Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Амири Қатар гуфт муносибатҳои ду кишвар бо дар назар доштани манфиатҳои муштарак пайваста густариш меёбанд.
Ба гузориши манбаъ:
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дидору мулоқот намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Президенти кишвар дар ин дидор изҳор дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Қатар бо дар назар доштани манфиатҳои муштарак ва бар асоси усули дӯстиву бародарӣ пайваста густариш меёбанд.
Роҳбарони ду кишвар қайд карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ таҳкими бештари робитаҳои сиёсӣ миёни кишварҳо зарур мебошанд. https://tajikpress.com/2025/09/17/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d1%80%d0%b0%d1%81%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d0%b7%d0%be%d0%b8-%d0%bc%d0%b8%d0%bd%d1%82%d0%b0%d2%9b%d0%b0-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d2%b3/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев