Даннинг)
МУҚАДДИМА
Пеш аз он, ки хондани ин китобро оғоз кунед, бикӯшед то як чанд лаҳза тамоми ташвишҳои зиндагиро фаромӯш кунед ва худро барои ҷиддӣ хондан омода созед. Ва сараввал ба худ савол диҳед, ки Шумо дар ҳақиқат мехоҳед шахси сарватманд шавед? Агар Шумо танҳо барои даромади зиёд гирифтан ин китобро хондан хоҳед - пас ин китоб барои Шумо нест. Лекин, агар Шумо орзуҳои бузург дошта бошед агар Шумо аниқ донед, ки барои чӣ кӯшиш мекунед, агар Шумо дидаю дониста тасмиматонро гирифтед ва худатонро барои бой шудан арзанда ҳисобидед пас ба Шумо Роҳи Сафед! Ман бисёр вақт одамҳоеро вомехӯрдам, ки мегуфтанд: «Бой шудан мехоҳанд» ва ҳатта онҳоеро, ки мегуфтанд: «Аллакай бой шудаанд». Баъзан одамҳоеро вомехӯрдам, ки чунин меҳисобиданд, ба онҳо пули бисёр лозим нест, чун ки – на ин муҳим аст. Ва боз Ҳастанд одамҳое, ки мегуфтанд: «Агар ман меҳостам, аллакай бой мешудам». Лекин кам одамҳоеро вохӯрдам, ки дар ҳақиқат барои бой шудан тайёр бошанд. Баъд аз хондани ин китоб барои Шумо ду интихоб ҳаст: Якум – тасмим бигиред ва амал бикунед. Дуюм –ягон кор накунед ва он тавре, ки буд ҳамон тавр гузоред. Ҳатто бо хондани ин китоб Шумо ҳатман бой намешавед. Аммо ба фикри ман, Шумо худро намебахшед, агар ин донишҳои гирифтаатонро истифода наоаред. АГАР ИНСОН НАДОНАД ВА НАКУНАД – ИН ЯКЕСТ, ВАЛЕ АГАР ДОНАД ВА НАКУНАД - ИН ТАМОМАН ДИГАР АСТ. Сараввал кушиш кунед, ки ба саволи - «Одами бой кист?» ҷавоб гӯед. Чӣ қадар ҷавобҳо пайдо мешаванд: мақсаднок, ҳалкунанда, хоҳшиманде, ки пули бисёр дорад ё маҳорати пулкоркунӣ дорад. Аммо ин аст ҷавоби асосӣ, ки Шумо бояд дар хотир дошта бошед: ОДАМИ БОЙ – ИН ОДАМЕСТ, КИ ПУЛ БАРОИ Ӯ КОР МЕКУНАД НА ВАЙ БАРОИ ПУЛ. Ин муайянкуниро бояд фаҳмид, қабул кард ва дар хотир нигоҳ дошт. Акнун биёед кӯшиш мекунем, ки нақши ҳаёти одами бойро тасаввур кунем. Ё беҳтараш кӯшиш мекунем, ки худро одами бой тасаввур кунем ва ба ин савол ҷавоб диҳем: Ман чӣ кор мекардам, агар пули бисёр медоштам? Барои он ки тасаввуротҳои Шумо хатҳои реалӣ пайдо кунанд, бояд як варақро бигирему дар 8 дақиқа ҳамаи хоҳишҳоятонро, ки Шумо мехостед амалӣ шаванд нависем, агар Шумо бой бошед. Тасаввур кунед, Шумо чунон пули бисёр доред, ки миқдораш аллакай бароятон маъно надорад. Бояд дам нагарифта нависед, хоҳишмандона ручкаро аз варақ нагарифта, ҳамаашро ботартиб нависед. Лаҳзае фаро мерасад, ки Шумо аз навиштан боз меистед ва дам мегиред, – ин маънои онро дорад, ки Шумо он чизҳоеро навиштед, ки барои Шумо дар айни ҳол намерасанд. Аммо инҳо орзу не, мақсад ҳам не, инҳо танҳо нарасидани чизест бароятон. Ва танҳо пас аз таваққуф Шумо ба навиштани мақсадҳои асосие, ки Шумо мехостед бирасед, оғоз мекунед. Он вақт орзуҳо хатҳои реалӣ пайдо мекунанд. Дар ин вақт сарҷамъиро фаромуш накунед. Худро одами муваффақ ва хушбахт ҳис кунед. Ва бинависед. Навиштанро, ки тамом кардед шуморед, ки чанд саҳифа шуд. Як, ду, се? Шахсан ман дувоздаҳ саҳифа навиштам. Ва устози ман гуфт, ки маро омӯзиш додан намехоҳад, чун ки ман орзу надоштаам. Ҳол он, ки ман чунин меҳисобидам, ки хеле бисёр навиштам. Акнун кӯшиш кунед, ки дар ҷои оромӣ, саросема нашуда ва чуқур фикр карда нависед. Вақте ки Шумо фикрронӣ ва ақлронӣ мекунед – ин мисли сайёҳат ба ҷангал аст. Як маротиба меравед – ва Шумо ягон пай намегузоред. Баъд аз ду – се маротиба рафтан – пайҳо намоён мешаванд, бо вуҷуди ин онҳо бо гузашти вақт тоза «МӮРЧА ҶИСМАН ХУРД АСТ, ЛЕКИН КОРҲОИ КАЛОН МЕКУНАД» мешаванд. Бақте ки даҳ маротиба мегузаред – пайроҳа пайдо мешавад. Он чизе, ки Шумо ҳоло фикрронӣ ва тасаввур мекунед – ин фақат қадамҳои аввалин аст. Шумо танҳо сохтани пайроҳаро ба сӯи бойгарӣ оғоз мекунед. Ҳамаи инро аз ҷиҳати илмӣ фаҳмонидан мумкин аст. Майнаи сари мо аз 36 миллиард нейрон иборат аст. Ҳар як нейрон ба як амали муайян ё фаҳмиш ҷавоб медиҳад. Агар Шумо калимаи «хона»-ро шунавед, хонаи худатонро тасаввур мекунед. Агар «хонаи сурх» хонед, маҳз хонаи сурхро тасаввур мекунед. Дар тасаввуроти Шумо ин мумкин хона аз хиштҳои сурх бошад. Дар ин ҳолат нейроне, ки барои калимаи «сурх» ҷавоб медиҳад, бо нейроне, ки барои калимаи «хона» ҷавоб медиҳад, пайваст мешавад. Агар Шумо ин пайвастшавиро бисёр такрор кунед, пайвастшавии устувори (трафарет) нейронҳо сохта мешавад. Бори дигар, ҳатто бо шунидани каламаи хона, Шумо маҳз хонаи сурхро тасаввур мекунед. Тахминан ҳамин тавр чорчӯбаҳои (стереотипҳои) рафтор ва методҳои стандартии фикрронӣ сохта мешаванд. Бинобар ҳамин агар Шумо худро одами сарватманд тасаввур кунед, мисли одами сарватманд суханронӣ кунед, мисли одами сарватманд рафтор кунед, он вақт оҳиста-оҳис мисли одами сарватманд фикр карданро оғоз мекунед. Ва ин хеле муҳим аст. Барои он ки дар онҳо намуди махсуси фаҳмиш мавҷуд аст. Ва ҳатто ҳангоми пули бисёр доштан онҳо корро бас намекунанд. Бале одами камбағал мегӯяд: «Ман ҳамин қадар монда шудам, ҳамин қадар монда шудам! Агар пул медоштам, ҳатман истироҳат мекардам». Лекин: АЗ ОДАМИ БОЙ ТАМОМИ БОИГАРӢ ВА ҲАМАИ ПУЛҲОЯШРО БИГИРЕД – БАЪД АЗ НИМ СОЛ Ӯ БОЗ БОЙ МЕШАВАД АММО АГАР БА ОДАМИ КАМБАҒАЛ ПУЛИ БИСЁР ДИҲЕД - БАЪД АЗ НИМ СОЛ ҲАМААШРО САРФ МЕКУНАД ВА БОЗ КАМБАҒАЛ МЕШАВАД. Ин ҳаминро мефаҳмонад, ки камбағалӣ ё бойгарӣ –ин ҳолати дохилӣ, образи фикрронӣ ва образи ҳаёт мебошад. Бисёриҳо мегӯянд: «Ман идеяҳои бисёр дорам, лекин пул надорам. Агар ман пул медоштам, ман бисёр корҳоро мекардам. Ва пул, ки нест ман беқудратам. Ман хеле доноям, хеле пуристеъдодам, қариб ки Худодод. Аммо бе пул ҳеҷ кор карда наметавонам». Вақте ки ба онҳо мегӯед, ки: «Ту амал кун, коре бикун, баъд пул пайдо мешавад». Онҳо ҷавоб медиҳанд: «Бе сармояи аввал чӣ кор кардан мумкин, ту аввал ба ман пул деҳ, баъд ман амал мекунам, бе онҳо имконнопазир аст. То он даме, ки онҳо бо ман нестанд, дар бораи сохтани тиҷорати худ ҳатто орзу кардан ҳам намеарзад». Ӯ бар чунин ақидаи худ устувор аст: "- Барои ов ки коре бикунӣ ва ба чизе бирасӣ, пул лозим аст ва он ҳам кам набошад". Аммо таҷрибаи одамҳои муваффақ дар як вақт баръакси онро нишон медиҳад. Бо истифода бурдани донишҳое, ки Шумо мегиред, бо омӯхтани ҳаёт ва муваффақиятҳои одамонм муваффақ, роҳбарӣ бо қоида ва равишҳое (принсип), ки онҳо кор карда баромадаанд, Шумо метанонед дар 2-3 моҳ даромади ҳозираи худро то 30-70% зиёд памоед. Шумо агар ин китобро хонед маҳз ҳамин донишҳоро метавонед гиред. Охир ба мо нисбати гузаштагонамон бештар омад кардааст. Ҳеҷ вақт нисбати имрӯза ин тавр осон бой шудан ва ҳеҷ гоҳ ин тавр осон озод будан мумкин набуд. Магар дар дунё пул кам аст, муҳаббат кам аст, хушбахтӣ кам аст, муваффақият кам аст? Асосаш - доштани маҳорати гирифтани онҳо аст. Мумкин бо хондани ин китоб, Шумо он чизҳоеро мефаҳмед, ки бо хулосаҳои Шумо муқобилият кунанд. Аммо Шумо бояд барои омӯзиш, фаҳмиш, қабули мусбат омода бошед агар дар ҳақиқат хоҳед, ки ба мақсадҳоятон бирасед ва орзуҳои худро амалӣ созед.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5