(Қисса)
Аз қазо марди шарифе ногаҳон,
Ҷон супурду гуфт тарки ин ҷаҳон.
Даррасид фарде ба айёми намоз,
Гуфт: Созам бар ҷаноза эътироз:
Марди мурда ҳаст аз ман қарздор,
З-ин сабаб ин ҷо бигаштам раҳсипор.
Дар нахуст қарзи маро оред зуд,
Пас аз он хонед намозаш бар вуҷуд.
Бишнавед бо гӯши ҷонҳо арзи ман,
Зуд биштобеду оред қарзи ман.
Дар бисоташ дошт ӯ чандин писар,
Ҳар яке буданд марди муътабар.
Ҷаҳли худ нокарда аз мардум ниҳон,
Ҳарфи дил оварда як ҷо бар забон.
Гуфтанд: Моро падар пулдор буд,
Аз куҷо аз чун туе қарздор буд?
Гӯй ту ин хоби худ бар оби ҷӯй,
Рав аз ин ҷою марезон обрӯй.
То ба гӯши мо наояд арзи ту,
Мо нахоҳем дод ҳаргиз қарзи ту.
Дошт чун амволу моли бешумор,
Ӯ набуд аз ҳеҷ фарде қарздор.
Дошт марди мурда зебодухтаре,
Покбозу ростқавл, хушахтаре.
Аз қазия гашт ногаҳ бохабар,
Мечакид аз дидааш хуни ҷигар.
Дошт он чӣ дар бисоташ молу зар,
Ҷамъ кард, омад ба тобути падар:
Гуфт: Эй марди накӯи некном,
Гар падар дорад зи ту қарзи тамом.
Гир аз ман ҷумлаи ин молу зар,
Даргузар, эй дӯст, аз қарзи падар.
Ман намехоҳам падар чун қарздор,
Хуспад андар хок, дар кунҷи мазор.
Гар кам аст орам бароят аз дигар,
Эй накӯмарди мукаррам, молу зар.
Гуфт он марди шарифи бовиқор:
Нест майит ҳеч аз ман қарздор.
Дар сарам савдои хоме доштам,
Ман аз ин некӯй воме доштам.
Пеш ою гир зи ман воми падар,
Духтари озодаи беҳ аз писар.
Вориси арзандааш танҳо туӣ,
Лоиқи таърифию воло туӣ.
Духтари арзандаи дунё туӣ,
Ташнагонро чашмаю дарё туӣ.
Ту ба моҳи чархи гардун ҳамбарӣ,
Гар занӣ, аз мард дорӣ бартарӣ..
Бас занон аз сад писар болотаранд,
Баҳри волидайни худ волотаранд.
Ҳар кӣ занро кам занад, нодон бувад,
Аблаҳу номарду беимон бувад. http://m.ok.ru/olamiruboi
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1