Он ҳазрат фармудаанд: Оё Худованд барои шумо чизе надода аст, ки онро садақа кунед? Ҳамоно дар ҳар тасбиҳ гуфтан садақа аст ва ҳар такбир гуфтан садақа аст ва ҳар ҳамд гуфтан садақа аст ва ҳар таҳлил гуфтан садақа аст, амр ба корҳои хуб садақа аст ва наҳе кардан аз корҳои бад садақа аст ва ҳамбистарӣ бо ҳамсар садақа аст, гуфтанд: Ай Паёмбар (с) яке аз мо шаҳвати худро бароварда месозад, дар он аҷр ва савоб аст, он ҳазрат фармуданд: Оё агар онро дар ҳаром биниҳад бар вай гуноҳ нест? Ҳамчунон агар онро дар ҳалол биниҳад барои ӯ аҷру савоб аст.
11- Аз фазоили чор калима инаст, ки касе, ки Қуръонро дуруст хонда наметавонад, агар ин чор калимаро такрор кунад гуё, ки Қуръон хонда бошад.
Аз Абӯдовуд ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: шахсе назди Паёмбар (с) омада гуфт: Ай Расулуллоҳ (с) ман наметавонам Қуръони каримро биёмузам, пас ба ман чизе биёмуз, ки ивази он шавад, Паёмбар (с) фармуданд: Бигӯ Субҳоналлоҳ, Алҳамдулиллоҳ, Ло илоҳа иллаллоҳ, Аллоҳу Акбар, Ло ҳавла вало қувата илло биллоҳ. Марди бодянишин ду дасти худро ҷамъ карда гуфт: ин барои Парвардигори ман аст, пас барои ман чи? Он ҳазрат фармуданд: бигӯ: Бори Худоё! Маро биёмурз ва бар ман раҳм кун ва офиятам деҳ, рузиям ато кун ва ҳидоятам намо, марди бодянишин ин калимотро шунида ҳарду дасташро ҷамъ кард, сипас Паёмбар (с) фармуданд: Ин мард ду дасти худро аз хайр пур кард.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев