Барф меборад ба фармони Худо,
Барфи нав аз мову “барфӣ” аз Шумо.
Зарра-зарра барф меборад сафед,
Бӯсаҳое аз ту ман дорам умед.
Бӯсаи ман нест оддӣ, эй нигор,
Бӯсаи “Абдулҳай”-и онро шумор.
Сар кунам аввал зи дастонат, парӣ,
Лек онро дар ҳисобаш машмарӣ.
Нӯги ангуштат бибӯсам як ба як,
Мегазам онро, шунав, оҳистаҳак.
Аз баногӯшу зи рухсори ту ман,
Мекунам оғоз, эй симинбадан.
Пас ду сад бӯса занам аз ҳар ду рӯ,
Аз ду рухсори ту, рухсори накӯ.
Аз баногӯшат дучандон бештар,
Чорсад, яъне аз он, эй бехабар.
Пас гузар созам ҷабину зулфи ту,
То ҳазораш мерасонам мӯ ба мӯ.
Чун зи абрӯят, камонабрӯ, вале,
Бӯсаҳо мекунам махсус, бале.
Мебибӯсам бо ҳуранҳои дигар,
Аз миёни ҳар ду абрӯи қамар.
Чун камонабрӯ лақаб додам туро,
Ҷуз ту дилдоре намедонам, буто.
Эй зи мижгону зи абрӯи камон,
Панҷсад бӯсе дигар танҳо бидон.
Ончунон бӯсам зи мижгони синон,
Бехабар монад аз он чашмони ту, ҷон.
Бӯсаҳо бар чашму мижгони синон,
Сахт-сахту гарму нарм аз ман ситон.
Як ҳазору панҷсад шуд бӯсаҳо,
То ба инҷо, лек ин ҳам ибтидо.
Оқибат навбат ба чашмонат расид,
Чашми дил чашмони ҷодуи ту дид.
Чашми шӯхат чашмаи илҳоми ман,
Як нигоҳат пухта созад хоми ман.
Чашми чашматро шавам садқа, эй нигор,
Дар зимистон з-он расад бӯи баҳор.
Масти чашмони ту гаштам, эй аҷаб,
Норасида пардаи чашмат ба лаб.
Бе шароб акнун кунам мастӣ, буто,
Баски мастона назар кардӣ маро.
Бӯса мехоҳам зи чашмат даҳ ҳазор,
Даҳ ҳазору даҳ ҳазору даҳ ҳазор.
Чун нагӯям чашмат ойинаи роз?
Рози дилро менамоям соз, соз.
Боз ҳам бӯсае зи чашмонат бидеҳ,
Чун закоти чашми мастонат мадеҳ.
Бӯса деҳ аз чашму рухсори базеб,
Бӯса деҳ аз ҳар нигоҳи дилфиреб.
Бӯсаи чашмат балогардони туст,
Аз бало эмин бидорад, они туст.
Рӯшании чашми сар, чашми дилам,
Шамъи ҷонам бош андар манзилам.
Ваҳ чи хуш навбат расид акнун ба лаб,
Сад ҳазорон бӯса дорам аз он талаб.
Ҳар суханҳое, ки орӣ ту ба лаб,
Ҷуз давое нест андар тобу таб.
Кош бошам чун Сулаймонат ба дом,
Лаб ба лаб бигзорамат, Билқис, мудом.
Он қадар хоҳам бӯсидан лабат,
То ба рӯз ояд шаби ҳиҷрон, шабат.
Аз қадим будӣ барои ҷони мард,
Аз лаби зан бӯсаҳо доруи дард.
То ки гардам сарфарозу бениёз,
Мебибӯсам ман лабонат боз, боз.
Мекунам бӯсе зи дандону зи лаб,
То ту ҳам з-он маст гардӣ булаҷаб.
Эй лаобнат чашмаи оби ҳаёт,
В-эй лабонат шаҳтуту қанду набот.
Аз миёну аз бару кунҷи лабат,
Ҳамчунон бӯсам, ки гӯӣ: марҳамат!
Боз мебӯсам лабонат боз, боз,
Ғамбарору ғамгусору ғамгудоз.
Баъди лаб бӯсам зи дандони садаф,
О садои чангу бо овози даф.
Гар бибӯсам ман зи дандони садаф,
Бартараф созам ғами дил, бартараф.
Мебиҷӯям аз лабу дандони ту,
Оби умр аз чашмаи ҳайвони ту.
Вақти бӯсидан зи дандонат, бихаз,
Аз лабонам оҳистаҳак, оҳиста газ.
Баъд аз он хоҳам бӯсидан аз забон,
Аз забонат, аз забонат, аз забон.
Чун нагӯям аз забонат бӯса деҳ,
Беҳтарини бӯсаҳо ин бӯса деҳ.
Аз забонат бӯса деҳ, ширинзабон,
То шавад ширин забонам з-он забон.
Ончунон бӯсам забонат бо адаб,
Боадаб ман маст гардам, булаҷаб.
Бӯса хоҳам аз забонат, сарви ноз,
Бӯсаҳои рӯҳбахшу ҷоннавоз.
Аз забонат мебиӯсам сад ҳазор,
Сад ҳазору сад ҳазору сад ҳазор.
Аз лабону аз забону аз даҳон,
Бӯсаҳо бахш маро, ороми ҷон.
Бӯса хуш-хуш ном бошад дар забон,
Бӯса ширин мекунад кому даҳон.
Бӯса пур месозадат кому даҳон,
Бӯса созад дур ғамҳои ҷаҳон.
Мебихоҳам пур бисозӣ коми ман,
Дур созӣ ҳам ғамам, эй гулбадан.
Лунҷи рӯятро бибӯсам сахттар,
Ҳам бисозам сурхтар, эй бехабар.
Вақти бӯса, шармгин рӯи ту, ёр,
Бинаму аз худ равам беихтиёр.
Бар забону бар даҳони ман лазиз,
Лунҷи рӯю кунҷи лабҳои ту низ.
Зери лаб дорӣ занахдони базеб,
Эй занахдонат намояд дилфиреб.
Аз баёзи гардану чоҳи манаҳ,
Бӯса фармо гаҳ аёну гаҳ панаҳ.
Аз занахдонат навад бори дигар,
Сабр кун, оҳиста онро мешумар.
Бӯса аз чоҳи занахдонат бидеҳ,
Бас ҳаловат медиҳад онат, бидеҳ.
Чун баён созам зи холат шаммае,
Холи хубу холи фолат шаммае.
Холи хубат ҳоли ошиқро нишон,
З-ин сабаб бӯсе зи холат ҳол дон.
Чун бузургон холро андар ҳисоб,
Менамуданд васфҳо андар китоб.
Мебибӯсам холи зебои туро,
Офарад файзу футӯҳ, нуру сахо.
Эй зи ҳар холат бибӯсам ман ҷудо,
З-он закоти ҳусн деҳ охир, буто.
Ин ҳама дар назди хоҳишҳои ман,
Ҷуз ба як қатра мадон, ширинсухан.
Тахтапуштатро бибӯсам ман агар,
Тоза мегардад хуморам аз дигар.
Чун ба навбат меравам поёнтаре,
Мешавам бехуд аз он шоёнтаре.
Шукрилиллаҳ навбати сина расид,
З-ин навиде, нест зеботар навид.
Сахт хоҳам бӯсаҳо аз синаҳо,
Лаззати он лаззати беинтиҳо.
Сад ҳазорӣ аз ду сина кун ҳисоб,
Се баробар аз миёнаш беҳисоб.
Мебибӯсам аввал аз нӯгаш, азиз,
Лаззаташ бошад зи лаззатҳо лазиз.
Ҳам зи атрофу зи акнофаш басе,
Мебибӯсам, эй маро додам расе.
Ин фақат дар ибтидо, на интиҳо,
Бо умедибозгашт бар синаҳо.
Як ваҷаб поёнтараш бӯсам агар,
Бегумон сӯи адам афтад назар.
Аз миёни нуқтаи ҷону танат,
Чун бибӯсам, худ бифармо, марҳамат!
Бӯсаборон мекунам нофи туро,
Бӯса резам боз зи атрофиҳо.
Аз миёну аз назокатҳои он,
Ончунон бӯсам ки монад ҷовидон.
Аз миён боло бибахшад ҷон агар,
Мекушад дар як замон ҷои дигар.
Мекунам кӯтаҳ сухан ин ҷо, шунав,
Гар ба хоб афтодаӣ, бедор шав!
Хонаро дар боз кун рӯям, нигор,
Хонаи ман хонаи дил мешумор.
Бӯсаи ман фарқ дорад, эй бидон,
Аз тамоми бӯсаҳо аъло бидон.
Сад ҳазорон бӯса созам Саъдивор,
Он ба як бӯсе мусовӣ мешумор.
Бо Есенин чун тақозо мекунӣ,
Мекунӣ саҳву хатоҳо мекунӣ.
Бӯсаи Саъдӣ, Есенин назди ман,
Нест ғайр аз як-ду, эй симинзақан.
Бӯсаи Ҳиндӣ ва ҳам Чинӣ ба ман,
Бас хуш ояд, лек не ташнашикан.
Алғараз, бишнав муҳиби ман, зи ман,
Раҳм кун, ҳастӣ табиби хушсухан.
Мебибӯсам аз сарат то нӯги по,
Як ба як , симинбадан, нозукадо.
Аз куҷоят ман набӯсидам, буто,
Худ бигӯ, он ҷо бирезам бӯсаҳо!
Баски дар чашмони ту дидам басе,
Нури махсус, эй маро ёдам расе.
Бо хаёле ҳар шабе сӯят давам,
Бо қадамҳои равон, бе по равам.
Нӯҳсаду панҷоҳ ҳазору бисту як,
Аз дигар ҷоҳо бибӯсам як ба як.
Панҷсаду сӣ аз сару нӯҳи дигар,
Гар бибахшӣ аз кафи по боҳунар.
Бар ду миллиону саду панҷоҳ расид,
То ба ин ҷо бӯсаи ман бо умед.
Лек ин ҳам интиҳо машмор ҳеҷ,
Интиҳо дур аст аз печумапеч.
Интиҳояшро шуморидан мушкил аст,
З-он сабаб мақсад биҷӯ, он ҳосил аст.
Бӯсаборон ғарқ созам, эй шафиқ,
Худ нахоҳи орзуи ноғариқ.
Бӯсаро бояд зи Абдулҳай бидид,
То бисозӣ фарқ ҳар диду шунид.
Бӯсаи аслӣ зи Абдулҳай бубин,
То бигӯӣ худ, ки: “асли бӯса ин!”
Кун тафовут бӯсаро аз бӯсаҳо,
Нест ҳар хушбӯие мушки Хито.
Ман нагуфтам бар абас мавқеи худ,
Эй зи Саъдӣ, ҳам Есенин чунин набуд.
Шуд муайян бӯсаи ман гармтар,
Аз тамоми бӯсаҳо ҳам нармтар.
Алғараз, аз нӯги по то фарқи сар,
Боз хоҳам бӯсаҳое аз дигар.
Ноумеде нест андар рӯи хок,
Аз умеди раҳмати Яздони пок.
Гашта муштоқи ҷамолат ман, ҳабиб,
Нест ғайр аз чашми ту бар ман табиб.
Гар намои раҳму созӣ ту савоб,
Бар мани бечора ҳам зору хароб.
То қиёмат хидматат созам адо,
Ҳам ғуломат мешавам рӯзи ҷазо.
Дарди ишқат синаам вайрона кард,
Чашми ҷодуят зи худ бегона кард.
Шафқате дорӣ агар, эй бевафо,
Номаи манро ҷавобе ту намо.
Бо каломат розиам, аммо шунав,
Ҳар каломе нест бар ошиқ гарав.
Ишқ бошад, ишқ, ғайри ишқ нест!
Дар ду олам ғайри ишқе сидқ нест!
Эй муҳиби ҷони ман, ҷонон биё!
В-эй табиби дарди бедармон, биё!
Аз фироқат чашми дил гирён шавад,
Бо висолат рӯи дил хандон шавад.
Худ бигӯям ман шумори бӯсаам,
То бисозӣ дарк бори синаам.
Бар ту ҳам осон намоям ман шумор,
Сахт агар хоҳи шуморидан, шумор.
Эй зи сар то пою аз по то ба сар,
Бӯсаборон мекунам ман ин қадар.
Ин қадар хоҳам бибӯсидан туро,
Он қадар ситораҳо дар само.
***********************
Ҳамчу Абдулҳай ба фармони сухан,
Шаҳдҳо мерезам аз ҷоми сухан.
Бӯсаҳои ман бидон дорушшифо,
Ҷуз ба ин дору намеёбӣ даво.
Эй давои дарди ошиқ бӯса аст,
Тӯҳфаи мардони содиқ бӯса аст.
Тӯҳфаи зебову лоиқ бӯса аст,
Пеши Узро дарди Вомиқ бӯса аст.
Тӯҳфаи Лайли зи Маҷнун бӯса аст,
Тӯҳфаи мардони дилхун бӯса аст.
Бо калиди бӯсаҳо мушкил кушо,
Ғайри бӯса менадон мушкилкушо.
Бӯса аз мушкилкушои мушкилот,
Бӯса аз маҷмӯи ҷамъи мушкилот.
Бӯса аз васлу вусули восилон,
Ҳайф бошад ин сухан бар ғофилон.
Бӯса аз хотиринишони хотирот,
Бӯса аз ботиннамои зоҳирот.
Бӯса аз дору мадори коинот,
Бӯса ин болу пар аст ҳам қанот.
Бӯса аз қулфу қалиди ҳар диле,
Бӯса аз пиру муриди комиле.
Бӯсаро аз бӯсаҳо аммо шинос,
Аз кадом қавме набошӣ ому хос!
Бӯсаи шабнам ба гул набахшад фараҳ,
Бӯсаи оташ кунад он хоки раҳ.
Лек ҳар як бӯсаро ҷои дигар,
Чун давои хосу махсусе шумар.
То бихандонад рухи гулро саҳар,
Бӯсаҳо мезанад шабнам, нигар.
То бидаррад ҷомаи гул баҳри ком,
Мевазад боди сабо бар ҳар машом.
Булбули бечора дорад нолаҳо,
Дар тамоми умр ҳар шому сабо.
Беадолат, бемурувват, ҷомадар,
Гул ба коми ҳар насими раҳгузар!
Эй пари парвона сӯзад бар абас,
Шамъ бошад нурбахши хору хас.
Бевафо ҳам беадолат ин ҷаҳон,
Арзи ҳастӣ мекунад, аз ман бидон.
З-ин сабаб ҳастии инсон дар ҷаҳон,
Ғайри санҷиш менадон ё имтиҳон.
Аз тарафҳои дигар созам назар,
Бӯсаҳои носазо дорад зарар.
Норавоёнро раво ҳаргиз мадон,
Лоақал як лаҳза ҳам андар ҷаҳон.
Бӯсаҳои носазои гурбаҳо,
Косаи ширу панир созад хато.
Бӯса аз розу ниёзи ҳар ҳабиб,
Бӯса бошад ҳозиру нозир табиб.
Бӯса хоҳу, бӯса гӯю, бӯса ҷӯй,
Ғайри бӯса худ калиде менаҷӯ.
Бӯса аз гулҳои гулнози баҳор,
Бӯса аз гулҳои пурнози баҳор.
Бӯса бошад гулбаҳори фасли сол,
Бӯса бошад ҳар барори фасли сол.
Бӯса бӯе аз машоми ҳар баҳор,
Бӯса рӯе аз мароми ҳар баҳор.
Бӯса аз бору барори ҳар диле,
Бӯса аз сабру қарори бедиле.
Бӯса аз созу ниёзи ҳар диле,
Бӯса аз сӯзу гудози ҳар диле.
Бӯса бошад пиру барноро азиз,
Бӯса хоси мардумони ботамиз.
Бӯса бошад қуввати пиру ҷавон,
Бӯса созад пирро барно, бидон.
Бӯса бошад зуҳраву хуршеди кас,
З-ин сабаб мефорадат дар ҳар нафас.
Бӯса ин рӯҳе бидон дар тан равон,
Бӯса ин ҷони дилу, дил ҷони он.
Бӯса ин лаппиш бувад аз мавҷи дил,
Бӯса андар лойи одам навъи гил.
Ҷисм агар мизону дил шаҳтири он,
Бӯсаро шаҳтир дон андар равон.
Бӯса фотоне бувад дар санги дил,
Бӯса нуклоне бувад чун “хаткашон”.
Бӯсаву одам адад бо реша дон,
Бӯса ин асли адад реша мадон.
Бӯса интеграл бувад бефосила,
Бӯса бошад логарифму ҳосила.
Бӯса бошад шайъ андар ҳар ҳисоб,
Кун ҳисобаш беғалат, саҳҳеҳ биёб.
Бӯса ҳидроген шумор дар кимиё,
Бӯса дон дар зиндагӣ обу ҳаво.
Бӯсаро дар кимиё тилло бихон,
Бо фулузе ту баробар менадон.
Бӯсаро ҷавоҳир бидон дар фалсафа,
Бӯсаро гавҳар бидон, эй оқила.
Бӯса ҳам таърих дорад дар замон,
Андар ин фан бӯсаро сарчашма дон.
Бӯса дар илми адаб бошад адаб,
Кун тафовут беадаб аз боадаб.
Ҳар сухан ҷо дораду беҷо магӯ,
Ин хабар бар бехабар асло магӯ.
Бӯса дар илми забон бошад забон,
Аз забоне бар забоне мерасон.
Бӯса медон мубтадо андар забон,
Ҳам хабар, ҳам зарф, ҳам ҳоли макон.
Бӯса медон пуркунанда ҳам сифат,
Бӯса ёб аз ҷумлаҳоям, марҳамат.
Бӯса дар илми ҳуқуқ ворид кун,
Нораворо беҳуқуқ бӯса макун.
Бӯса дар ҷуғрофиё компас бувад,
Мақсади кишваркушой он пас бувад.
Бӯсаро ахтар шумор андар нуҷум,
Каҳкашон дар коиноташ роҳгум.
Бӯса медон сабза дар илми набот,
Сабза дон ин илмро маргу ҳаёт.
Бӯса дон аз олами ҳайвон паланг,
Бӯса дон дар олами обӣ наҳанг.
Бӯса бошад пайса андар иқтисод,
Иқтисод аз пайса гирад иттиҳод.
Бӯса дар таълими меҳнат роҳат аст,
Роҳати меҳнатат дон миннат аст.
Бӯсаро зудӣ бидон дар гашти дил,
Бӯса мадду ҷазр хон дар гашти дил.
Бӯса кунҷи тез дон дар ҳандаса,
Бӯса бошад ромб, бошад доира.
Бӯсаро дар бозиҳо шатранҷ дон,
Беҳтарини ганҷҳо ин ганҷ дон.
Бӯса дон дар тахтаи шоҳмот асп,
Бетавққуф бар рухи шоҳаш бичасп.
Бӯсаро аспе бидон дар гашти сахт,
Бар рухаш зан, шод шав аз дасти бахт.
Бӯса хоҳад ҳар куҷо ҷононае,
Ҳар куҷо дилдоде парвонае.
Бӯса ман кардам баён як шаммае,
Ту муборак мешумор, ҳар бӯсае.
Бӯса ҳам сирре бувад ҳар ҷо магӯ,
Фош гӯям, ту зи Абдулҳай биҷӯ.
***********************
Бӯсанома шуд “барфӣ”-и ман,
Об созам сардиҳои ҳар бадан.
Эй фалон, ишқат намуд парвонаам,
Гаҳ аз он девона, гаҳ фарзонаам.
Бӯса деҳу шод кун дил, шод шав,
Мулки дил обод кун, обод шав.
Аз ту хоҳам ғамбарору ғамгудоз,
Бӯсаҳои дилрабову дилнавоз.
Бӯсаборон мекунам бори дигар,
Боз аз сар то ба по, по то ба сар.
Гум макун расму русуми пешиён,
Кун ҷавоби номаам фавран баён.
Қарзи аввал дар зимистон барфӣ аст,
Расми мардум ҳар зимистон барфӣ аст.
Эй зи рӯи расму қонун кун ҷадал,
Қарзи барфиро адо кун бар амал.
Гар надони расму ойинҳои халқ,
Мебигӯям бар ту ман аз зери халқ.
Гар адои қарзи барфӣ кас накард,
Ду барор з-ӯ талаб бояд бикард.
З-ин сабаб кӯшиш намо, эй маҳлиқо,
Қарзи худ дар вақти худ созӣ адо.
Бӯсаҳо мехоҳамат бори дигар,
Дар усули сар ба пову по ба сар.
Дар зимистон, эй баҳори бехазон,
Бӯса деҳ ороми тан, ороми ҷон.
Бӯса деҳ, пазмони онат ин манам,
Ҳолиё, роҳат кунад ҷону танам.
Бӯса деҳ аз ҳар нигоҳҳои базеб,
Эй нигаҳҳои базебат бӯсазеб.
Бӯса бошад он ба тамкин диданат,
Бӯса бошад зер и лаб хандиданат.
Бӯса мебошад “баҳористон”-и дил,
Бӯса мебошад чу оби Салсабил.
Бӯса гул мебошадат аз боғи дил,
Гар набошад бӯса, ҷисмат ҳамчу гил.
Дилфиребо, сар ба поят бӯсазеб,
Бӯса деҳу бӯса деҳу дил фиреб.
Эй табассумҳои ту бошад аҷиб,
Бӯса хоҳам з-они ту назди рақиб.
Бӯса хоҳам аз лаби хандони ту,
То шавам масти лабу дандони ту.
Чашми мастат маст месозад маро,
Дар адам ҳам ҳаст месозад маро.
Сар агар монам сари зонуи ту,
Беҳ зи болин бар ман аз парҳои қу.
То қалам бо номи ҷонона задам,
Як қалам берун ғам аз сина задам.
Эй сари дори ту мефорад маро,
Аз нигоҳи ту нур меборад маро.
Дар ҷаҳон Абдулҳайи зорат манам,
Ҳамчу Мансури сари дорат манам.
Огаҳ аз ҳар кору борам ин туӣ,
Ғамгусору ғамбарорам ин туӣ.
Бӯса бошад “Бӯстон” дар “Гулистон”,
Ҳам Баҳору ҳам “Баҳористон” бидон.
Бӯсаро медон баҳори бехазон,
Чор фасли солкоми дил ситон.
Эй Баҳори хуррамам андар баҳор,
Бӯса деҳ то ҷони ман гирад қарор.
Бӯсаат ҳури барин бошад маро,
Сайқали рӯи замин бошад маро.
Бӯсаат бошад арӯси шаҳри дил,
Дар лабам беҳтар зи оби Салсабил.
“Эй хумори бӯса дар лабҳои ман”,
Бӯса деҳу ин хумори лаб шикан.
Дар хумори бӯсаат симинзақан,
Бими реҳлат дорад ин ҷон аз бадан.
Бӯса деҳу бӯса деҳу бӯса деҳ,
Ин дили бечораам ғусса мадеҳ.
Бӯсаҳо аз коми таҳту фавқи худ,
Бар забонам рез, ҳар чӣ ки буд.
Эй балогардони ҷонам бӯсаат,
Дарду дармон ину онам бӯсаат.
Бӯсаҳои сахт мефорад маро,
Аз баёзи гарданат, эй махлиқо.
Эй зи пешонӣ бидеҳ бӯсе маро,
Бӯсаҳои файзбахшу файззо.
Бӯса деҳу кун сабук ин бори ман,
Бори чандинсола бори ҷону тан.
Бӯса деҳу ҷамъ соз ин хотирам,
Бин парешонат манам аз зоҳирам.
Бо ман он чашми ту мегӯяд сухан,
Бе забон дар ҳар куҷо ҳар анҷуман.
Баски бо чашми ту дорам гуфтугӯ,
Ман кушодам рози Абдулҳай ба ту.
Дилбаро, ин номаи ман нотамом,
Мерасад поён, ки поёнаш ба вом.
Мешавад корам расо бо амри Ҳақ,
Воми ман созӣ адо, бишав басақ.
Воми худро ман дигар созам баён,
Аз барои ту, камонабрӯ, бидон...
*********************
Бӯса ҳам бошад ду навъ андар ҷаҳон,
Як маҷозӣ, ду дигар аслӣ бидон.
Бӯсаи аслӣ бувад аз даҳриён,
Он маҷозӣро шумар аз сӯфиён.
Чун таваққуф бояд ин ҷо як замон,
Бар баёни бӯсаҳои даҳриён.
Чанд байте мешунав дар интиҳо,
Аз баёни бӯсаҳои суфиҳо.
Чор ҳарфи бӯса унсуре чаҳор,
Ҳар яки онро ба навбат мешумор.
Аввал оташ, бод пас, пас обу хок,
Мешумораш ҳар чаҳораш пок-пок.
Ҳарфи аввал “ду” барояд аз ҳисоб,
Ин ҳисоб аз рӯи абҷад ту биёб,
Маънии “ду” дар ҷаҳон таззод дон,
Ин муаммо таълими Зардушт хон.
Аз “Авасто” огаҳӣ ёбӣ агар,
Ин муаммо кашф созӣ аз дигар.
Неку бад аз ҳам ситезад то абад,
Он “абад” як рӯз поён мерасад.
Ҳам сиёҳӣ бо сапедӣ дар набард,
Ин набард асли набар(д) бишмор мард.
Неку бад бо ҳам, сапеду ҳам сиёҳ,
Ҷанг созанд ошкору ҳам паноҳ.
Бӯса ҳам дон неку бад андар ҳаёт,
Неки он бошад наҷоту, бад-мамот.
Бӯса ҳам бошад сиёҳу ҳам сапед,
Аз сапедаш кун умеду кун умед.
Аз сиёҳаш мегурезу мегурез,
То тавонӣ рав, ту бо он меситез.
Ҷанги ин таззодҳо, эй хосу ом,
То ба растохез месозад давом.
Оқибат некӣ зафар хоҳад намуд,
Он бадӣ зеру забар хоҳад намуд.
Ҳарфи “бе”-ро дон ту бисмиллоҳи кор,
Исми Ӯ оғози ҳар коре шумор.
Ҳарфи “бе”-ро бетаваққуф бӯса дон,
Хон, маҷозан, бӯсае аз сӯфиён.
Бӯса бошад дидани “умм-ул-китоб”,
Бӯса бошад хондани он боб-боб.
Бӯса бошад нури чашмат рӯи лавҳ,
Бӯса бошад нури чашмат сӯи лавҳ.
Ҳарфи дуввум “вов” бошад дар ҳисоб,
“Вов”-и онро аз ҳисобе “шаш” биёб.
Рамзи “шаш”-ро мешумораш шаш ҷиҳат,
Шаш ҷиҳат “доме” бибошад дар раҳат.
Чун халосӣ ёфтӣ з-ин шаш ҷиҳат,
Бар висолаш мерасӣ, Ӯ хоҳадат.
Ҳарфи “вов”-ашро маҷозан дон вузӯъ,
Чун вузӯъ кардӣ, намо он гаҳ руҷӯъ.
Эй вузӯъ мекун ба оби пок, пок,
Ҷомаат тоза бидор аз обу хок.
Оби покат оби чашму хуни дил,
Ғайри нуқта ҷисми ту анбори гил.
З-ин сабаб созад вузӯъ бо хуни дил,
Мустаҳаб бо оби чашм марди сабил.
Ҷомаро дон пӯсти худ андар бадан,
Обу хокат дон гунаҳ, бишнав сухан.
Ҳарфи “син”-ро мешумар саҷҷодае,
Беҳтарин саҷҷода дон, дилдодае.
Кун қироат ҳар чӣ хоҳи баъди он,
Ғайри он ёди Худо ёде мадон.
Ҳарфи “ҳе” бибошад дар шумор,
“Ҳе”-и ҳавваз мешумар зинҳор, ёр.
“Ҳе”-и ҳавваз “панҷ” бошад дар ҳисоб,
Ин ҳисоб аз вожаи “ҳавваз” биёб.
Сирри “панҷ” аз панҷ хаввосат биҷӯ,
Мардумонро ҳар сухан ҳар ҷо магӯ.
То тавонӣ бо дилат шин рӯ ба рӯ,
Бе забон бо қалби худ кун гуфтугӯ.
Одамиро қувваи ҳис “панҷ” дон,
Бо ту гӯям ин замон ҳар панҷи он.
Босира – як, ламс – ду, се – сомеъа,
Он машомат чору панҷум – зоиқа.
Ҳарфи “син”-ро шаст дон андар ҳисоб,
Ҷамъу тарҳу зарбу тақсим кун, биёб.
“Вов”-у “син” чун зарбу ҷамъ ҳар ҷо шавад,
Се саду шасту шашат пайдо шавад.
“Вов”-у “син”-ро зарб месозӣ агар,
Сесаду шастат барояд дар хабар.
“Син”-у “вов”-е зарбу “ҳе”-ро тарҳ кун,
Мешавад соли қамар пайдо кунун.
“Ҳе”-ву “син”-ро ҷамъ, “бе”-ро тарҳ соз,
Умри пайғамбар пайдо мебисоз.
Гар зи “вов”-е тарҳ сози “бе” бидон,
Чор унсурат барояд он замон.
Ҷабри ин арқом созӣ хубу бад,
Бас муаммоҳои нав пайдо шавад.
Ман нагуфтам то кунун саҷҷода чист?
Эй саросема, шитоб аз баҳри кист?
Синаро саҷҷода дон андар маҷоз,
Дил фақат битвонадат хонад намоз.
Он замоне, к-аз сари расму русум,
Мегузорӣ, созадат он роҳгум.
Эй махон ҳаргиз намозе ё азон,
Аз барои хештан ё мардумон.
Дар масоҷид бошу танҳо магузор,
Ҳар намозат аз барои Кирдугор.
Эй ба вақти хонданат ту бахш соз,
Ҷисми худ бо ин усул андар намоз.
Дил ба аршу тан аз они ҷойнамоз,
Зикри Ҳақ бояд намудан сарфароз.
Ҳар куҷое пои дил он ҷо расад,
Зикр бояд “қул ҳува-л-лоҳу аҳад”.
Рост мегуфт он абармарди ба ном,
Орифи вораставу воломақом.
Он муриди Шамси Табрезӣ зи Балх,
Бо сухан ширинкунанда коми талх.
Бо лақаб Румиву Мавлонои Рум,
Дар хабар донандаи асрори “қум!”.
Огаҳ аз “қум”-у “ана-л-ҳақ” дар ҷаҳон,
Баъди Мансуре набуд кас он замон.
Ҳамчу ӯву Шамсу Мансуре набуд,
Ҳеҷ кас огаҳ зи асрори “набуд”.
Ин “набуд” он “ло” шумар андар макон,
Ҳам макон ҷуз манзили “илло” мадон...
“Ишқи Ҷонон оташ асту оташ аст,
Сахт месӯзонад, аммо дилкаш аст.
Ишқи Ҷонон оташ асту ақл-дуд,
Оташ омад, даргурезад дуд зуд”.
Ин буд он чӣ ман баён кардам ба ту,
Кай биёбӣ з-ин муаммое накӯ.
Чун кушоӣ н муаммо баҳри худ,
Ботинат бинӣ ба чашми худ ту зуд.
Чун муайян шуд ба ту ойинавор,
Ботинат дар як замон бегонавор.
Менигар бо чашми дил, бо чашми сар,
Домани худро ба даст овар дигар.
Андар ҳушёр дар дайри муғон,
Бодае нӯшу бишав маст он замон.
Соғаре аз бодаи “ло” нӯш кун,
Маст шав дар манзили “илло” ҷунун.
Дар тариқат омадӣ аз худ гузар,
Дур бошад то ҳақиқат, бехабар.
Он ҳақиқат з-ин ҳақиқат фарқ кун,
Чун яке пеши дигар “кунфаякун”.
Ман нагуфтам ин тариқат чист, чист?
Ин тариқат, ин шариат баҳри кист?
Аз шариат маърифат омӯз, баъд
Дар тариқат андаро он гаҳ чу раъд.
Дар тариқат омадӣ ҳушёру маст,
Пардаҳоро мебидар аз сирри ҳаст.
Ҳастии ин ҷойиат ҷуз “ло” мадон,
Ломакони ҳастият “илло” мадон...
Гар натонӣ фаҳм кардан ин сухан,
Назди мардоне нишин дар анҷуман.
Эй, зи гарди домани мардон, ҷудо,
Гард гирди домани мардони Худо.
Гарчӣ гарди домане ҳоло наӣ,
Гард шав, бар домане шояд расӣ.
Домани мардони аҳли фаҳм гир,
Бар шиноси хештан ту саҳм гир.
Шав “шиносои вуҷуди хештан”,
Мешавӣ пас “сарфарози анҷуман”.
Ин сухан ҷони сухан бошад туро,
Ин сухан дар гӯши ҷонат ҷо намо...
Ҳамчу Абдулҳай намудам ман баён,
Шаммае аз лову илло дар ҷаҳон...
Хатм кардам, хатм Абдулҳай, кунун,
“Бас бикун, -омад нидое, -бас бикун!”.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2