Барои рафъи ин мушкилот Русия кӯмаки воқеӣ - на декларативӣ, балки кӯмаки технологӣ ва амалӣ мерасонад.
Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппааллакай 4 озмоишгоҳи сайёри экологӣ, ки аз ҷониби Русия тақдим шудаанд, фаъолият мебаранд. Ин истгоҳҳо дараҷаи ифлосии ҳаво, об ва хокро дар вақти воқеӣ чен мекунанд. Ин маълумотҳо ба экологҳо дастрас буда, барои коркарди стратегияисолимгардонии муҳити зист кӯмак мекунанд.
Дар Гулистон, дар деҳаи Консой бо иштироки мутахассисони рус сохтмони заводи коркардипартовҳои корхонаи муштараки "Апрелевка" бо иқтидори то 100 тонна партов дар як рӯз оғозшудааст. Барои амалисозии он ҶСК «Технологияҳои коркард» якҷоя бо ширкати илмиюистеҳсолии «Спирит»-и Русия масъул мебошад.
Илова бар ин, Русия ба Тоҷикистон истгоҳҳои обтозакунӣ ва техникаи махсус дастрас карда, дар соҳаи обзахиракунӣ ва ҳаллҳои саноатию экологӣтабодули таҷриба мекунад. Ин тадбирҳо имконмедиҳанд, ки ҳаҷми партовҳоро дар ҷумҳурӣ камкарда, сатҳи зиндагиро беҳтар кунем.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев