﴿إِنَّ الَّذينَ يَتلونَ كِتابَ اللَّهِ وَأَقامُوا الصَّلاةَ وَأَنفَقوا مِمّا رَزَقناهُم سِرًّا وَعَلانِيَةً يَرجونَ تِجارَةً لَن تَبورَ لِيُوَفِّيَهُم أُجورَهُم وَيَزيدَهُم مِن فَضلِهِ إِنَّهُ غَفورٌ شَكورٌ﴾ [فاطر: ٢٩-٣٠]
"Ҳамоно, касоне, ки Китоби Аллоҳ (ҷ) (Қуръон)-ро тиловат мекунанд, намозашонро барпо медоранд ва аз он чи Мо (Аллоҳ) ба онҳо ризқ додаем, пинҳон ва ошкор садақа мекунанд, (инҳо касонеанд, ки) ба тиҷорате умед бастаанд, ки касод намешавад ва аз байн намеравад. (29) (Аллоҳ (ҷ) ба онҳоро муждаро додааст,) то ба онҳо аҷрашонро комил диҳад ва аз фазлаш ба онҳо илова созад. Бегумон, Ӯ (ниҳоят) бахшандаи шукргузор аст. (30)"
Чаро Аллоҳ Таъоло гуфтааст, ки ин бандагон молашонро дар роҳҳои нек пинҳон ва ошкор сарф мекунанд?
Мақсад ин аст, ки онҳо дар анҷоми амалҳояшон аз риёкорӣ дуранд ва дидану надидани мардум барояшон баробар аст. Ё ишора ба ин нукта аст, ки вақте хавф дошта бошанд, ки агар молашонро ошкор диҳанд, дар қалбашон риёкорӣ ҷой мегирад, онро пинҳон медиҳанд ва вақте қасдашон таълими хайр ба мардум бошад, онро ошкор медиҳанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев