Ин аналоги маркази таълимии“Сириус” дар шаҳри Сочи хоҳад буд, ки соли 2014 боташаббуси Владимир Путин ифтитоҳ гардида буд.
«Сириус»-и тоҷик чӣ гуна хоҳад буд, ҳанӯзмаълум нест, вале яқинан ин як такони бузург барои системаи маорифи мо хоҳад гардид. Зеро миқёси “Сириус”-и русӣ ниҳоят таъсирбахш аст: аз замониифтитоҳи ин марказ дар Сочи, аналогҳои он аллакай дар 70 минтақаи Русия таъсис дода шуданд, ғайр азин, дар 210 мактаб барномаҳои аз ҷониби коршиносони маркази “Сириус” таҳияшуда дар раванди таълим ҷорӣ карда шудаанд.
Ҳар моҳ маркази “Сириус” 800 нафар кӯдакони синну солашон аз 10 то 17 соларо аз тамоми минтақаҳои Русия қабул мекунад - ин кӯдаконе, ки дар ҷоддаи санъат, варзиш, фаннҳои дақиққобилияти баланд нишон додаанд ва ё дар самтитехникӣ муваффақ шудаанд. Дар давоми як моҳбарои кӯдакон аз рӯи ихтисосашон машғулиятҳо гузаронида шуда, инчунин дарсҳои маҳорат ва вохӯриҳои эҷодӣ бо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ташкил карда мешавад. Гузашта аз ин, омӯзгорон ва мураббиён низ метавонанд дар ин Марказ аз такмили ихтисос гузаранд. Ҳамзамон соли 2019 Донишгоҳи “Сириус” кушода шуд, ки олимони ҷавон ва соҳибкорони технологиро омода мекунад.
Ба шарофати он, ки Русия таҷрибаи худро оид бабунёди як маркази пешрафтаи таълимӣ дар Тоҷикистон ба кор мебарад, метавон умед ба он баст, ки ҷавонони мо низ барои кашф кардани истеъдоди худ ва эътироф гардидан имконият пайдо мекунанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев