Хато кардам, маро бахшо, ало эй навниҳоли бахт.
Бибӯсидам ба ҳангоме хато бинвишт бар ман сахт.
Ба оғӯшам агар будӣ, хатои ман буду бахтам.
Маро бахшо, маро бахшо, дилам шуд пораву сад лахт.
Туӣ, эй аз малоик поктар, бар пеши зонуят сарам монда.
Ба ашкам сад хутути кафши поятро ба ғам хонда.
Зи тоқи обрӯи ишқ уфтода ба хоки ғам.
Маро бахшо, ки кардам аз дарам сад нози ту ронда.
Туро рондам на бар ин ҳол, ки болостам аз ту.
Ва ё ки дар ниҳони ишқи ту пайдостам аз ту.
Наярзам бар кафи як мушти хоки пойи бебокат.
Аз ин як умр пеши по-т пурсавдостам аз ту.
Маро бахшо аё фарзонабахти хушгилу хушдил.
Маро бахшо аё эй гулсифат гулғунчаи хушгил.
Гуноҳат нест гар чун парваридӣ нози ишқи ман.
Гуноҳ аз ман буду оташ зи туву бахт нокомил.
(Тӯфони ишқ. 10.01.14.соати 21:31. Хуҷанд)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев