Марди фозили соҳибмартабаи тавонгареро падари солхӯрда ба бемории рӯҳи мубтало гашта буд.Ҳар бегоҳ чун писар аз кор бармегашт, падар мегуфт:
-Бачам, ман ин ҷо нафастанг мешавам, маро ба хонаи худамон бар!
Писар "Хуб шудааст,"- мегуфту падарро ба мошинаш савор карда кӯчаҳои шаҳрро давр мезаду ба хонааш оварда мегуфт:
- Ана. Шуморо ба хонаатон овардам.
Падар даст ба дуо мебардошту мегуфт::
-Илоҳо, рӯзи камиро набинӣ, мартабаат баланд гардад.!
Бо мурури замон писар аз сари мансаб рафт,бекор монд мошинашро фурӯхт. Рӯзе падар боз ҳамон хоҳишро кард. Писар ба аробача кӯрпача гузошта падарро шинонду чанде дар кӯча гардонида , ба хона оварду гуфт:
- Мана, падар ба хонаи худатон расидем..
Падар гуфт:
-Ман он ҷо бисёр зиқ мешудам, хонаи худамон чӣ қадар бароҳату хуб аст. Сипас, даст ба дуо барошта гуфт:
-Худо ба умру ҷонат баракат диҳад, подшоҳон аз қофоят гарданд.
Писар даст ба рӯй кашиду ба дил гуфт "дуои шохси маҷнун- дия, вагарна , ман куҷову ,аз паси ман гаштани подшоҳон куҷо?”
Пас аз чанде писар раиси муассисаи бонуфузе таъйин гашт . Ин муассиса дар сохтмони қадамҷои бузурге масъул буд . Ҳангоми баргузории маъракаи ифтитоҳи он маҷмуа роҳбари давлат, вазирону вакилон, роҳбари мамлакатҳои ҳамҷавор иштирок доштанд.
Ҳангоми ифтитоҳ сарвари давлат аз рӯйи эҳтиром он писарро пеш гузарониду дигарҳо аз паси ӯ равон шуданд. Раҳораҳ писарро ашк шашқатор буд.
Пас аз маърака яке аз назикон пурсид:
- Ҳазрат, кушодашавии қадамгоҳи бузургвор Шуморо муттассир кард, ки ин қадар ашкатон рехт?
Писар дар ҷавоб гуфт:
-На. чизи дигар ба ман сахт таъсир кард. Вақте ман қадам мезадаму подшоҳону вазирону кабирон аз пасам меомаданд, дуои қиблагоҳӣ ба хотирам расид, ки гуфта буд. “Илоҳо подшоҳон аз пасат раванд” Мани гумроҳ дар дил тамасхур карда будам. Имрӯз дарк кардам, ки Худованд дуои неки падарро мустаҷоб мегардонидааст, агарчӣ ӯ маҷнун бошад!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев