Дарҳол садое аз кӯҳ шунид, ки мегуфт: оҳҳ.
Писарак бо кунҷковӣ фарёд зад: ту кистӣ? Аммо посух боз ҳамон буд, ки мегуфт: ту кистӣ?
Ин моҷаро ӯро асабонӣ карда боз фарёд зада гуфт: эй тарсончак. Посухи кўҳ ҳам чунин буд: эй тарсончак.
Писарак, ки бисёр дар тааҷҷуб афтода буд, ба падараш нигоҳ карду гуфт: падарҷон, чӣ иттифоқе аст инҷо?. Падар лабханде заду фарёд кард: офарин ба ту. Кӯҳ садо дод: офарин ба ту. Падар боз фарёд зада гуфт: ту беҳтаринӣ. Посухи кӯҳ ҳам ҷуз ин набуд, ки гуфт: ту беҳтаринӣ. Писараки дар тааҷҷубафтода ҳанӯзам нафаҳмида буд, ки инҷо чӣ хабар аст.
Падар ин иттифоқро барояш ингуна тавзеҳ намуд: мардум ин падидаро садои кӯҳ мегўянд, аммо дар ҳақиқат ин «зиндагӣ» аст. Ҳар чиро, ки ба зиндагӣ бидиҳӣ, ба ту бармегардонад.
Зиндагӣ оинаи аъмоли корҳои нек ва бади туст.
Агар ишқи бештаре мехоҳӣ, ишқи бештаре бидеҳ.
Агар меҳрубонии бештар мехоҳӣ, бештар меҳрубон бош.
Агар эҳтиром ва бузургӣ мехоҳӣ, инро дарк кун ва эҳтиром бигзор.
Агар мехоҳӣ мардум нисбати ту муаддаб бошанд, адаб дошта бош.
Ба ҳар кас хубӣ кунӣ, дар ҳаққи ту хубӣ хоҳад шуд.
Ба ҳар касе бадӣ кунӣ, ба ту бадӣ хоҳад шуд.
Зиндагии ту ҳосили як тосодуф нест, балки оинае аст, ки инъикоси корҳои худатро ба ту бармегардонад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев