷавоб гуфтанд: Ҳатто ҷиҳод, магар он шахсе, ки бо мол ва ҷонаш дар роҳи Худо ҷиҳод барояд. (Ривояти Бухорӣ).
Инак мову шумо дар моҳе қарор дорем, ки руза гирифтани рузи 9-уми он сабаби омурзида шудани 2 сола гуноҳони сағира мешавад. Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: Умед дорам ба сабаби руза доштани рузи Арафа, Худо гуноҳони як сола пеш ва як сола баъди онро бубахшад. (Ривояти Муслим)
Дар моҳе қарор дорем, ки дар рузи 9-уми он ояи комил шудани дини Ислом бар Паёмбари охири замон нозил шуда аст, Аллоҳ мефармояд: Имруз динатонро барои шумо комил ва неъматамро барои шумо тамом кардам ва Исломро бароятон ба унвони дин писандидам. (сураи Моида ояи 3).
Инак Азизон! Дар моҳе қарор дорем, ки Аллоҳ 10-уми он моҳро, рузи ид ва хурсандӣ барои мову шумо ихтиёр карда аст. Дар ин руз мову шумо амр шудем то намози ид бихонем ва қурбонӣ кунем. Аллоҳ гуфта аст: Пас танҳо барои Парвардигори худ намоз бихон ва қурбонӣ бикун. (сураи Кавсар ояи 2). Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: Имруз иди мо мусалмонҳо аст. (Ривояти Бухорӣ).
Азизон! Ба фарорасии иди саиди Азҳо ҳамаи шумо бародарон ва хоҳаронро табрик ва таҳният гуфта, хоҳони онам, ки Худо барои мову шумо тавфиқи адои амалҳои солеҳро насиб гардонад ва он чи дар ин рузҳои муборак анҷом медиҳем, қабули даргоҳаш намояд ва ҳамеша ва дар ҳар ҷову макон бо ёду зикри Худо бошем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев