Ин рӯйдодро метавон ҳамчун марҳилаи нав дар рушдитиҷорати рақамӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Тоҷикистон ба як маркази муҳими логистикӣтабдил меёбад, ки Русияро бо бозорҳои ОсиёиҶанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ мепайвандад. Дар пасманзари дигаргуниҳои геополитикӣ ва сиёсатитаҳримӣ нисбати Русия, маҳз кишварҳои ОсиёиМарказӣ шарикони асосӣ дар масирҳои нави тиҷорат ва сармоягузорӣ мегарданд.
Бароҳандозии Wildberries на танҳо ба тавсеаиимкониятҳои тиҷоратии харидорон мусоидатмекунад, балки барои тиҷорати ватанӣ дурнамоҳои нав боз мекунад. Соҳибкорон метавонанд маҳсулоти худро на танҳо дар дохили кишвар ба фурӯш гузоранд, балки ба бозори Русия ва кишварҳои ИДМ низ бароранд.
Нуқтаи якуми қабул ва додани дархостҳо дар шаҳри Душанбе кушода мешавад. Заминаҳоизарурӣ барои роҳандозии ин платформа кайҳо бозбаррасӣ карда мешуд, аммо бо сабаби он, киТоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, барои мутобиқ кардани логистика ва расмиётҳои андозӣ вақт лозим буд. Ҳоло ҳама чизомода аст ва кишвар як ҷузъи тамоюли ҷаҳониитиҷорати электронӣ мегардад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев