Оре, таъмини манфиатҳои миллӣ, болобарии сатҳи зиндагии мардум, донишандӯзиҳо дарбораи табиат, техника, инсон ва ҷамъият, таъмини амнияти кишвар вазифаҳое ҳастанд, ки дар замони муосир ҳамчун масъала дар назди илму маориф меистанд.
Дар замони муосир, ки рақобат дар ҳама соҳаҳо шадид аст, бе рушди илму маориф ва тадқиқотхои илмӣ баробар шудан бо кишварҳои пешрафта ғайриимкон аст. Таҷрибаи нишон дод, ки ҳатто бо доштани захираҳои бузурги табиӣ, бе рушди илму техника вобастагӣ аз дигарҳо зиёд аст ва иқтисод рақобатпазир нест. Иқтисод, сиёсат, иқтидори ҳарбӣ ва ғайра танҳо дар ҳолати рушди илму техника ва болоравии сатҳи дониши аҳолӣ рақобатпазир мешавад.
Зеро пешрафти ҷомеа ва бақои давлату миллат бидуни рушди соҳаи маориф ғайриимкон буда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани низоми таълиму тарбия омили асосии баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати насли наврас ва умуман ҷомеа мебошад.
Марҳалаи имрӯзаи рушд аз устодону омӯзгорон тақозо дорад, ки шогирдони худро бо донишҳои наву замонавӣ ҳар чӣ бештар ошно намуда, онҳоро тавре ба воя расонанд, ки донишу маърифати андӯхтаи наслҳои навраси имрӯза барои рушду таҳкими минбаъдаи Давлату ҷомеа хизмат намояд.
Чунин талаби замон водор месозад, ки раванди ислоҳоти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вусъат бахшида, пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ мустаҳкам гардонида, ба масъалаи омодасозии мутахассисони баландихтисосу забондон ва ватандӯсту кордон диққати аввалиндараҷа ва доимӣ додад.
Дар ин кори бисёр муҳим, ки ба оянда ва фардои неки Давлату миллат ва ҷомеа нигаронида шудааст, бояд падару модарони муҳтарами мо, аҳли зиё ва тамоми афроди ҷомеа саҳмгузор бошанд, яъне дар баробари таълиму тарбияи мактаб онҳо низ дар раванди тарбияи фарзандон ҳар чӣ бештар ва фаъолона ширкат кунанд.
Дарвоқеъ, ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус устодону омӯзгоронро зарур аст, ки қадру қимат ва аҳамияти Истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин муқаддасоти Ватанро ба шогирдони худ дуруст шарҳ диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ тарбия намоянд.
Бовар дорам, ки наврасону ҷавонони мо, аз ҷумла шогирдони зебои имрӯза, бо шукргузорӣ аз фазои орому ободи Ватан ва шароити муҳайёсохтаи Давлату Ҳукумат дар самти омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунари ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ азму талоши дучанд меварзанд ва дар оянда барои пешрафти кишварамон ҳамчун ватандӯстони воқеӣ ва созандагони асил саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳамчунин, итминон дорам, ки мардуми бофарҳанг ва бонангу номуси Ватанамон ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо ифтихор аз суннату арзишҳои миллиамон дар оянда низ тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ободии сарзамини аҷдодӣ, оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлати соҳибис¬тиқлоли худ ва тарбияи дурусти фарзандон, яъне насли ояндасози Ватан равона месозанд.
Барои рушди босуръати иқтисоди кишвар ва болоравии сатҳи дониш ва зиндагии аҳолӣ, ки бе рушди илм ва навовариҳои илмӣғайриимкон аст, бояд Бунёди (фонди) рушди илму маорифи Тоҷикистон (БРИМТ) таъсис дода шавад. Чунин бунёдҳо дар кишварҳои дигар вуҷуд доранд ва бо маблағгузории тадқиқотҳои илмӣ дар рушди илм ва технология нақши муҳим мебозанд. (Мисол, дар ИМА, NSF (National Science Foundation) ва дар Руссия, РФФИ (Российский фонд фундаментальных исследований)) Хазинаи ин Бунёд аз ҳисоби буҷаи кишвар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, шахсони алоҳида ва ғайра ҷамъоварӣ мешавад.Мудирияти ин Бунёд ҳатман бояд ба уҳдаи олимони ботачриба гузошта шавад.
Дар фарҷоми сухан, ба ҳар яки шумо хонаи обод, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва ба шогирдон хониши хубу аъло ва ахлоқи ҳамида орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед!.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев