Чанд вақг Шумо метавонед бо пулҳои ҷамъкардаатон зиндагони кунед, агар нохост каратонро (сарчашмаи даромад) гум кунед? ______________ Дар ин ҷо ҳамаи хароҷотҳоро ба ҳисоб гиред: хӯрокворӣ; либос, хизматҳои маишӣ, сафарҳои муҳим ва ғ. Ҷавоби Шумо – ин натиҷаи ҳаёти Шумо то ҳолати ҳозира. Агар ин натиҷа Шуморо хурсанд накунад, бояд муносибати шуморо ба кор ва тақсимотҳои даромадатон дида баромад. Пул нисбат ба чизҳо дигар хел ҳиссиёт медиҳид, Мисол: мошин, гилем, таҷҳизотҳои рӯзғор. Агар Шумо пул надошта бошед, ҳеҷ гоҳ ба фикри Шумо фурӯхтани гилематон намеояд. Агар пул дошта бошед, худро нисбатан боваринок ва озод ҳис мекунед. Афсӯс, ки ҷавоби бисёриҳо ба ин савол моро хурсанд намекунад. Чун ки одамон солҳои дароз кор карда, дар пиронсолӣ бе ҳеҷ чиз мемонанд. Ман ба ҳар гуна мамлакатҳо сафар мекунам, кор мекунам ва дарс медиҳам, то шогардони ман дар сини калонсолӣ имконияти ба набераҳояшон ёрдам доданро дошта бошанд. Ба ман устозам чунин гуфт: «Ман аз зинаи аввал сар кардам ва дар ҳаёти худам ба дараҷаҳои баланд расидам. Ман намехоҳам, ки ту низ аз сифр сар кунӣ. Беҳтараш донишҳои ман, таҷрибаҳои маро бигиру истифода бар. Аз зинаҳои баланд сар кун, ба он дараҷае, ки ман расидам наисто, давом деҳ». ҲАЁТ ДОИМО БОЯД ПУРРА ВА АҶОИБ БОШАД.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев