Асаломуалайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу дӯстонам Пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад Мустафо салаллоҳу алайҳи васалам фармудаанд: "Марде ба дидори яке аз бародарони динияш ба деҳаи дигаре рафт. Худованд бар сари роҳи ӯ фариштаеро мунтазир гузошт ва вақте ки ӯ ба назди фаришта расид, фаришта ба вай гуфт: Мехоҳӣ куҷо биравӣ?
Мард гуфт: Ба дидори бародари диниям ба ин деҳа.
Гуфт: Оё ту назди он кас мол ё неъмате дорӣ, ки ба воситаи ӯ онро афзоиш диҳӣ (ё ҳоҷате ба вай дорӣ)?
Гуфт: На, фақат барои ризои Худо ӯро дӯст дорам.
Фаришта гуфт: Пас ман аз тарафи Худо ба сӯйи ту фиристода шудаам ва вазифадорам, ки (ба ту бигуям): Худованд низ туро дӯст медорад ҳамон тавре ки тӯ бародаратро ба хотири Ӯ дӯст медорӣ.
Саҳеҳ Муслим
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев