Форум дар доираи экспедитсияи васеъмиқёси байналмилалии «Сафар ба қалби Авруосиё»баргузор гардид, ки дар соли таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба ташаббус карда шуд. Форум нишондод, ки минтақа на танҳо фазои (муҳити) транзитӣаст, балки як майдонест барои ҳамкориҳои оянда.
Дар давоми рӯз иштирокчиён доираи васеимавзӯъҳоро - аз инфрасохтори ҷаҳонӣ то амсилаҳоимаҳаллии рушд, баррасӣ намуданд. Диққати махсусба соҳаҳои зерин дода шуд:
- Рушди соҳибкории занон дар кишварҳои ОсиёиМарказӣ ҳамчун омили асосии устуворӣ, суботииҷтимоӣ ва баланд бардоштани ҷолибиятисармоягузорӣ. Иштирокчиён ба зарурати ҷорӣ кардани тадбирҳои дастгирии давлатӣ, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва барномаҳои таълимӣ барои занонтаъкид карданд.
- ҳамкории саноатӣ ва минтақаҳои саноатиирақамӣ. Сухан дар бораи нақши паркҳои саноатиютехнологӣ, минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва кластерҳои саноатӣ ҳамчун воситаи ташаккулизанҷирҳои нави истеҳсолӣ, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани рақобатнокии минтақавӣ рафт.
- Ояндаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи устуворииобу энергетикӣ. Стратегияҳои муштараки истифодаигаз, энергетикаи гидрогенӣ, атомӣ ва гидроэнергетика, инчунин таъсири тағйирёбиииқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳо ба таъминизахираҳои минтақа баррасӣ карда шуданд.
- ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ(Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СҲШ, ИДМ). Механизмҳои ҳамкории байниташкилотӣ, ҳамоҳангсозии ҳуқуқӣ ва нақши минтақа дар ташаккули амсилаи нави ҳамкориҳои Авруосиёмуҳокима карда шуданд.
- Табдилдиҳии логистика ва онлайн-тиҷорат аз долонҳои байналмилалӣ ва марказҳои мултимодалӣто рақамисозии тиҷорат ва роҳ ёфтани брендҳоимаҳаллӣ ба платформаҳои ҷаҳонӣ.
Ҳамаи ин мавзӯъҳо дар сатҳи баланд бо мисолҳо, таҳлилҳо ва пешниҳодҳои мушаххас барои суръатбахшидан ба рушди иқтисодии минтақа баррасӣкарда шуданд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев