🌙Лаънати Худо аст барои касоне ки рӯзаро бе узр мехуранд 🌙
✅ Аз ҳазрати ибни Аббос (Худо аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки:
«Расули Худо ﷺ (рӯзе) болои минбар баромад се маротиба омин гуфт ва сипас гуфт:
- Оё медонед, ки барои чи омин гуфтам?
- Саҳобагон гуфтанд: Худо ва Расулаш донотар ҳаст Паёмбар ﷺгуфт:
🔅Ҷибраил назди ман омаду ба ман хабар дода гуфт:
➊ Шахсе,ки дар назди ӯ номи ту эй Муҳаммад ﷺ гирифта шавад, вале он шахс ба ту салавот нафиристад пас дохили дузах шавад ва Аллоҳ ӯро (аз раҳматаш) дур кунад ва ҳалокаш кунад гуфт омин бигӯ пас ман омин гуфтам.
➋ Шахсе падару модарашро ё якеашро дар ҳаёт дошта бошад, вале ба онҳо некӣ накунад ва дохили дузах шавад Аллоҳ (чунин шахсро) аз (раҳматаш) дур созад ва ҳалокаш кунад ба ман гуфт омин бигӯ гуфтам омин.
➌ Ва шахсе моҳи Рамазонро дарёбад, вале (амали солеҳ накунад то ки) Худо ӯро биёмурзад ва дохили дузах шавад Аллоҳ чунин шахсро (аз раҳматаш) дур созад ба ман гуфт омин бигӯ гуфтам омин».
✍🏻 Дар ин ҳадиси муборака ваъид ва сарзаниши сахте ҳаст ба се тоифа инсонҳо ки яке аз онҳо касе аст ки моҳи рамазонро дарёбад, вале рӯзаи онро намегирад ва амали солеҳ намекунад ва Рамазон тамом мешаваду аммо он шахс ғарқи гуноҳ ҳаст Аллоҳ ӯро аз раҳматаш бенасиб ва дур созад чунин дуои ҷибраилро Паёмбар омин гуфтаанд.
❗️Пас бародар ва хоҳари исломӣ!
✍🏻Худро гирифтори дуои Паёмбар нагардону мавриди ғазаби Худо нашав!
✍🏻Рӯзаи моҳи рамазонро бигир то гуноҳонат бахшида шаванд!
✅ Аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят ки Расули Худо ﷺ фармудаанд:
«Шахсе як рӯз рӯзаи рамазонро бихӯрад, агар тамоми вақт рӯза
дорад (фазилати як рӯза рӯзаи рамазонро) ба даст немеорад»
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев