•┈┈••✾️•┈┈••✾•🌿🌺🌿•✾••┈┈• •✾••┈┈•
40. ҲАРОИНА ШУМО МИСЛИ ЗАНҲОИ ЗАМОНИ ЮСУФ (а) ҲАСТЕД.
•┈┈••✾️•┈┈••✾•🌿🌺🌿•✾••┈┈• •✾••┈┈•
Чун бемории Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам шиддат ёфт, амр намуданд, ки барои намоз гузоридан баҳрашон муттакое дуруст намоянд, то бо кӯмаки он нишасту хез кунанд.
Ин ҳангом ҳазрати Билол(р) омад, то ин ки азони намозро бигӯяд. Паёмбари Худо аз таъсири он беморӣ, бисёр нотавон гашта буданд ва бо овози хаста гуфтанд:
-Ба Абубакр(р) расонед, то намози қавмро гузорад (яъне, пеш гузашта имоми намоз гардад). Модари мӯъминон Оиша (р) гуфт:
- Эй Паёмбари Худо Абубакр(р) мардест ниҳоят ҳассос ва дорои дили нарм. Вақти имоматӣ гиря мекунад ва мардум аз садои гиря қироаташро намешунаванд. Эй Паёмбари Худо, беҳтараш амр менамудед, ки Умар(р) имом шавад.
Паёмбари Худо баъд аз чанд лаҳза сухани аввалаашонро дубора такрор намуданд: «Бигӯед Абубакр-ро то намози мардумро бигузорад».
Оиша(р) ба хонуми дигари Паёмбар Ҳафса(р) гуфт, ки ба Паёмбар(с) бигӯй, ки ҳароина, Абубакр(р) марди ҳассос ва дорои дили нарм аст ва агар бо мардум намоз бигузорад, мардум аз шиддати гиряааш оятҳои Қуръонро намешунаванд. Аз ин рӯ беҳтар мебуд, ки барои имоматӣ Умар(р)-ро маъмур созанд.
Дар ҷавоби ин завҷаашон модарамон Ҳафса(р), Паёмбари Худо ба ғазаб омада гуфтанд:
- Ҳароина, шумо мисли занҳои замони Юсуф(а) ҳастед, бигӯед Абубакр-ро, ки намози мардумро бигузорад.
Чун Абубакри Сиддиқ(р) намозро шурӯъ кард, Паёмбари Худо дар худ сабукие дарёфт ва оҳиста-оҳиста роҳ рафта, ба масҷид даромад. Абубакр(р) омадани Паёмбарро ҳис карда аз ҷояш қафо рафт, Паёмбар(с) амр намуданд, ки дар ҷояш истад ва имоматиро идома диҳад, вале Сиддиқ(р) бошад як каме қафо омада, ба саф баробар шуданд.
Вақте қавм намозро бо имоматии Абубакр(р) гузориданд, Паёмбари Худо хитоб ба Абубакр(р) намуда гуфтанд:
- Эй Абубакр, вақте туро амр намудам, ки дар ҷоят биист, чӣ туро аз истодан дар пеши саф манъ кард?
Абубакри Сиддиқ (р) бо садои маҳин ва бо сари хам чунин гуфт:
- Ҳеҷ имкон надорад, ки Ибни Абуқуҳофа (Абубакри Сиддиқ (р)) дар пешорӯи Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам намоз гузорад.
📗Ал-Бухори 678-684-713.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев