Предыдущая публикация
Булбули шохи гули як чаманем.
Зодаи чашмаи як домани кӯҳ,
Рӯди ҷорӣ суи дашту даманем.
Зоди мо дар раҳи дил дарди дил аст,
Ҳамсафу ҳамқаламу ҳамсуханем.
Пас, биё баҳри ҳам аз кину ҳасад
Доми буҳтону хусумат натанем.
Дар замоне, ки ба Маҳ бояд рафт,
Баҳри ҳамдигарамон чаҳ наканем.
Моли мо, то нарабоянд зи мо,
Пеши гургон саги худ наҳ назанем.
Кӯр созем табаҳкоронро,
Муҳраи гардани аъдо шиканем.
Сар бикӯбем кафандуздонро,
То замоне, ки бурун аз кафанем!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев