Масъалаи имон дар олами ҳастӣ кори ғайриасосӣ ва дуюмдараҷае нест, ки мо ҳақ дошта бошем аз он ғофил бимонем ё ин масъаларо кам шуморем ва ё онро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорем. Чӣ гуна метавонем чунин кунем, ҳол он ки баҳси имон мавзӯи ба вуҷуди инсон ва оқибати ӯ алоқаманд мебошад?! Балки мавзӯи имон барои инсон аз бузургтарин масъалаҳои тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Инсон аз рӯи муносибаташ бо ин мавзӯъ, ё ба бадбахтӣ ё ба некбахтии абадӣ рӯбарӯ мешавад. Саодати абадӣ ноил гаштан ба биҳишт ва шақовати абадӣ ворид шудан ба дӯзах аст. Пас, ба ҳар шахси соҳибхирад воҷиб аст, ки доир ба ин масъала андеша намояд ва қалбаш бо роҳ ёфтан ба ҳақиқати он ором гирад.
Аз китоби "ИМОН ВА ҲАЁТ"
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев