ХАТО ОМАДАИ БА ДУНЁ...
Занеро шавҳараш аз дунё дар гузашт, зан дар моҳҳои аввали ҳомиладорӣ қарор дошт.
Моҳҳо сипари шуд, зан бо модари худ ва бародари худ зиндагӣ менамуд. Зани бародараш пинҳони ба шавҳари худ дар афтода нахостани хоҳарарус (қайсингул) - ро дар хонадонаш ба миён мегузошт.
Рузе зан бо модари худ ба духтур рафтанд ва духтур гуфт:
- Ба умеде ҳаст, ки духтар ба дунё ояд.
Ҳангоми шабу рузи ба дунё омадани духтари худ, зан ҳисс намуд, ки сари фарзанд меравад.
Пеш аз тавваллуд яке аз бародарони худро ба наздаш хонда гуфт:
- Додарҷон ҳисс мекунам, ки охирон лаҳзаҳоям аст, аз ту як хоҳиши хоҳарона мекунам, пас аз сари ман ягона нишона аз ман ва падарашро ба ту ва баъд ба Худо амонат месупорам коре кун, ки бе модариву бе падариро ҳисс нанамояд. Аз ту хоҳиши ман ҳамин аст...
Бародараш бо чашмони ашколуд гуфт:
- Чунин нагу хоҳарҷон. Ҳамаш хуб мешавад. Бо хости Худо бузургаш месозӣ...
Зан дар воқеъе сари фарзанд рафт...
Пас аз дафн кардани зан. Бародари духтар бо ҳамроҳи модари худ ва ҷиянаш тифли навзод ба хона баргаштанд.
Пас аз чанд саот тифли навзод ба гиря кардан оғоз намуд. Модар ба фарзандаш гуфт:
- Ба занад гуй ба ин тифли маъсум шир диҳад ва мисли модар парастори кунад.
Мард ба назди занаш омад ва гуфт:
- Модарам мегуяд ба ин тифл шир деҳ ва мисли модар нигоҳубинаш намо. Ин ягона нишона аз хоҳарам аст. - тифл беист гиря менамуд.
Зан ҳатто нигоҳ нанамуда гуфт:
- Ин мушкилии ту аст. Ман ба ин тифл модари намекунам пеши дигар бародарод барад занҳои онҳо модари кунад. Ба ман фарзандҳои худам бас аст.
Дар ҳамин асно модари писар аз дари хона даромад. Зан омадани хуштоманашро ҳисс намуда садояшро баландтар намуда гуфт:
- Ман ба ин тифли сархур модари намекунам. Пеши модарҷонад бар ӯ модари кунад.
Мард қаҳраш омад тифлро ба руи ҷойи хоб гузошта хост ба зани худ ҳамла намояд, ки модараш садди роҳи фарзанди худ гардида гуфт:
- Ором шав бачам. Ин тифлро назди дигар бародаронад бар шояд онҳо раҳм кунанд. Аммо писарам ҳеҷ кори хато накунӣ.
Мард тифлро дар оғуши худ гирифт ба назди дигар бародари худ омад...
Хуллас аз се бародар, зани ҳеҷ кадоме рози нашуд то сарпарасти тифлро ба гардан гирад. Занҳо ба гуши шавҳарони худ хонда гуфтанд. Тифлро бибарен шабонгаҳ дар бари модараш гур кунед.
Шаб се бародар пинҳони аз Модар тифлро гирифтанд ба қабристон омаданд. Қабри хоҳари худро боз намуда тифли гирёнро дар оғуши модар ҷой доданд ва қабро дуюмбора пушонида ба хона омаданд.
Субҳи рӯзи дигар марде, ки ҳар субҳ ба саҳро аз дохили қабристон гузар менамуд, ин субҳ ҳангоми гузар ба гушаш садое аз қабре омад. Каме гашти худро суст намуда ба садо гуш дод. Садоро бод гоҳ - гоҳ ба гушаш меовард. Ҳайрон шуд ба худ гуфт "дар ҳақиқат чунин садо ба гушам омада истодааст ва ё девона шудаам". Мард гашташро тез намуд, аммо ҳамоно садо ба гушаш меомад. Мард аввал худ ларзид. Фавран дар ҷои худ нишаста дуои фотиҳа намуд. Боз ба роҳаш идома дод. Дигар садоро ношунида гирифт.
Руз нисф гардид.
Мард дар бозгашти худ низ аз қабристон гузар менамуд. Ҳангоми гузаштан ин борам, садо такрор шуд. Дар қабристон касе набуд. Ҳавво чунон гарме буд, ки ҳатто чир - чиракои қабристон ба хомуши рафта буданд. Мард дар дили худ гуфт: "Эй Худоё ин садои чи бошад. Ба мисли гиря аст." Мард гашти худро тез намуд ва зуд ба хона омад.
Ки духтараш хуроки нисфи рузиро омода карда истода буд. Мард дар зери фикру хаёл ба саломи духтараш аҳмият надода ба хона даромад. Таҳорад намуд намоз гузошт.
Ҳангоми хурдани хуроки нисфирузи духтараш ҳоли парешони падарро дида пурсон шуд. Мард ҳодисаи имрузро қисса намуда гуфт: "Ягон маротиба аз қабристон чунин садоро нашунида будам." Ба духтараш нигоҳ кунон пурсид:
- Шавҳарат имруз барвақттаро аз кор намеояд.
- Не падарҷон.
- Кош барвақтар меомад ба саҳро намерафтаму ҳамроҳи падарад қабристонро меҷустем, ки садо аз кадом қабр аст.
Духтари мард, ки нотарс буд гуфт:
- Биёед падарҷон ҳар ду меравем.
Мард аввал зиддият нишон дод, аммо дар охир рози шуд ба як шарт, ки аз қабр дуртар меистад то натарсад.
Ҳар ду дар даст бел ба қабристон рафтанд.
Вақте ба қабристон расиданд. Ҳаммаҷо ороми буд ҳавво аз ҳад гарм шуда буд.
Гуш намуданд ҳеҷ садое нашуниданд.
Духтар гуфт:
- Падарҷон ороми аст - ку.
Бел дар зери манаҳ мард ба фикр фуру рафта зери лаб гуфт:
- Пас ман субҳ чӣ овозро фаҳмидам. Шояд ҳамсарам маро ба назди худ мехонад.
Бо садои баланд:
- Духтарам ба заҳмат шуда омадем биё ба назди қабри модарад меравем як дуои фотиҳа хонда меравем.
Ҳангоми хондани дуои фотиҳа яке боз ҳаму садо ба гуши мард омад.
Пас аз дуои фотиҳа ба қафои худ, ба духтараш нигоҳ намуд бо кори худ банд аст "ин садо фақат дар гуши ман аст. Ҳолло, агар ба духтарам гуям маро девона мегуяд".
Ногоҳ духтар аз ҷои худ хеста ҳамма гушаву канори қабристонро назар намуда гуфт:
-Падар Шумо ягон садо мешунавед?
- Бале духтарам.... (давом дорад)
http://m.ok.ru/olamiruboi
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1