(шахзода)
Гам дар дил бех то дар дами дари хона
Гам дар дами дари хонаам бех то дар дами дари замона!
Орзу дар дилам бех чун кухи Оксой
То огуш гушоям ба хафт осмони пурахтари замона!
Кудаки дилам хамеша кудак бод
То кудаки гирёнам овезони сангари замона!
Ман ноз бар лаби гулхои давронам
Орзуям умеди ояндаи софи сахари замона!
Ман на як зани одди, на як фарди маъмулиям
Ки гуйи шона хам кунам аз ар-ари як хари замона!
Ман сахттар аз сангам, ман озодтар аз кабутари сулх
Ман шодобтарин фарзанди модари замона!
Ман оханинам, ман нозанинам. ман гавхаринам
Ман лаъли Бадахшони ангуштари замона!
Ман, манам ва ман тйи, ай худои нухуфта дар ман
Ман бори дигар сар баровардаам аз хокистари замона!
Ман нашканам аз оху, нолаву дарди рузгорон
Ки ман боиродатаринам дар лашкари замона!
Гулноз агар номам, аммо нози худовандам
Нозуктар аз гул, аммо сангам аз чинси мармари замона!
Ман озурдаам харчанд имруз, чун дах соли пеш
Аммо дах соли дигар бини шудаам сарвари замона!
Ман занам, модаре дорам ба сони Гурдофариди Шохнома
Хайф аст агар биларзам аз тундиву шарри замона!
Остинам барзада аст, рухам омода аст, ки ман
Бошам пеши худ, пеши миллат, бонуи бартари замона!
Ман сулхчуям, аммо кабутари нозукниходи сари шох наям
Дар ман равонааст хуни укоби баланд-махзари замона!
Замон дихед ба ман! Маром дихед ба ман, ки рузе
Аз фарози орзуи башар, салом дихам ба сар то сари замона!
20-09-13
Шахзода
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
Таърихаш нотамому нонавишта-т...
Офарин !!! Худ зани оханинй , пуртокату хамчун Гирдофаридй !!! Ду даст боло карда, дуойи некат кунам - чияни модарпарасту миллатпарастам !!! Аз номи Сайрамой ва Рухшонаю Чумабойча ба ту саломи самимй !!!