Предыдущая публикация
Рӯзе Шайх Тоҳир бин Ошур миёни ҳалқаи шогирдон нишаста ба онҳо аз Саҳеҳ Бухорӣ даср мегуфт, ки ногаҳон шахсе омад ва рӯбарӯи Шайх нишасту гуфт:
— Мардуми Ғарб ба Моҳу Мирих расиданд ва ту бошӣ ҳануз ин ҷо нишаста аҳодиси Бухориро шарҳ медиҳӣ?
Шайхт Тоҳир гуфт:
— Ин чи эроде дорад? Чи ҷои тааҷуб аст, ки махлуқе аз махлуқоти Худованд ба махлуқи дигараш расидааст? Вале мо ҳадафи бузургтаре дорем, мехоҳем ба худи Холиқ бирасем. Аммо оё медонӣ, ки дар ин миён фақат ту дармонда ва муфлисӣ? Чаро ки на бо онҳо ба Моҳ расидӣ ва на бо мо ба Худованд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев