Китобе, ки Шумо дар даст доред дар асоси таҷрибаҳо навишта шуда, фикрҳои ман оиди роҳҳаи ба даст овардани муваффақиятҳо гуфта шудаанд. Вай аз донишҳо, додашудаҳое, ки устозҳоям барои ман дода буданд ва ман аз онҳо бисёр чизҳоро омӯҳтаам, иборат мебошанд. Онҳо ба ман фаҳмиши аниқи бисёр ҳа-қиқатҳои муҳимро доданд ва кӯмак карданд, ки ман ҳамаи он душвориҳое, ки дар роҳи пурпечутоби ба даст овардани муваффақият кам набуданд, гузарам. Ман бошам як бачаи оддие будам, ки ду мактаби олиро аз сабаби пулашро дода натаванистан партофта будам, аз санҷишҳои зарурӣ, аз ноумедиҳо, рӯҳафтодагиҳо гузашта будам, ва аҳиста-оҳиста, қадам ба қадам хатогиҳои худамро мефаҳмидам ва аз таҷрибаҳои шахсии худам хулосаҳои даркориро мебаровардам. Доншиҳои ин китоб барои ба худатон бовари пайдо кардан ёрӣ медиҳад, имкониятҳои ба хатогиҳо роҳ надодан ва тезтар ба мақсад расиданро медиҳад. Ман ба устозҳои худам, ки донишҳо ва таҷрибаҳои беандозаи худро бо ман тақсим карданд,миннатдории худамро баён мекунам. Ба Бодо Шеффер, ки ба ман асоси донишҳои молиявиро додааст, ба М.С. Норбеков, ки барои фикр кардан ва фаҳмидани дигарон ва донистани тарафҳои рӯҳии бисёр чизҳои мӯҳими ҳаёт кӯмак кардааст. Инчунин, миннатдорам аз журналист М.Т. Алимбеков, ки барои навиштани ин китоб кӯмаки худро расонидааст ва аз рассом Ҷӯмадилхони Каримбек, ки муаллифи суратҳои зебо мебошад. Ин китоб роҳнамои ҳар як шахсе мешавад, ки роҳи худро ба сӯи муваффақият ва сатҳи баланди зиндагӣ овоз мекунад. Ин ба Шумо кумак мекунад, ки худро бишиносед, фикр кунед, ки Шумо дар ҳақиқат Кӣ ҳастед, кӯмак мекунад, ки ба ҳамаи он чизе, ки боварӣ дошта бошед, ба ҳамааш мерасед ва ҳамаашро ба даст меоред Танҳо дар ҳолатҳои душвор рӯҳафтода набошед. Шумо ягона шахсе нестед, ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мезанед ва ё проблемаҳо пайда мешаванд. Ба одам хусусияти баланд нишон додани проблемҳои худ ва кам карда нишон додани проблемаҳои дигарон зиёд, аст. Ин танҳо ба назари Шумо чунин менамояд, ки проблемаҳои Шумо нисбати дигарон зиёд аст. Ҳамаи одамҳои муваффақ аз ин санҷишҳо гузаштаанд. Бо вуҷуди ин онҳо аз дигарон бо он фарқ мекунанд, ки онҳо ба худашон бовар карда тавонистанд, хатогиҳои худро фаҳмиданд, таҷибаҳои дигаронро исти- фода бурда донишҳои шууриро барои ба муваф- фақият расидан пайдо карданд. На барои муваффақ шудан боварӣ доштанд, чун ки: БОВРӢ БА РӮЗИ ДИГАР – ИН АЛЛАКАЙ НИМИ МУВАФФАҚИЯТ АСТ. Донишҳое, ки ин китоб ба Шумо медифд, ин ҳоло кафолати ташаккулёбии Шумо нест. Чун ки медонистагиҳо бисёранд, аммо истифода- барандгони ин донишҳо – каманд. Чӣ қадар ҷавонони мо ҳастанд, ки маълумоти олӣ гирифтаанд аммо донишҳои худро дар ҳаёт татбиқ карда наметавонанд. Аммо шахси донишманд-он касе нест, ки диплам дорад, Ӯ он шахсест, ки ҳамаи он масаълаҳое, ки дигарон ҳал карда наметавонанд – ҳал мекунад, аз ҳар ҳолатҳое, ки дигарон роҳгум мезананд -мебарояд ва шахсест, ки ба худаш ва ояндааш боварӣ дорад. Шахси донишманд на танҳо дар система кор карда метавонад. балки системаи худро низ сохта метавонад. Муҳим нест, ки дар тиҷорат, аила ё ҳаёт бошад. САИДМУРОД ДАВЛАТОВ Ё ШУМО ДАР ЯГОН СИСГЕМА КОР МЕКУНЕД, Ё СИСТЕМАИ ХУДРО МЕСОЗЕД. Нақша кардани ҳаёти худро ёд бигиред. Касе, ки ояндаашро нақша намекунад, бояд розӣ бошад, ки барои ӯ дигарон нақша хоҳад кард. Муваффақиятро бе нақша кардани он ба даст овардан номумкинаст. АГАР ДОНИ КАМБАҒАЛӢ КОРАД, БАРОМАДИ БОИГАРИРО УМЕДВОР НАБОШЕД. Мо хеле хурсанд мешудем, агар ин китоб ҳаёти Шуморо дигар кунад ва ба зинаҳои нав барорад. Умедворем, ки ханандагон муваффақиятҳои худро бо мо тақсим мекунанд. Барои ҳар як шахс муҳим аст, ки сабабгори муваффақияти дигарон гардад. Хонандаи азиз, ман барои Шумо дуо мекунам, то ки ба ҳамаи мақсадҳоятон бирасед ва ҳамаи орзуҳоятонро дар амал татбиқ кунед. Ба ҳамаи он иштирокчиёни омӯзишҳои ман, ки саҳми худро барои навиштани ин китоб гузоштаанд, миннатдории бепоёни худро баён мекунам. Дар ин китоб ҷамъбасти ҳафтсолаи омӯзишҳои он бахшҳо аст. Бисёре аз иштирокчиён ин донишҳоро гирифта, дуруст истифода бурданд ва ба муваффақиятҳо расиданд. Устозҳои асосии ман – ин шунавандаҳои мананд, чунки омӯзиш ин равиши дутарафа мебошад. Ҳар як шахсе, ки ман дар ҳаётам вохӯрдам устози ман аст, чун ки Ӯ як ҳиссачаи таҷрибаи худро бо ман тақсим кард. Ман аз онҳо хеле миннатдорам. Роҳи сафед, хонандаи азиз! Бигзор, ин китоб ба Шумо барои ба даст овардани боигарӣ ва муваффақият, хушбахтии оилавӣ ва некӯаҳволӣ кӯмак кунад. Бо камоли эҳтиром, Саидмурод Давлатов. Мутарҷим: Соҷида Шамсиева Муҳарир: Суҳайли Сангинмурод
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 12
Дар ин китоб чи гуна кор кардани маблаг ва чи гуна бисёр карданаш ва боз дигару дигар масъалахоро навишта шудааст ки ба хар як шахс даркори аст. Тел :926247574. Метавонед дар личка нависед.