беҳтар аз ҳазор
моҳи дигар мебошад. Чунончи
дар як ҳадиси он ҳазрат
(саллаллоху алайхи вассалам)
таъкид шудааст: «Ҳар касе дар
Шаби Қадр шабзиндадорӣ
кунаду талаби савоб
намояд ,Худованд гуноҳои
гузаштаи ӯро хоҳад омурзид».
Дар сураи «Қадр» омадааст:
«Мо Қуръонро дар Шаби Қадр
нозил кардем» Яъне, маҳз
ҳамин шаб Қуръони Карим аз
«Лавҳул маҳфуз» ба осмони
аввал нозил гардида, пас аз он
тавассути Ҷабриил
алайҳиссалом тӯли 23 сол ба
ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху
алайхи вассалам) фуруд
омадааст.
Доир ба Шаби Қадр миёни
иддае аз мардум чунин
тасаввурот вуҷуд дорад,ки гӯё
он шаб касе, ки бо дидани
Лайлатулқадр ба оҳан ё чизи
дигаре даст занад, он ба тилло
табдил меёфта бошад. Ҳол он
ки Шаби Қадр фазилатҳое
дорад, ки онро бо тилло кас
намеёбад. Чунки дар сураи
«Қадр» таъкид шудааст :
«Лайлатулқадрӣ хайрун мин
алфи шаҳр» ( Шаби Қадр беҳтар
аз ҳазор моҳ аст) Яъне ҳар касе
Шаби Қадрро дарёбад, беҳтар
аст ӯро аз ҳазор моҳе, ки
шабҳояшро ба тоат гузаронида
бошаду рӯзҳояшро рӯза
гирифта бошад.
Имом Розӣ (р) дар тафсири худ
овардаанд, ки Шаби Қадр ба
фармони Аллоҳ Таъоло
Ҷибриил (а) ҳамроҳи
фариштагон ба замин фуруд
меояд. Ҳар он кас ки он шаб
бедор, дар намоз, дар зикр,
тиловати Қуръон машғул
бошад, фариштагон салом
хоҳанд гуфт. Худованд он шаб
гуноҳони уммати Муҳаммад
(саллаллоху алайхи вассалам)-
ро авф мекунад,ғайр аз чаҳор
гурӯҳ: Аввал, шаробхӯр; дуюм
оқи волидайн (озордиҳандаи
падару модар),сеюм қотеъғони
раҳм ( афроде, ки бо
хешовандон алоқаро
кандаанд).Чаҳорум, касоне, ки
зиёда аз се рӯз кинаи бародари
мусулмонро дар дил гирифт,
қаҳрӣ мешаванд.
Ибни Аббос (р) аз Расули Акрам
(саллаллоху алайхи вассалам)
ривоят мекунанд, ки ҳар ки дар
Шаби Қадр ду ракат намоз
хонда дар ҳар ракаат баъди
фотиҳа ҳафт маротиба сураи
«Ихлос» хонад, баъд аз салом
70 бор «Астағфируллоҳи таъоло
ва атубу илайҳӣ" гӯяд ҳанӯз аз
ҷои худ барнахоста бошад, ки
Аллоҳ Таъоло он банда ва
падару модари ӯро махфират
кунад. Фариштаеро амр кунад,
ки барои он банда қасре дар
биҳишт бино кунад.То он банда
ҷои худро дар ҷаннат набинад,
аз дунё наравад.
Расули Худо (саллаллоху алайхи
вассалам) мефармоянд, ки
Аллоҳ Таъоло дар ҳар Шаби
Қадр алоҳида як раҳмат ато
мекунад, ки онро ба ҷамии
мӯъминон аз Машриқ то
Мағриб тақсим мекунанд. Аз
ҳама зиёдатӣ мекунад .Ҷибриил
(а) мепурсад, ки «Илоҳо, бакияи
рахматро чӣ кор кунам?" Аз
Худованд фармон мерасад, ки
«Дар ин Шаби Қадр ҳар тифли
навзоде, ки ба дунё ояд, ба ӯ
сарф кун. Бинобар ин ҳар
фарзанде, ки аз ғайримусулмон
Шаби Қадар ба дунё ояд, аз
дунё мусулмон хоҳад рафт.
Аксари уламо бар он ақидаанд,
ки Шаби Қадр ба шаби 26
бегоҳи 27- и Рамазон рост
меояд. Ба ҳар ҳол он дар даҳаи
охири ин моҳ аст. Таманно
мекунем, ки Худованд моро аз
фазилати ин шаб баҳравар
гардонад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 26
Bismi Allahi alrrahmani alrraheemi
Muslim Pro - Цитата из Священного Корана: Al-Faatiha (1:1) - http://www.muslimpro.com