баъд аз адои хач дар хоб дид ки ду фаришта аз осмон фуруд омаданд. яке аз дигаре пурсид ки имсол чанд нафар ба хач омадаанд? Гуфт: шашсад хазор. Боз он фаришта пурсид ки хачи чанд нафар кабул гардид? Гуфт: хачи хеч кадомаш кабул нагардида аст. АБДУЛЛОХИ МУБОРАК мегуяд: - чун ин сухан бишунидам ларза дар вучудам пайдо шуд. - гуфтам кори мушкил ки шашсад хазор бандаи мухточ аз гушаву канори олам бо машаккати тамоми биёбонхо бурида ва риёзатхо кашида омадаанду ин хама бекор шавад ва хачи хеч кадомаш кабул нагардад. он гох фаришта гуфт: - дар Димишк мардест номи вай Али ибни Мавфик. у ба хач наёмадааст аммо хачи уро ХУДОИ таъоло кабул кардааст ва хачи ин шашсад хазор хочиро ба туфайли у кабул кардааст. чун бедор шудам бо рафикони худ хайрухуш намуда ба суи Димишк рафтам ва хонаи вайро талаб карда ба шитоб ба дари хонаи вай омадам ва дарашро куфтам. шахсе берун омад гуфтам: - номи ту чист? гуфт: Али ибни Мавфик. у гуфт номи ту чист? гуфтам:- номи ман АБДУЛОХИ МУБОРАК. чун номи ман бишунид наъра бизад ва бехуш шуд чун ба хуш омад он хобро ба вай хикоят кардам ва гуфтам: - маро аз холи худ хабар дех ту чи кор карди ки хачи туро кабул кардан ва шашсад хазор хочиро ба ту бахшиданд? гуфт: - бидон ки ман марди кафшдузе хастам ва си сол маро орзуи хач буд. аз порадузи сесад дирам чамъ кардам ва нияти хач доштам. хамсарам дар хона хомила буд аз хонаи хамсоя буи таом шунид маро фиристод ки аз он таоми хамсоя камтар барояш биёрам. ба дари хонаи хамсоя рафтам ва фарёд кардам. хамсоя берун омад он хол бо у гуфтам. гирён шуду гуфт: эй Али интаом ки мо кардем бар шумо халол набошад. бидон ки се шабонаруз аст ки кудакони ман таом наёфтаанд ва дар хамаи шахри Димишк хечкоре наёфтам ва касе маро кор нафармуд. хари мурдаеро дидам ба кадри зарурат аз у гирифтам то барои тифлон таом кунем ки он бар шумо халол набошад. чун ин сухан бишнидам дарде дар дарунам пайдо шуд ба худ гуфтам: ба КАЪБА кучо меравам хачи ман ин чо аст. он сесад дирам бад-у додам ва гуфтам ин пулхои хонаи КАЪБА рафтанам буд бигиру бар ахлу аёли худ нафака кун ки хачи ман ин аст. АБДУЛЛОХИ МУБОРАК гуфт: - рост гуфтанд млоикахо дар хобам. бародарону хохарони азиз дилхои шикастагонро дарёб кунед, дардмандонро хотирчуи кунед, дармондагонро ёри кунед, ки ба хакикат хачи мабрур ва амали макбул он аст. тавофи КАЪБАИ дил кунед ки аз тавофи КАЪБА зиёдат аст. Илохи моро ба рохи рост хидоят намуда хачи мабруро насибамон гардони омин ё рабил оламин.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5