🔸 Матни пурсиш:
Аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, яке аз мавонеъи аслии такшили ҳукумати Маҳдӣ алайҳи саломро вуҷуди ҳукуматҳои тоғутии феълӣ медонанд, дар ҳоле ки бештари ин ҳукуматҳо монанди ҳукумати Эрон, на танҳо худро монеъи зуҳур намедонанд, бал худро аз пештозони заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом медонанд ва ҳар коре мекунанд, онро заминасозӣ барои зуҳур медонанд.
Аввал инки чи тавр бояд ба ин ҳукуматҳо фаҳмонд ки дар масири дурусте нестанд ва монеъи аз ташкили ҳукумат барои Маҳдӣ алайҳи салом ҳастанд?!
Дуввум ҳол ки ҳокимони ин ҳукуматҳо намехоҳанд худ канор бираванд, вазифаи мардум ва ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, барои бардоштани ин монеъи бузург чист ва чи коре метавонанд анҷом диҳанд?
🔸 Матни посух:
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
Аввалан заминасонӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом як унвони мубҳам ва сайёл нест, балки маънои мушаххас ва собите дорад ва он ҳамоно даъвати мардум ба итоъат аз Маҳдӣ алайҳи салом ба ҷойи итоъат аз ғайри ӯ ва ташвиқи онон ба эҷод ва ҳифзи ҳукумати ӯ ба ҷойи эҷод ва ҳифзи ҳукумати дигарон аст ва бо ин васф, касе ки акси ин корро анҷом медиҳад, ба ин тартиб ки мардумро ба итоъат аз худ монанди итоъат аз Маҳдӣ алайҳи салом даъват мекунад ва ба эҷоду ҳифзи ҳукумати дигарон ба ҷойи эҷод ва ҳифзи ҳукумати он ҳазрат ташвиқ менамояд, заминасози зуҳури он ҳазрат нест, балки ба рӯшанӣ монеъи зуҳури он ҳазрат аст, агарчи аз фарти беҳаёйи ва авомфиребӣ, худро заминасози зуҳури он ҳазрат бишуморад; ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3572/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев