Дар мавриди силаи рахм .
Аз Абухурайра ( разияллоху ъанху ) ривоят аст , ки Расули Аллох ( саллалоху ъалайхи ва оли ва салам ) фармуданд: хар касе ба Аллох ва рузи киёмат имон дорад, мехмонаш ро гироми бидорад, ва хар касе ба Аллох ва охират имон дорад бо хешовандонаш иртибот дошта бошад харкасе ба Аллох ва охират имон дорад ё сухани нек бигуяд ё сукут бошад. ( Сахихи Бухори -6138 )
Аз Абуаюб Холид ибни Зайди Ансори ( разияллоху ъанху ) ривоят аст , ки шахсе барои Расули Алллох (саллалоху ъалайхи ва салам ) гуфт : маро ба амале рохнамои кунед , ки сабаби дохил шуданам ба бихишт гардад . ( Касе аз Сахоба ) гуфт : ин чи мегуяд ? ин чи мегуяд? Расули Аллох (саллалоху ъалайхи ва салам ) фармуданд : хочате дорад ( уро бигзоред , хочати худро матрах намояд ва дар чавобаш фармуданд :) Аллох ро ибодат кун ва хеч чиз ро ба Аллох шарик карор мадех, намоз ро бихон, закот ро адо кун, ва силаи рахм ро ба чой биёвар. (Имом Бухори - 1396 )
Абусуфиён ибни Харб ( разияллоху ъанху ) зимни ривоёти тулони аз мочарои мулокоташ бо Херакл (подшохи Рум ) мегуяд: ... Херакл ба ман гуфт : паёми У барои Шумо чист? манзураш Расули Акрам ( саллалоху ъалайхи ва оли ва салам ) буд . Абусуфиён ( разияллоху ъанху ) мегуяд посух додам : мегуяд : Аллохи якто ва ягонаро ибодат ва парастиш кунед, ва ба вахдоният ва ягонагии У имон дошта бошед ва аз аъмол ва акоиди ширк омезе , ки ниёгони Шумо доштаанд даст бардоред .Ва моро ба намоз , рост гуи ва дуруст кори , покдомани , ва силаи рахм амр мекунад. ( Имом Бухори -7 )
(((.... Херакл подшохи императори Рум замоне , ки аз хузури теъдоде аз арабхои Хичоз дар сарзамини худ итилоъ ёфт онхоро даъват кард то дар бораи Расули Аллох (саллалоху ъалайхи ва салам) ва даъвати ишон савол кунад . Аз инру Херакл пурсишхое дар ин бора матрах кард яке аз суолхои Херакл ин буд , ки Паёмбар (саллалоху ъалайхи ва салам ) ба чи фармон медихад? посухи Абусуфиён (разияллоху ъанху ) ин буд ки дар боло овардем . Ин мулокот пас аз сулхи Худайбах итифок афтода аст ин мочаро пеш аз мусалмон шудани Абусуфиён (разияллоху ъанху) буд зеро Абсуфиён (разияллоху ъанху ) дар соли фатхи Макка мусалмон шудабуд. Муфасал ин хадис дар китоби сахих Бухори ( ш,х.-7 ) ба ривояти Аббос (разияллоху ъанху ) аст .)))
Абдуллох ибни Амр ( разияллоху ъанху ) мегуяд: Расули Аллох (саллалоху ълайхи ва оли ва салам) фармуданд: васлкунандаи ростини пайванди хешованди касе нест , ки ба хотири иртиботе ,ки хешовандонаш бо у доранд бо онхо иртибот бар карор мекунад . Балки касе хаст ,ки вакте бо у катъи робита мекунанд у иртиботаш ро бо онхо хифз менамояд. (Имом Бухори -5991)
((( Агар касе ,ки (силаи рахм) нисбат ба вай вочиб аст туро тарк кард ваё хатто ба ту бад рафтори намуд , Ту бояд ( силаи рахм ) ро бо у бар карор сохта ва нисбат ба вай кадри тавони худ неки ва эхсон куни. Пайванди хешованди ба хотири Аллох бошад на ба ин хотир ,ки мардум таъриф кунанд ё иртиботаш ба бандагони Аллох сарфан дар посухи иртибот бошад , ки бо у доранд.)))
Хамсари бо вафои Паёмбар (с ) Оиша модармон (разияллоху ъанху) мегуяд: Расули Аллох (саллалоху ъалайхи ва салам) фармуданд: Рахим ба Арш овезон аст ва мегуяд харкасе пайванди хешованди ро бар карор кунад Аллох уро аз рахмати хеш бахраманд созад ва хар касе маро (яъне пайванди хешованди ро ) катъ кунад Аллох уро аз рахматаш махрум мегардонад. (сахих Бухори - 5978 - сахих Муслим -2555)
Аллохумма салли ъало Мухаммадин ва ъало оли Мухаммадин камо саллайта ъало Иброхима ва ъало оли Иброхима иннака хамидум мачид.
Аллохумма борик ъало Мухаммадин ва аъло оли Мухаммадин камо боракта ъало Иброхима ва ъало оли Иброхима иннака хамидум мачид
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев