Шӯрои Аврупо дар изҳороти эълонкардаи зиддиэронӣ таҳримҳои қаблан вокунишёфтаи Аврупо нисбат ба Эронро аз нав ба кор даровард.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар як иқдоми душманона алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шӯрои Аврупо як қатор тадобири маҳдудкунандаи марбут ба фаъолиятҳои ҳастаии Эронро, ки дар соли 2015 мутаваққиф шуда буд, дубора ҷорӣ кард.
Ба қавли Шӯрои Аврупо, ин қарор пас аз бозгардонидани ғайриқонунии таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид, пас аз қарори Шӯрои Амнияти СММ дар бораи тавзеҳ надодани бекор кардани таҳримҳо зидди Эрон, қабул шудааст.
Дар изҳороти ин шӯро омадааст, ки чорабиниҳои имрӯз чизҳоеро дар бар мегирад, ки аз соли 2006 аз ҷониби Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо қарориҳои пай дар пай қабул шуда ва ба таври худкор ба қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо гузаронида шудаанд. Ҳамчунин чорабиниҳои мустақили Иттиҳодияи Аврупоро низ дар бар мегирад. https://tajikpress.com/2025/09/29/%d1%88%d3%af%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d1%80%d1%83%d0%bf%d0%be-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d1%80%d0%b8%d0%bc%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%bf%d0%b5%d1%88%d0%b8%d0%bd%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd%d1%80%d0%be/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев