ҷ) МУСОБИҚА КАРДАМ
Аз саховатманде пурсиданд?
- Чӣ гуна ин қадар бой шудӣ?
Саховатманд ҷавоб дод:
- Бо Худо (ҷ.ҷ.) мусобиқа кардам.
Дубора суол карданд?
- Чӣ гуна бо Худо (ҷ.ҷ.) мусобиқа кардӣ?
Саховатманд ҷавоб дод:
- Ӯ ба ман мол бахшиду ман ҳам ба дигарон бахшидам. Ӯ (ҷ.ҷ.) бардавом боз бахшиду ман ҳам ба дигарон бидодам.
Боз суол карданд, ки ;
- Баъд чӣ шуд?
Саховатманд:
- Магар Худовандро гузашта мешавад?
* Худованд (ҷ.ҷ.) дар оятҳои зерин фармудааст:
- Ба таҳқиқ, онон, ки китоби Худоро мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргизз зиён намекунанд (Сураи “Фотир” ояти 29).
Агар саховатмандӣ набошад, мол фоида надорад, агар вафо набошад, рафоқат хайре надорад (Аҳмад бин Қайс).
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев