Ашёву воситањои ѓайритабиї ва муъљизаноке, ки дар баъзе филмњои њунариву хаёлї мебинем, марњила ба марњила дар зиндагии рӯзмарраамон ба воќеият табдил меёбанд.
Ширкати «XTI Aircraft» бо номи «TriFan 600» воситаи наќлиёти парвозие ихтироъ кард, ки њатто рафтан бо он тавассути фазо аз назди дари хона то манзили дилхоњи дигар имконпазир аст.
Њавопаймои хурди «TriFan 600» дорои ду муњаррик бо иқтидори 2600 ќувваи асп мебошад. Тайёра се бодкаш (вентилятор) ва ё чархаи њаракатдињанда дорад, ки метавонад њам ба њолати чархбол ва њам дар сурати њавопаймо парвоз намояд.
Он имкон дорад 6 мусофирро то баландии 9 њазор метр ба фазо барорад. Дар як соат аз рӯйи суръати 643 километр њаракат мекунад. Њавопаймо монанд аст ба воситањои парвозї аз филми «Аватар».
Аз замин монанди чархбол бармехезад ва дар фазо мисоли тайёра роњ меравад. Дар ин њолат бодкашњояш тобхўранда мешаванд.
Барои ихтироъ ва истењсоли чунин њавопаймо муњандис Дэвид Броуди тӯли 10 сол мешавад зањмат мекашад. Њамакнун гурӯњи кории Броуди ният доранд, ки ба истењсоли ин њавопаймо оѓоз намоянд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев