Як расонаи арабӣ бо ишора ба ин ки триллионҳо доллар тӯҳфаи кишварҳои арабӣ ба Амрико ва Трамп натавонистанд барои ин кишварҳо амният эҷод кунанд, таъкид кард: Баъд аз ҳамлаи Исроил ба Қатар фазои амнияти арабҳо тағйир ёфтааст ва бояд ба фикри як муодилаи нав муқобили Вашингтон бошанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар идомаи таҳлилҳои расонаҳо ва маҳфилҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар бораи таҷовузи террористии режими Исроил ба хоки Қатар ва аҳаммияту оқибатҳои он, сомонаи қатарии “Ал-Араби ал-Ҷадид” дар мақолае ба қалами Марван Каблан, мудири воҳиди омӯзишҳои сиёсӣ дар Маркази арабӣ барои омӯзишҳо ва таҳқиқоти сиёсӣ, ба тағйири фазои амнияти кишварҳои арабӣ баъд аз ин воқеа пардохтааст.
Ҳамлаи Исроил ба Қатар бо огоҳии қаблӣ аз Амрико анҷом шуд
Ошкор аст, ки наметавон бовар кард, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз ҳамлаи террористии Исроил ба қароргоҳи ҳайати музокиракунандаи ҳаракати Ҳамас дар Доҳа аз пеш огоҳӣ надоштааст ва аз назари мантиқӣ, дуруст намеояд, ки Исроил қароре дар минтақа гирад ва ба Амрико, ки бузургтарин ҳомиву муттаҳид он аст ва аз аввал низ дар ҷанги Ғазза иштироки мустақим доштааст, огоҳӣ надиҳад. https://tajikpress.com/2025/09/15/5706-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d2%9b%d0%b0%d1%82%d0%b0%d1%80/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев