Рузе дустони баланд мансабашро ба боғи худ даъват мекунад. Ва дар боғ айшу ишвате мекунанд. Қози боғбони худро даъват мекунад, ки зиёда аз 10 сол хизмати ӯро мекард ва мегӯяд, ки аз боғи ман ангури аз ҳама хуби ширинбаҳоро биёр. Боғбон хуб мегӯяд ва меравад ва ангуреро меорад, ки он бениҳоят турш буд. Қози мегӯяд ин чи ангури турше, ки ба мо оварди? - Боғбон мегӯяд бахшиш Мавло ман таъми ангури боғи шуморо намедонам, чунки ман аз ангури боғи шумо истеъмол накардаам. Ҳар вақте рағбат ба ангурхури меояд ман аз киссаи худ харида мехурам. Дар ин гуфтор Қози ба ҳайрат омада меҳмонҳои худро фаромуш мекунад. Мегуяд барои чӣ истеъмол накардӣ. Бахшиш Мавлоно шумо ба ман гуфтед боғро нигоҳ кун наин, ки истеъмол кун. Қози ба фикр рафта мегӯяд ман духтаре дорам ман мехоҳам ту онро гири. Боғбон мегӯяд ман камбағал ҳастам барои маҳри духтари шумо ҷизияе надорам. Қози мегӯяд ҳамаашро ман мекунам. Боғбон ба фикр рафта рози мешавад. Ва аз онҳо фарзанде ба дунё меояд, ки номи ӯро Абдуллоҳ мегузоранд. Ва ӯ бо номи Абдуллоҳ ибни Муборак дар тамоми ҷаҳони ислом машҳур аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев