РОЗИГИИ ПАДАРУ МОДАР
Овардаанд, ки дар рӯзгори Расул (с) ҷавоне буд номи ӯ Алқама. Аҷаб порсо буд ва тоату хайроти бисёр кардӣ. Рӯзе бемор шуд. Дар ҳолати назъ қарор дошт. Модараш пеши Расул (с) кас фиристод, ки Алқама дар ҳолати назъ аст, мехоҳам Расул (с ) аз вай бохабар бошанд. Расул (с) Салмони Форс ва Билол Ҳабаширо фиристода гуфтанд бубинед, ки ҳоли Алқама чун аст? Чун эшон бар пеши Алқама даромаданд: диданд ки ӯ дар сакароти мавт аст. Ҳарду бигуфтанд: Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ. Алқама ҳарчанд кард забони ӯ ба гуфтани ин калима нагашт. Эшон ин ҳолро дида, ба ҳазрати Расул (с) омада гуфт, ки забони Алқама ба гуфтани калима намегардад. Расул (с) фармуданд, ки эй Билол, бирав ба модари Алқама бигӯй, ки Расули Худо бар ту салом расонид ва гуфт агар метавонад омадан зуд биёяд ва агар наметавонад ман пеши ӯ равам. Билол пайғоми Расули Худоро ба модари Алқама расонид. Модари Алқама гуфт: Агар ҳазор ҷон дошта бошам, фидои пайғоми Расули Худо бод. Дарҳол бархоста биёмад. Расул (с) аз модари Алқама пурсиданд, ки рост бигуй, ки аз фарзанди худ розӣ ҳастӣ? Модари Алқама гуфт: Аз вай рози нестам. Расул (с) пурсиданд, ки чаро аз вай розӣ нестӣ? Гуфт: Аз барои он ки зани худро аз ман беҳтар медонад ва зани ӯ дилозорӣ мекунад. Расул (с) рӯй ба асҳоб карданд ва гуфтанд: Эй ёрон бидонед, ки агар падару модар аз фарзанд розӣ набошад, дар дами охир забонаш ба гуфтани калима нагардад. Расул (с) фармуданд, ки эй модари Алқама, аз фарзандат розӣ бош, ки аз ҷиҳати розӣ набудани ту забонаш ба калима овардан намегардад. Модари Алқама гуфт: Ҳаргиз аз ӯ рози нестам ва гуноҳашро афв накунам, ки манро бисёр озор додааст. Расул (с) фармуданд, ки эй ёрони ман, ҳезум ҷамъ созед то Алқамаро зинда бисузонем ӯ аз оташи он ҷаҳон озод бошад. Тамоми саҳобаҳо бархоста ҳезуми бисёр ҷамъ карданд. Чун модари Алқама ин ҳолро бидид, дарҳол сар пеши қадами Расул (с) ниҳоду гуфт: Ин фарзанди ҷигаргӯшаи маро хоҳӣ сӯхт, маро дил куҷо шавад, ки ӯро бисӯзед. Расул (с) фармуданд, ки эй модари Алқама азоби Худои таъоло ва оташи Дӯзах аз ин ҳам сахттар аст. Агар мехоҳӣ фарзандат аз ин азобҳо халос шавад аз ӯ рози шав. Ҳеҷ тоату ибодат ёрӣ нахоҳад кард, магар он ки ту аз вай розӣ бошӣ. Гуфт: Ë Расулаллоҳ, шумо гувоҳ бошед, ки ман аз вай розӣ шудам ва ӯро пиҳил кардам. Баъд аз он Расул (с) фармуданд, ки ё Билол Алқамаро калима арза кун. Бубин, ки забонаш ба калима гуфтан мегардад ё на? Билол чун ба хонаи Алқама расид, шунид ки ӯ калимаи Шаҳодат мегуфт. Чун пеши ӯ даромад Алқама ба дӯстони худ мегуфт, ки аз нохушнудии модарам буд, ки забонам намегашт. Онгоҳ калима арза кард ва ҷон ба ҳақ таслим кард. Баъд аз он Расул (с) фармуданд, ки ҳар касе зани худро бар модар муқаддам дораду меҳнат расонаду дар дами марг беэмон равад ҷои ӯ дар Дӯзах бошад. Ҳар дуои модарони дилкабоб, Дар ҳаққи фарзанд гардад мустаҷоб. Дар ҳадиси Мустафо (с.а.в.) дидам навишт, Дар қудуми Модарон бошад биҳишт. Ба қадри падару модар бирасед, садқаи хоки модарон мешавам.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев