Ин ҷоизаи солона 50 нафареро, ки дар рушди ҷомеаи Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд, қадр мекунад. Бори аввал дар таърихи мукофот муаллими рус барандаи ин ҷоиза гардид -муаллими биология ва химияи мактаби миёнаи рақами 20-и шаҳри Душанбе Лилия Яруллина.
Лилия Яруллина аз Уфа панҷ сол боз дар лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» иштирокмекунад. Шогирдони ӯ мунтазам ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ гардида, дар донишгоҳҳои пешрафтаи Русия таҳсил мекунанд. Яруллина ғолибиятро ба шарофати дастгирии шогирдон, падару модарони онҳо ва ҳамкоронаш, ки номзадии уро пешбарӣкарда, ба тарафдории вай фаъолона овоз доданд, ба даст овард.
Ҷоизаи “Top 50” дар Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб баргузор мегардад ва бахшҳои мухталифи фаъолият, аз ҷумла тиҷорат, санъат, расонаҳо ва маорифро дар бар мегирад. Ғолибон тариқи овоздиҳии умумихалқӣ муайян карда мешаванд, ки ин эътироф ва эҳтироми ҷомеа нисбати дастовардҳои онҳоро нишон медиҳад.
Ба муаллими рус додани ин мукофот аз мустаҳкам шудани робитаҳои маърифатии байни Русия ва Тоҷикистон, инчунин аз сатҳи баландисаҳмгузории муаллимони рус дар пешрафти маорифи кишварамон шаҳодат медиҳад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев