Барои қисса намудани ин ҳодиса мебояд, ки ба октябри соли 2007 баргардем. Он замон Муҳаббати 21-сола тӯи бодабдаба доир намуда, ба ҷавоне бо номи Шодӣ ба шавҳар баромад. Оилаи ҷавон баъди тӯй ҳамроҳи падару модари Шодӣ дар шаҳри Хучанд зиндагии якҷояро оғоз намуданд. Тӯли се соли зиндагӣ онҳо соҳиби як духтару як писари дӯстрӯ гардиданд. Барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии оила хушдомани Муҳаббат ба шаҳри Душанбе омада, ба тиҷорат машғул гардид. Дар маркази савдои «Панҷшер» кошонаи кирояи либосҳои арӯсӣ кушод. Баъди чанд муддат келину писар низ ба ӯ ҳамроҳ шуданд. Барои овардани молҳои нав хушдомани Муҳаббат ба Украина сафар карда, аз он ҷо куртаҳои арӯсии замонавӣ меовард. Баъди чанде онҳо ба қароре омаданд, ки макони савдояшонро дигар карда, ба марказтари шаҳр кӯчанд. Бад ин тариқ, нуқтаеро дар хиёбони Рӯдакӣ киро карданд. Тиҷорати оилавӣ васеъ шуда, даромади хуберо ба аъзоёни оила меовард. Акнун келини хурдӣ низ ба онҳо ёрӣ мерасонид. Ҳамааш то он замоне хуб буд, ки нотинҷии оилавӣ рух дод. Шодӣ ба қарор омад, ки аз завҷааш ҷудо мешавад. Ҳатто ду кӯдаки хурдакакшон низ пеши роҳи мардро гирифта натавонист. Имрӯз албатта гунаҳкорро пайдо кардан мушкил аст. Муҳаббат бошад, чунин фикр мекард, ки ба бадбахтиву шикасти оилавӣ хушдоманаш саҳми худро гузоштааст. Шодиву модараш бошанд, келинро барои рафтори сабукаш гунаҳкор мекарданд. Дар мурофиаи пешакии судӣ занҳо хар гуна далелу исботҳое барои гунаҳкор кардани якдигар пеш меоварданд, ки аз шунидани онҳо дили кас беҳузур мешуд. Баъди ҷудо шудан низ Муҳаббат тиҷорати худро идома дод. Ӯ пас аз гирифтани маблағи калони қарзӣ ба Украина сафар карда, бор овард ва дар рӯ ба рӯи кошонаи хушдоманаш кошонаи дигареро киро намуд. Акнун аъзои як оила ба рақиб табдил ёфтанд. Акнун мизоҷони якдигарро ба қавле, аз худ намуда, савдои якдигарро мезаданд.
- Вай қасдан писарашро бо ҳар гуна духтарон ба назди ман равон мекунад, то ман рашк намоям, - на як бору ду бор ба ҳамроҳонашон мегуфт Муҳаббат. Агар нафаре пайдо шавад, ки шавҳари собиқамро аз олоти мардиаш маҳрум намояд, ман ба ӯ ба ивази ин кор 2000 доллари амрикоӣ медиҳам, бо қаҳр илова менамуд зани чавон. Баъди чанде қасос гирифтан аз хушдоман ба фикри доимии Муҳаббат табдил ёфт ва ҳатто асоси вокеӣ пайдо намуд. Бадбинии ботинӣ акнун ба душмании рӯирост табдил ёфта буд. Муҳаббат барои нест кардани хушдомани собиқаш одамкуш (киллер) меҷуст ва ваъда медод, ки бар ивази хизматаш ба ин «савобгир» 3000 доллар медиҳад.
Боре ба кошонае, ки Муҳаббат киро менамуд, ҷавони тануманду зебое ворид гардид. Вай ба бонуи кошона (Муҳаббат) таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳатто ваъда дод, ки барои хешдухтараш се куртаи арӯсӣ киро мекунад. Сипас, ӯ бори дуюм пайдо шуд ва ин дафъа
Ҷамшед Муҳаббатро ба вохӯрӣ даъват намуд. Зан розӣ шуд. Онҳо дар қаҳвахоне вохӯрданд ва он ҷо ҷавон иброз намуд, ки зан барояш ниҳоят писанд омадааст ва мехоҳад, ӯро ба занӣ гирад. Муҳаббат ҷавоб дод, ки танҳо баъди он, ки ӯ ба вай дар нест кардани хушдомани собиқаш ёрӣ мерасонад, розигиашро барои никоҳ медиҳад.
Аз рӯи гуфтаи зан хушдоманаш тамоми умри ширини ӯро барбод дода, ҳаёташро сӯзонидааст. Акнун бошад, ба тиҷораташ низ халал мерасонад. Ошиқи нав ба Муҳаббат маслиҳат дод, ки аввал хуб фикр кунад. Хотиррасон намуд, ки ин амалаш ғайриқонунӣ буда, барои он ӯро метавонанд зиндон намоянд. Аммо Муҳаббат аз фикраш гаштанӣ набуд. Баъди ин Чамшед қоил шуд, ки ба олами ҷиноӣ қаробат дошта, он ҷо шиносҳои зиёде низ дорад. Ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик ба ягон натиҷае мерасанд.
Тахминан баъди як-ду рӯз ӯ ба зани ҷавон занг зада хабар дод, ки қотилро ёфтааст. Инчунин пурсид, ки ӯ чӣ қадар маблаг барои иҷрои ин кор доданист?
- 3000 доллар, - ҷавоб дод зан. Нисфи пулро пеш аз кор ва нисфи дигарашро танҳо баъди дидани ягон далелу исботи иҷро шудани кор хоҳам дод, - илова намуд Муҳаббат.
Аз хурсандии зиёд Муҳаббат ба як ҳолати аҷиби рӯҳӣ расида буд. Ӯ Ҷамшедро саросема мекард, ки ҳарчӣ зудтар ӯро бо қотил шинос намояд.
- Номи ӯ Афоня аст ва ӯ аз Маскав ба Душанбе омад, аммо имрӯз ба Қӯрғонтеппа рафт. Он ҷо низ фармоише (заказ) ҳаст. Каме сабр кун, - илова намуд Ҷамшед.
Оқибат рӯзи вохӯрии қотил бо Муҳаббат расид. Ҷои вохӯриро хонаи дуҳуҷрагие дар маҳаллаи 102-юм таъин намуданд.
Ҷамшед ҳамроҳи ҷавони чеҳраи тоҷикӣ дошта омад. Ӯро Афоня ном мебурданд, ки эҳтимол ин тахаллуси ӯ буд. Ҷамшед аз хона берун шуд ва Муҳаббат бо қотил якҷо монд.
Вай ба қотил фаҳмонид, ки хушдоманашро дар куҷо ёфта метавонад ва сипас, акси ӯро низ ба Афоня дароз намуд. Аз рӯи гуфтаи фармоишгар (Муҳаббат) хушдоманаш дар кошона шабро рӯз менамояд.
Якчанд рӯзи дигар дарҳои кошонае, ки хушдомани зан он ҷо ба савдо машгул буд, баста буданд. Муҳаббат аз шиносҳояш пурсон шуд, ки ӯ дар куҷост, вале дар ҷавоб мешунид, ки аллакай якчанд рӯз шуд, хушдоманаш наменамояд. Сипас, Ҷамшед занг зада хабар дод, ки «кор тамом карда шудааст» ва қотил ҳаққи меҳнаташро пурсон аст. Дуюмбора низ онҳо дар ҳамон хонаи дуҳуҷрагӣ вохӯрданд ва Афоня ин дафъа дар даст пакети селофании сиёҳе дошт, ки баъди ворид шудан ба хона, онро ба Муҳаббат дароз кард. Вақте зан ба дохили пакет даст андохт, дар он рӯймол ва куртаи хунолуд ёфт. Бидуни шак рӯймолу курта ба хушдомани собиқаш тааллуқ доштанд. Баъдан муфассал дар бораи ҷараёни иҷрои супориш пурсон шуда, сипас, ӯ ба қотил қабзаи саддолариро дароз намуд. Афоня аз ӯ хоҳиш намуд, ки пулро ҳисоб кунад, то ӯ боварӣ ҳосил кунад, ки маблаги ваъдагӣ пурра инҷост. Зан дар назди ӯ бори дигар пулро ҳисоб карда, ҳар як қогазро якто-якто алоҳида гузоштан гирифт. Ҳамзамон зан пурсид, ки оё ҷасад дар ҷои нағз пинҳон карда шудааст.
- Бале, ӯро аз он ҷо касе намеёбад, - ҷавоб дод қотил.
Ҳангоми пулро гирифтан Афоня боз илова низ намуд, ки то ин дам ҳеҷ вақт барои хизмати худ ин қадар маблағи ночиз нагирифта буд, аммо ба хотири эҳтироми Ҷамшед ба ин маблағ розӣ шуд. Онҳо хайрухуш карданду Афоня ба тарафи дар равона шуд. Дар ҳамин вақт ба хона якчанд нафар даромаданду баъди ҳуҷҷатҳояшонро нишон додан ба Муҳаббат фармуданд, ки бо онҳо равад.
Хоҳиши Муҳаббат барои қасос гирифтан аз хушдоманаш ба он дараҷае буд, ки вай онро аз касе пинҳон намекард ва барои анҷом додани ин кораш ба ҳар нафаре муроҷиат менамуд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар аввал барои аниқ кардани овозаҳо кӯшиш намуданд ва вақте фаҳмиданд, ки зан дар ҳақиқат низ хушдоманашро нобуд карданист, амалиёти дастгир кардани ӯро оғоз намуданд.
Корманди фаврӣ – Ҷамшед худро ҳамчун ошиқи шайдо вонамуд карда, корманди дигар бошад, дар нақши қотил баромад намуд. Тахаллуси ӯро низ аз кинофилми ҳаҷвие гирифтанд. Хушдоманро дар рӯзҳои гузаронидани амалиёт дар як хона пинҳон карданду таъкид намуданд, ки аз он ҷо набарояд. Дар либоси корманди фаврӣ мини-камера пайваст карда шуда буд, ки дар он ҳамаи сӯҳбатҳо бо фармоишгар сабт карда мешуданд.
Баъди дастгир шудан, Муҳаббат ҳама чизро инкор мекард ва мегуфт, ки маҳз Чамшед ба ӯ фикри қатли хушдоманашро талқин намуд. Муҳаббат мегуфт, ки хушдоманаш ӯро аз шавҳараш ҷудо кард, фарзанди калониашро кашида гирифт, мағозаашро оташ заданӣ буд ва ба худи ӯ таҳдид мекард, ки ба рӯяш кислота мерезад. Ва кори кардаи вай ҳамагӣ ҷавоб ба ин таҳдидҳо буд. Хушдоман суханони келини собиқашро инкор намуда мегуфт, ки сабаби хонавайронии келину писараш рафтори сабукфикронаи зан буд. Ба гуфтаи вай, ӯ аз писараш хоҳиш мекард, ки аз занаш ҷудо нашавад, ба ҳар ҳол кӯдакони хурдсол доранд, аммо қарори писараш катъӣ буд.
Шодӣ, ҳамсари собиқи дастгиршуда дар навбати худ гуфт, ки сабаби ҷудо шудани ӯ аз ҳамсараш ҷанҷолҳои доимии вай буданд, ки дар натиҷаи яке аз онҳо ӯ тамоми чизу чораашро ҷамъ карда, аз хона баромада рафт. Тахминан 20 рӯз аз ӯ хабаре набуд ва онҳо барои ёфтани вай ҳатто ба милитсия муроҷиат намуда буданд. Баъдан Муҳаббат худаш пайдо шуд ва ҳатто нафаҳмонид, ки ин қадар вақт дар куҷо буд. Баъди ин Шодӣ барои ҷудошавӣ қарор қабул намуд. Ба телефони ӯ смс-ҳои таҳдидомез меомаданд. Ҳамсари собиқаш ба ӯ таҳдид мекард, ки тамоми оилаашро нест мекунад. Беш аз ҳама, ӯ ба модари Шодӣ қасд доштанашро изҳор менамуд.
Дар мурофиаи судӣ дигар шоҳидон низ баромад карданд. Аз баромади онҳо маълум гардид, ки дар давоми зиндагии оилавӣ байни зану шавҳар ҳамдигарфаҳмӣ набуд, ки дар натиҷа ба чунин анҷом оварда расонид. Ҳарду ҷониб низ ба бадбахтии хеш ҷониби дигариро гунаҳкор менамуд.
Суд баёноти шоҳидон, сабтҳову далелҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба назар гирифта, Муҳаббат Т.-ро ба ҷинояти бо моддаи 32-104 қисми 2 пешбинишуда (қасди куштор) гунаҳкор дониста, ӯро ба муддати 16 сол дар муассисаи режимаш умумӣ аз озодӣ маҳрум намуд. 3000 доллар пуле, ки судшуда ба қотил дода буд, ба буҷаи давлат ворид карда шуданд.
Бахтовар Назаров
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3