Бо маънои маҷозӣ ин метавонад доираи молиявиву олами пул бошад. Ба Шуморо танҳо донистани идоракунии пул метавонад наҷот диҳад. Барои ин зарур аст, ки принсипҳои муносибат бо пул, қонунҳое, ки дар доираи молиявӣ амал мекунанд, донист. Маҳз ҳамин донишҳоро ман мехоҳам ба Шумо диҳам. Дар навбати аввал якчанд қоидаҳои одамони бойро, ки истифода бурдани он дар ҳаёти худ зарур аст, дар хотир доред: Мақсад – ин чизест, ки Шуморо маҷбур месозад, ки амал кунед ва бо тамоми эҳсосот пурра гардид, на ин ки доштани идея ва чизҳои хурд аст. Пулҳо - худро тарзе рафтор ва идора мекунанд, ки одамон мекунанд. Бо онҳо хуб муомила кунед, онҳора тела надиҳад ва онҳо худашон ба назди Шумо меоянд ва бо Шумо мемонанд. Он касе, ки ояндаашро нақша намекунад, бояд бо он розӣ бошад, ки барои ӯ дигарон нақша хоҳанд кард. Ҳар чизе ки мо дорем, вобаста аст аз он коре, ки мо мекунем. Ин қоидаҳоро дар хотир нигоҳ доред. Хона, мошин, ҳавлӣ – ин мақсад нест. Баъдтар мо боз ин ҷо бармегардем. Барои чӣ мо дар бораи пул ва дар бораи боигарӣ гап мезанем? Ҳавзро бо тимсоҳҳояш, дар хотир нигоҳ доред. Мо бояд идора кардани пулҳоро омӯзем. Фарқ надорад пулҳои кам ё зиёд. Шумо касе, ки набошед ҳатто агар мулло – ба Шумо лозим меояд, ки дар бораи пул фикр кунед. ПУЛ – ДАР ҲАЁТ ЧИЗИ АСОСӢ НЕСТ, ЛЕКИН ОНҲО АСОСӢ МЕШАВАНД АГАР ОНҲО НАРАСАНД. Агар Шумо роҳкиро надошта бошед, ҳеҷ кас ба дипломи Шумо нигоҳ намекунад, ҳеҷ кас ба дараҷаи илмии доктори илмҳо буданатон аҳамият намедиҳад. Ва ба Шумо, барои мавқеи худ аламовар ва нобоб мешавад. АГАР ШУМО ХУДРО БА ОН НАҚШИ ҲАЁТЕ, КИ ОРЗУ МЕКУНЕД, АРЗАНДА ҲИСОБЕД, ШУМО БОЯД ИДОРАКУНИИ ПУЛРО ОМӮЗЕД, ЧУН КИ ПУЛ МУАЙЯН МЕКУНАД, КИ ШУМО ДАР КАДОМ ДАРАҶА ҲАСТЕД. Ба қоидаи дуюм аҳамият диҳед. Ва фикр кунед ки Шумо ягон вақт, дар як рӯз нисбати тамоми солҳои гузашта зиёдтар кор карда метавонед. Ин ба мусобиқаи варзишӣ монанд аст. Чун ки варзишгар дар мусобиқае, ки дақиқаҳо давом меёбад ғолиб ояд, Ӯ моҳҳо ва солҳои дароз машқ мекунад. Ин дар назари мо чунин менамояд ки ғолибият танҳо дар ин дақиқаҳо ба вуҷуд омад. МУВАФФАҚИЯТ – ИН НАТИҶАИ МАШҚҲОИ ДУРУДАРОЗ, ХАСТАШАВӢ ВА МЕҲНАТИ ҲАРРӮЗА МЕБОШАД. Бинобар ҳамин дар хотир доред – рӯзе меояд, ки мақсадҳо, орзуҳо ва умедҳоятон Шуморо маҷбур месозанд, ки бо як роҳ, бо роҳи боигарӣ ва муваффақият ҳаракат кунед, аммо танҳо агар Шумо инро сахт хоҳед. Ана он вақт ба Шумо имконият пайдо мешавад, ки Шумо онро дербоз орзу мекардед. Кӯшиш кунед онро татбиқ кунед. ЗИНДАДИЛӢ – ИН НАТАНҲО АЛОМАТИ САЛОМАТИСТ, БАЛКИ БОЗ ВОСИТАИ АСОСИИ АМАЛКУНАНДАЕСТ, КИ АЗ БЕМОРИҲО ХАЛОС МЕКУНАД. С. Смайлс Ҳангоми хондани ин китоб ҳамавақт сарҷамъиро дар хотир доред – кӯшиш кунед ҳамаи фикрҳои Манфиро партоед, табассум кунед ва ба фаҳмиши қабулкунии мусбӣ тайёр бошед. Димоғи Шумо бояд хуб бошад, чун ки агар димоғи Шумо ху бошад, Шумо тезтар қабул мекунед ва хуб мехонед. Сараввал мехоҳам воқеаи қайдшудаеро нақл намоям. Як духтарчаи хурдакак ба назди модараш давида омад ва пурсид: – Вақте, ки ту калон мешавӣ, кӣ мешавӣ? Модар фикр накарда, ҷавоб дод: – Зан мешаеам. – Модар, барои чӣ дурӯғ мегӯӣ, ту аллакай занӣ, - норозигӣ баён кард духтарча. – Канӣ бигӯ, вақте, ки калон мешавӣ кӣ мешавӣ? – Ман муаллима мешавам, - гуфт модар. – Ту аллакай муаллима! -ҳайрон шуда, дод мезанад духтарча ва саволашро такрор мекунад: – Модар, агар ту калон шавӣ, кӣ мешавӣ ? Он вақт зан фаҳмид, ки ӯ барои духтараш ҳамавақт ҳам модар ва ҳам муаллима буд, аммо ин ба Ӯ кам аст. Ва Ӯ фикр кард, ки Ӯ дар ин ҳаёт метавонист бештар налоёнтар шавад, метавонист бештар муваффақтар шавад – мазҳ ҳамин хоҳишро Ӯ дар чашмони духтари худ дид. Охир тамоми кӯдакон орзу мекунанд, ки падару модари худро дар нақши асосӣ бубинанд, на дар нақши оқиб, онҳо ба мо мефаҳмонанд, ки мо метавонем қуллаҳои баландтаринро соҳиб шавем, мо метавонем орзуҳои худро татбиқ кунем, Ҳаминро дар хотир доред, ки фарзандон мехоҳанд бо падару модари худ фахр кунанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев