Тақдири худро худат роҳбарӣ кун, вагарна каси дигр бо он машғул мешавад. (Ноел Тичи) Сараввал бояд идора кардани пули камро ёд бигиред, то он даме, ки идоракунии пули камро ёд нагиред, пули зиёдро идора карда наметавонед. Мувофиқи омор аз ҳар як сад нафар шонздаҳ нафар сарватманд мешаванд, аммо танҳо як нафар метавонад бойгарии худро то охири ҳаёт нигоҳ дорад. Ва маҳз ӯ одами бой ба ҳисоб меравад. ПУЛ КОР КАРДАН ОСОН АСТ, НИСБАТ БА НИГОҲ ДОШТАНИ ОН. Касе, ки бисёр сарватманд шудан мехоҳад, бояд ин қоидаи асосиро дар хотир нигоҳ дорад: ИМКОНИЯТҲОИ ХУДРО АЗ ПУЛ БОЛО ГУЗОРЕД - ОН ВАҚТ ПУЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД ВА БАРОИ ШУМО ХИЗМАТ МЕКУНАД АГАР ШУМО ИМКОНИЯТҲОИ ХУДРО АЗ ПУЛ ПОЁН ГУЗОРЕД – ОН ВАҚТ ПУЛ МУАЙЯН МЕКУНАД, КИ ШУМО ЧӢ ХУРЕД ЧӢ ПӮШЕД, БА КУҶО БАРОИ ИСТИРОҲАТ РАВЕД, ЧӢ БАРОИ НАЗДИКОН ТӮҲФА КУНЕД. ИМКОНИЯТҲОИ ХУДРО АЗ ПУЛ БОЛО ГУЗОРЕД, ТО КИ ШУМО ХУДАТОН СИФАТИ ҲАЁТИ ХУДАТОНРО МУАЙЯН СОЗЕД. Ин қоидаро якчанд маротиба хонед ва оиди он фикр кунед. Инро бояд аз худ кард ва тез-тез такрор кард. Шумо кори худро дӯст медоред? Аммо барои он, ки ба чизе бирасед, дӯст доштан кам аст. Эҳсосот лозим аст. Ба эҳсосот хафашавӣ, зиқӣ, ва ҳатто дард кашидан хос аст, агар ким чӣ, ё чизе ҳам нашавад. Барои орзуҳои худ ба эҳсосот тамоман дода шудан, хос мебошад. На ин ки қисман, балки пурра. Ҳастанд инсонҳое, ки танҳо барои зарурат кор мекунанд. Онҳо дар вақташ ба кор меоянд, дар вақташ аз кор мераванд, ӯҳдадориҳои худро хуб иҷро мекунанд, лекин нисбати кор ягон хел ҳиссиёт надоранд. Ба онҳо муҳим аст, ки дар раванд (протсес) бошанд. Ин гуна одамон орзу карданро ҳам бас мекунанд. Ва дар ҳисоби охир ба чизе намерасанд. Агар Шумо хоҳед, ки сарватманд шавед, ҳеҷ гоҳ одами дар раванд буда набошед. «МӮРЧА БУЗУРГ НЕСТ, АММО КӮҲҲРО МЕКАНАД» МУВАФФАҚИЯТРО ТАНҲО ОДОМОНЕ БА ДАСТ МЕОРАНД, КИ АЗ ДОХИЛИ ҲАМАИ ДУШВОРИҲО ВА МОНЕЪАҲО, НАТИҶАИ ОХИРОНРО МЕБИНАНД ВА ДАР ЯК ВАҚТ ОРЗУҲОИ АВВАЛИНИ ҲУДРО ФАРОМӮШ НАМЕСОЗАНД. Ягон кас барои некӯаҳволии Шумо ӯҳададорӣ ҳис намекунад – на мамлакат, на давлат ва на қонунҳо. Ҳеҷ кас ғайр аз худи Шумо. Барои он ки ба мақсадҳои гузоштаи худ бирасем, барои мо дигар раванди фикрронӣ, дигар ҷаҳонбинӣ, дигар таҷриба, дигар қолаби (трафарети) фикрронӣ лозим аст. 98%-и атрофиёни мо бо стереотипҳои кӯҳна ва кӯҳнашуда фикрронӣ мекунанд. Инҳо наздикони мо, дӯстон, шиносҳои моянд. Ҳама тахминан чунин мегӯянд: "Агар пул мебуд ман кори худро сар мекардам, аммо пул, ки нест ҳеҷ кор карда намешавад". Аммо ҳақиқат дар фаҳмиши қоидаи баналист: БАРОИ ОН КИ БОЙ ШУД, БОЯД АМАЛ КАРД; БАРОИ ОН КИ ОРЗУИ ХУДРО ДАР ҲАЁТ ТАТБИҚ КАРД, ХАЗИНАИ НАВИ ДОНИШҲОРО ПАЙДО КАРДАН ЗАРУР АСТ. Худро пурсед - одамон аввал бой мешаванд ва баъд доно ё аввал доно ва танҳо баъд бой? Албатта, аввал доно баъд бой. Барои ҳамин, донишҳое, ки одамони сарватманд ва муваффақ тақсим мекунанд, пайдо кунед, аз онҳо омӯзед ва ҳатман муносибати пурэҳсоси худро нисбати орзуи худ, кори худ ва худатон ташакул диҳед. Ва амал кунед. АГАР ХОҲЕД, КИ БОЙ ШАВЕД, ҲЕҶ ГОҲ ОДАМИ ДАР ПРОТСЕСС БУДА НАБОШЕД – ОДАМИ НАТИҶАОВАРАНДА БОШЕД.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
КЛАСС хамааш дурустай!!!!!!!!!!!!!!!!!!