Ин марказҳо барои муҳоҷирон ҳамчун макони дарёфти маълумоти зарурӣ дар бораиқонунҳо, анъанаҳо ва қоидаҳои будубош дар Русияхизмат мекунанд. Дар ин марказҳо инчунинмашваратҳо ва лексияҳо барои мутобиқшавиииҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон гузаронида мешаванд.
Барои Тоҷикистон ин махсусан муҳим аст, зеро кишвар аз рӯи теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Федератсияи Русия дар қатори пешсафон қарор дорад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилииРусия, танҳо дар аввали тирамоҳи соли 2024 дар Федератсияи Русия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Аммотеъдоди умумии онҳое, ки дар солҳои гуногун бароикор ба Русия омадаанд, 3 миллион нафар, яъне сеякиаҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Дар марказҳои мутобиқшавӣ муҳоҷирон инчунин ба барномаҳои омӯзиши забони русӣ, аз ҷумла лоиҳаи «Забони русӣ барои зиндагӣ ва кор» дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Ин на танҳоимкони шуғли қонуниро зиёд мекунад, балки бароибеҳтару зудтар ҳамгиро шудан ба ҷомеаи Русиямусоидат мекунад.
Ба шарофати марказҳои нав таъсири миёнаравҳои шубҳанок, ки роҳҳои ғайриқонуниро пешниҳод мекунанд, коҳиш ёфта, сатҳи эътимод ба мақомотҳои давлатӣ боло меравад, инчунин фарҳанги ҳузури (будубоши) қонунӣ ва эҳтиромона дар Федератсияи Русия ташаккул меёбад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев