ҳолу ҳавои пур аз ҳамбастагии ошуроӣ
Дар ин гузориш, ба баррасии ҳолу ҳавои Эрон пас аз ҷанг, нақши фарҳанги Ошуро дар қувват додани руҳияи мардум ва таҳлили чигунагии таҳдидҳо ба фурсатҳои ҳамбастагии миллӣ пардохта мешавад.
Ба гузориши ТоҷикПресс, пас аз ҷанги ахир миёни Эрон ва эътилофи Исроил ва Амрико, ҷомеаи Эрон бо вуҷуди зарарҳои иқтисодӣ, низомӣ ва инсонӣ, шоҳиди баландшавии беҳамтои сатҳи ҳамбастагии миллӣ ва руҳияи муқовимат шуд. Ин ҳамбастагӣ реша дар боварҳои амиқи мазҳабӣ ва фарҳанги Ошуроӣ дорад, ки дар давоми қарнҳо дар ҷону дили мардуми Эрон реша доштааст.
Дар ин гузориш, ба баррасии ҳолу ҳавои Эрон пас аз ҷанг, нақши фарҳанги Ошуро дар қувват додани руҳияи мардум ва таҳлили чигунагии таҳдидҳо ба фурсатҳои ҳамбастагии миллӣ пардохта мешавад.
Вазъияти Эрон пас аз ҷанг: Ҷанге ки боварҳоро ба ҳам пайваст
Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввал пас аз оғози ҷанг, Эрон бо шароити сахт ва мураккабе рӯ ба рӯ шуд. Аммо он чизе ки бештар аз ҳама, таваҷҷуҳи нозирони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб кард, вокуниши якпарча ва ҳамдилонаи мардуми Эрон буд. Ҳол он ки аксари кишварҳо дар замони ҷанг, бо шикофҳои иҷтимоӣ ва ихтилофҳои қавмӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ мешаванд, Эрон аммо аз нигоҳи иҷтимоӣ яке аз намунаҳои ошкори иттиҳод ва ҳамбастагиро намоиш дод. https://tajikpress.com/2025/07/05/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%bf%d0%b0%d1%81-%d0%b0%d0%b7-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3-%d0%b1%d0%be-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b2%d0%b0-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d2%b3%d0%be/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев