Аз он рӯзе, ки туро дидам, зиндагӣ дар назарам дигаргун гашт, бале, бо пайдоша¬вии ту он рангину ширину гуворо шуд. Ҳатто худро дигаргун дарёфтам, оре, хаёлӣ шуда, дар дунёи пурфасонаи ишқу умеду орзуҳои ширин умр ба сар мебарам. Шояд аз навиштаҳоям, ки дар он оҳанги ишқ, муҳаббат ва дӯстдорӣ аст, дарк кардӣ, ки нисбатат бетаваҷҷӯҳ нестам ва ҳамин гуна ҳам ҳаст.Шояд боварам накунӣ, аммо ин ҳақиқат аст, ки бо дидани ту дигар тамоми вақту соат пеши рӯям симоят ҷилвагар аст, рӯзам бидуни ту тор асту шабам пуразоб. Бале, тамоми шаб бо фикри ту ҳастаму хоб вуҷудамро тарк намуда, ҳеҷ намехоҳам дур аз ту зиндагӣ кунам. Дур будан аз ту баро¬ям зиндони сарду торикро мемонад. Охир, маҳз муҳаббати ту маро ҳар субҳ аз хоби ширин бедор мекунаду роҳсипар месозад ба сӯи таълимгоҳ. Бале, ҳамеша субҳи содиқ аз хоб хеста, дар дил муҳаббати туву дар лаб номат, дар назар чеҳраату дар сар фикрат вориди шаҳраки донишҷӯён мегар¬дам, то туро бинаму илҳом гирам, охир, ту илҳобахшам ҳастӣ, ки дар баробари ин ба ман вақти хушу рӯҳи болида мебахшӣ. Ҳарчанд, ки ту гули рӯи дигареро мехоҳӣ, аммо бо вуҷуди ин, туро дӯст медора¬му мехоҳам ва сабр мекунам ба ишқи беҷавобам. Гарчанде гулдухтарони зебо зиёданд, аммо пеши рӯям танҳо ту астӣ ва зеботаре ба ҷуз ту надидаам. Ту маро мафтун кардаӣ, ай бевафо! Бигзор маро ба оғӯшат нагирӣ, ин лаби ташнаи маро аз бӯсаҳои ошиқонаат сероб нагардонӣ, назаратро ба рӯям наандозӣ, номи маро ба забонат наорӣ, аммо то ҳастӣ, фаромӯш накун маро ва бидон, ки дӯстат медорам. Агар ба муҳаббатам ҷавоби сард диҳӣ, агар онро қабул насозӣ ва агар ба гуф¬торам гӯш ҳам надиҳӣ, чизе намегӯям ва гилламанд нестам, фақат бидон, ки туро мехоҳам, бо тамоми майлу хоҳиш, бо та¬моми ҳастӣ, аз таҳти дил... Шояд хоҳиши гӯш кардан ва ё фаҳмидани дарди дили маро, ки онро даво танҳо туӣ, надошта бошӣ, аммо ман туро гиребонгир нестам, ки маро гӯш куну аз меҳру муҳаббат ва ишқи сӯзонам бохабар шав, на, азизам, танҳо бидон, ки ин нигоҳҳои ман, ин нигоштаҳои ман, ин сӯхтану сохтанҳои ман, танҳо ба сӯи ту ва барои ту ҳастанду мехоҳам ба ин васила аз муҳаббатам огаҳӣ пайдо созӣ, вале... Эй Худои ман, сабрам деҳ, то ба ҷабру ҷафои ёр тобовар шаваму дар роҳи муҳаббат худро бой надиҳам, ҷуръатам деҳ. Мегӯянд, ки мард бояд ҳамеша баҷуръат бошад, ки ҷон дорад ин гуфтаҳо, аммо чӣ кунам, ки ишқ қувваю тавоноӣ ва ҷуръатро аз ман рабурдааст, чӣ кунам, ки дар роҳи муҳаббат рӯҳафтодаам, чӣ кунам? Вақте ишқат беҷавоб мемонад, вақте ту ӯро мехоҳию орзуяшро мекунӣ, аммо вай дигареро, вақте ту мехоҳӣ он нозанинро бибӯсию ӯ аз бӯсаи дигаре ҳаловат мебарад, ин хеле аламовар асту даҳшатанзед. Аммо бо вуҷуди ин ҳама дӯст медорам ӯро ва наметавонам ба осонӣ аз дилам берунаш созаму фаромӯшаш намоям. Азизам, ту моҳи осмонӣ дар шаби торам, ту хуршеди субҳи бароям. Абр шудам, садо шудӣ, шоҳ шудам, гадо шудӣ, шеър шудам, қалам шудӣ, ишқ шудам, ту ғам шудӣ. Боварам кун, ки мисли Маҷнун дар ба дару бесарпаноҳам аз барои ту. Маҳ шудам, абр шудӣ, ашк шудам, нам шудӣ, барф шудам, об шудӣ, қисса шудам, хоб шудӣ. Ба кӣ бигӯям ин дарди диламро? Кӣ ҳам маро метавонад бифаҳмад, кӣ? Девонаи ишқат шудаам, мефаҳмӣ, девона?! Ё шояд рӯзе мерасад, ки ба меҳрам бо муҳаббат ҷавоб мегӯӣ? Шояд рӯзе маро меҷӯӣ? Шояд пайдоям мекунию мо аз гулзори муҳаббат якҷоя гул мечинем? Кош чунин шавад, кош...
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев