Маоши Шумо ба он коре, ки мекунед, арзанда аст? ______________ Касе ҷавоб медиҳад «Ҳа», касе мегӯяд ки ба зиёдтараш арзанда аст. Аммо асосаш - ин саволҳо тамоман ҳолати дохилии Шуморо таъғир медиҳанд. Умед пайдо мешавад, ки Шумо агар дар ҳақиқат хоҳед Шумо онро ба даст меоред, чизеро дар ҳаёти худ ба тарафи беҳтаринаш таъғир медиҳед. Агар Шумо чунин ҳисобед, ки Шумо зиёдтар пул кор карда метавонед, марҳамат – равед зиёдтар пул кор кунед. Асосаш – барои худ тасмим бигиред, ки: Шумо қобилият доред, Шумо ба мақсадҳои худ расида метавонед ва Шумо он нақши ҳаёте, ки орзу мекунед арзанда ҳастед. Ин панҷ саволҳои асосӣ, ба Шумо кӯмак мекунад, ки мавқеи худро донед – гузаштаи худро аз нав дида баромада, ҳолати имрӯзаи худро дида бароед ва мақсадҳои асосии худро дар оянда муайян кунед. Барои он ки ба Шумо ин корро кардан осон шавад, кӯшиш кунед боз ба якчанд саволҳои иловагӣ ҷавоб диҳед. Агар Шумо зиёдтар пул кор мекардед, сатҳи зиндагони Шумо баландтар мешуд? ______________ Агар Шумо бо тамоми ҳастӣ кор мекардед, дар ҳаёти Шумо чӣ ба вуҷуд меомад? Сифати зиндагии Шумо нисбат ба ҳазир баландтар мешуд? ___________ Акнун ба Шумо лозим меояд, ки оиди ҷавобҳои худ ва қарордодҳои худ андеша кунед. Шумо мехоҳед, ки зиндагӣ барои Шумо осон бошад? Не!, кӯшиш кунед ки хуб бошад. РОҲИ ОСОН БА МАҚСАДҲОИ БУЗУРГ НАМЕБАРАД. Мехоҳед, ки проблеми Шумо кам бошад? Не!, беҳтараш устокории (професионал) худро баланд кукед Бигзор проблемаҳо бошанд. Агар Шумо устои кори худ шудан хоҳед, ин дар натиҷаи ҳалли проблемҳое, ки Шумо бо онҳо дакка хоҳед хутрд, пайдо мешавад. Онҳо Шуморо ин тавр доно хоҳанд кард. Мехоҳед, ки ба Шумо завҷаатон (ё шавҳаратон), хешу табор, дӯстон ва ҳамкорон камтар изҳори норозигӣ баён кунанд? Албатта хуб аст, агар норозигӣ кам бошад, лекин аз онҳо набояд тарсид. ТИЛЛО АЗ ОТАШ МЕГУЗАРАД, ТО БА ТИЛЛОИ НАВЪИ ОЛӢ ТАБДИЛ ЁБАД. Ин қонуни ҳаёт аст. ҲАМАИ ОН ЧИЗЕРО, КИ ШУМО ДАР ИН ҲАЁТ БА ДАСТ МЕОРЕД - НАТИҶАИ УСТУВОРОНА ГУЗАШТАНИ МОНЕЪГИҲОСТ. Бисёриҳо ин чизро медонанд, лекин дар ҳаёти онҳо чизе таъғир намеёбад. Онҳо намехоҳанд чизеро таъғир диҳанд, барои он ки онҳоро камбағалӣ қаноат мекунад. Ё, онҳо бо он розӣ шудаанд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев