Иди Қурбон омаду Қурбон кунед
Ҷон фидои ҳазрати Раҳмон кунед
Ҳоҷиён андар тавофи Каъбаанд
Муъминон инҷо шумо эҳсон кунед
Баъд аз моҳи рамазон яке аз
Бофазилаттарин моҳ, моҳи Зулҳиҷҷа аст.
Ки дар ин моҳ иди
азҳо (Қурбон) аст.
Мусалмонон баъд аз иди
Рамазон мунтазири иди
Қурбон ҳастанд. Худованд
мусулмононро дар иди
Рамазон бо рӯзадори ва додани
садақаи фитр имтиҳон мекунад.
Иди Қурбон бо Қурбони
кардан нуронӣ мегардад.
Чи тавре ки Худованд ҳазрати
Иброҳимро бо Қурбони кардани фарзанди азизаш имтиҳон намуд.
Иброҳим (ъ) аз имтиҳони Худо
бо баҳои аъло гузашт.
Худованд дар ивази фарзанди азизаш Исмоъил
(ъ) гусфандеро фиристонид.
Ва пайдоиши иди Қурбон ҳам аз ҳамин ҷост.
Рӯзи иди Қурбон рӯзест, Иброҳим (ъ) қасд
кард ки фарзандашро дар роҳи
Худо Қурбон кунад. Ҳамон рӯз 10-Зулҳиҷҷа
буд ки мо
ҳар сол намози иди Қурбонро хонда
баъд ба Қурбони кардан равона мешавем.
Аммо сад афсус ки имрӯза мусалмонҳо
Қурбониро фаромӯш кардаанд.
Ба ҷои Қурбони
кардан пулу моли худро дар роҳи
шайтон ва дар маъракаҳои хилофи
исломи сарф мекунанд.
Қурбони ба ҳамон мусалмоне
ки дар моҳи рамазон садақаи фитр дода
буданд, дар иди Қурбон Қурбони
кардан бар гарданаш воҷиб аст.
Ҳукми Қурбони кардан дар ояти карима
Дар сураи “КАВСАР” баён гардидааст.
Содда карда гӯем мусалмонҳо се гурӯҳ ҳастанд:
1. Шахсони сарватманд, касоне ки ки ба
уҳдаашон ҳар сол закот ва дар умр як
бор ҳаҷ фарз гардидааст, ва ҳар
сол садакаи фитр ва Қурбони воҷиб аст.
2. Шахсоне, ки молашон бар закот
расидааст аммо зиёд
намешавад. Бар ин гурӯҳ закот ва ҳаҷ фарз нест.
Аммо садакаи фитр ва Қурбони
кардан воҷиб аст.
3. Шахсони камбизоъат , яъне касоне, ки садақахур ҳастанд
бар ӯҳдаашон чизе воҷиб нест.
Аксари мусалмонҳо аз гурӯҳи дуввум ҳастанд,
аммо Қурбониро фаромуш кардаанд.
Дар китоби Риёзунносиҳин дар ҳаққи шахсоне ки
Қурбониро тарк мекунанд чунин омадааст:
“Ҳар касе ки шароити Қурбони кардан
дорад Қурбони намекунад ба намозгоҳ ҳозир нашавад.
То ҳатто ҳавлие ки дар он зиндагони
мекунад дуъо карда мегуфтааст, ки маро аз
Қурбони холи гардониди Худованд
туро аз некиҳо холи гардонад”.
Паёмбар (с) дар фазилати Қурбони чунин
гуфтаанд:
Қурбониро аз молҳои калон кунед зеро ҳамин
моли Қурбони дар пули Сирот маркаб
(савора)-и шумо аст .
Бузургон Ҳам гуфтаанд, ки мо фикр кунем ҳамавақт дар
савора будем
Вақте ки Худованд
моро пайдо кард нӯҳ моҳ шиками модар
бароямон савора буд. Баъд аз таваллуд
шудан оғуши модару падар ва дигарон
бароямон савора буд. Баъд аз бузург шудан чорпоҳо
аспу шутур ва ғайра
ба мисли инзамона мошинҳо
бароямон савора гардид.
Он вакте ки вафот мекунем
тобут бароямон савора то хонаи қабр аст.
Вақт азоне ки дар Қиёмат мехезем боз
саворае даркор аст ки моро аз пули
сирот гузаронад. Савора дар пули сирот ҳамин
моли Қурбони аст.
Дар ривояте ҳаст ки Худованд чаҳор қатраро
дӯст медорад яке аз он қатраи хуни Қурбони ки дар замин мечакад.
Мусалмонони азиз
ҳаракат кунем Қурбони дар як
сол як маротиба аст.
Ҳазрати Иброҳим (ъ) омода
шуданд ки писари азизашонро дар роҳи
Худо Қурбони кунанд, аммо мо мусалмонҳо як
бузакро Қурбони кардан ҳиммат надорем.
Дар баъзе ҷойҳо овозаҳое ҳаст ки
Ҳар касе ки
қурбониро сар кунад бояд ки ҳафт
сол пайдарпай қурбони кунад ҳафтум сол шутурро
қурбони кунад ин овозаҳои дуруғин
аст ки душманони Ислом паҳн кардаанд.
Тибқи шариъат ҳар
сол қуввататон ба як бузро қурбони
кардан мерасад ҳар сол як буз қурбони
мекунед.
Дар ривоят аст ки гушти Қурбониро се ҳисса
карда шавад, аммо муҳим он аст ки
Қурбони карда шавад.
Се ҳисса кардан дар
ихтиёри худи шумо аст.
Баъзеҳо гушти Қурбониро ҳаммаашро садақа мекунанд,
баъзеҳо тақсим накарда худашон
истифода мебаранд ҳар ду сурат ҳам ҷоиз аст.
Моли Қурбони бояд айб надошта бошад.
Аз гов аз ду сола боло, то ҳафт кас метавонанд
як говро Қурбони кунанд.
Аз гусфанд аз 6 моҳа боло, аз буз аз 1 сола боло.
Дар байни мардум
овоза аст ки мурғро ҳам Қурбони куни
мешавад ин сухан хато ҳаст
25 сентябр моҳи Зулҳиҷҷа медарояд.
Руза гирифтан
то намози ид яъне 10 рӯз савоби зиёде дорад.
Ҳар касе 10 рӯз руза гирифта
натавонад хусусан рузи 9- Зулҳиҷҷа
руза бигирад. Зеро рӯзи Арафа хоҷиҳо дар куҳи Арафот меистанд.
Худованд моро тавфиқи рӯзагири ва
Хусусан Қурбони карданро насиб гардонад.
ОМИН ё Раббал ъоламин.
Ман ҳам бандаи гунаҳгор умедвори дуъои шумо ҳастам.
Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1