Гаҳе ту қаҳрии ману гаҳе ту бо ман оштӣ,
Маро гаҳе ту зинда кардиву гаҳе ту куштӣ...
Гаҳе ба бӯса дар лабам ҳазор лола киштӣ,
Маро гаҳе ту аз биҳишти ишқи худ биҳиштӣ.
Маро на бо ту гилаву маро на бо ту ҳеҷ хашм,
Ки ман муҳаббати туро чашидаам ба оби чашм.
Қасам ба ҳарду дидаам,
Ки ғайри ту надидаам!
Шаби сиёҳи мӯи ман сафед шуд барои ту,
Адо шудам ба ҳар шабе чу моҳ дар ҳавои ту,
Чакида дона-дона ашкҳои ман ба пои ту,
Бубин, баҳо чи додаам ба ишқи бебаҳои ту.
Маро на бо ту гилаву маро на бо ту ҳеҷ хашм,
Ки ман муҳаббати туро чашидаам ба оби чашм.
Қасам ба ҳарду дидаам,
Ки ғайри ту надидаам, надидаам!
. Бозор Собир
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев