Дар ин бора дабири кулли созмон Иманғали Тасмағамбетов хабар дод. Зимни мулоқот дар Маскав ӯ таъкид намуд, киин барнома барои 5 сол тарҳрезӣ шудааст ва чораҳоимушаххасро оид ба таъмини амнияти марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД дар бар мегирад.
Кор дар се марҳила сурат мегирад:
✔ Ташкили чорабиниҳо ва ҳамоҳангсозииамалҳо.
✔ Интиқоли аслиҳа ва техникаи низомӣ бароинерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.
✔ Муҷаҳҳазкунии техникии минтақаи сарҳадӣ.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СПАД зимни мулоқот, ки санаи 29 январ дар Душанбе баргузор гардид, ҷанбаҳои амалисозии ин барномаро баррасӣ намуданд. Сарвари Тоҷикистон муҳим будани иҷроисаривақтии чораҳои ба таҳкими амнияти марзӣ ва минтақавӣ нгаронидашударо таъкид намуд.
СПАД ҳамчунин ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Созмон бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба чолишҳо дар минтақаи масъулияташ ҳамкориро бо сохторҳоибайналмилалӣ тақвият медиҳад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев