Предыдущая публикация
Асаломуалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу дӯстонам Нақл аст, ки рӯзе шайтон обидеро ба болои қуллаи баланд бурд ва гуфт: Агар ту бандаи маҳбуби Худоӣ, аз ин баландӣ бипар, то Худо туро наҷот диҳад.
Обид ором - ором аз қулла поин ҳаракат кард.
Шайтон пурсид: Чи шуд? Ба Худоят эътимод надорӣ?
Обид гуфт: То замоне, ки метавонам аз тариқи ақлам оқибати кореро дарк намоям, Худоро имтиҳон намекунам. Чун Ӯ бузургтарин ёриашро, ки ақлоният аст, қаблан ба ман ҳадя намудааст.
Нуктаи ҷолиби матлаб ин аст, ки бузургтарин неъмати Худоро, ки ақл аст нодида мегирем ва дунболи муъҷизаи дигар ҳастем
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев